Таҷлили рӯзи модар дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
7-уми марти соли ҷорӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар чорабинии идона баргузор гардид.
Сараввал Икром Субҳонзода-директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм иштирокдоронро ба муносибати ҷашни зебои баҳор ва Рӯзи модар муборакбод намуда, ҳамзамон, изҳор дошт, ки Модар-рамзи меҳру муҳаббати инсонӣ, зебоӣ, меҳру сафою вафо, идомабахши насли инсон, тарбиятгари насли ояндасози ҷомеа буда, дар қалб ва вуҷуди фарзандон меҳру муҳаббати ватандорию ватандӯстӣ, одобу маънавиёти инсонӣ, эҳсоси беназири худогоҳию худшиносӣ, ҳисси дӯстории ин Ватани биҳиштонсо, арҷ гузоштан ба арзишҳои неки инсониро парвариш менамояд.
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
28-уми феврвли соли ҷорӣ, таҳти раёсати директори Агентӣ - Икром Субҳонзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагон аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки дар сохторашон муассисаи таълимӣ доштанд, муассисаҳои таълимии зинаи таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ иштирок намуданд.
Баргузории чорабинии тантанавӣ дар мавзуи “Паём раҳнамои рушди маориф” ва таҷлили иди артиши миллӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
31-уми январи соли ҷорӣ, таҳти раёсати директори Агентӣ - Икром Субҳонзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагон аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки дар сохторашон муассисаи таълимӣ доштанд, муассисаҳои таълимии зинаи таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, муассисаҳои сохтории Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Баргузории маҷлиси ҷамъбастӣ дар ташкилоти ибтидоии «Пайрав» ҲХДТ-и, ноҳияи Шоҳмансур дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат
Санаи 30-юми январи соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Пайрав”-и Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Мирзозода Иброҳим - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Нилуфар - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Наботов Шукрулло Сафарович- муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Субҳонзода Икром Субҳон - Раиси ташкилоти ибтидоии «Пайрав» ҲХДТ-и ноҳияи Шоҳмансур, аъзои ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии мазкур маҷлиси ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 бо садо додани Суруди миллӣ баргузор шуд.
Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 23.12.2022 ироа гардида буд, ҷаласа баргузор гардид.
Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Агентӣ
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати директори Агентӣ - Субҳонзода Икром баргузор гардид, ки дар он аъзои мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, минтақавӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.
Зодрӯзи муаллимаи гиромӣ, сиёсатмадор, зани оқилу тавоно мубораку хуҷаста бод!
Санаи 3-юми январ муаллимаи гиромӣ, шахсияти заминию самими, инсони нексиришту адолатпарвар, сиёсатмадори сатхи оли, пайрави сиёсатозмудаи падар, Озода Раҳмон зодрӯз доранд.
Роҳбарият ва ҳайати кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳолу сарфароз аз он ҳастанд, ки Шумо низ аз шумули кадрҳои тавоною кордон ва миллатдӯсти Ватан ҳастед, ки имрӯз бо завқу салиқаи баланд ва ифтихори миллӣ паи адои хизмати софдилона барои рушди нумуи ватани маҳбубамон, ки онро ном Тоҷикистон аст талошу корнамоӣ мекунед.
Ҷаласаи ҳайати мушовараи навбатии Агентӣ
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати директори Агентӣ - Субҳонзода Икром баргузор гардид, ки дар он аъзои мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, минтақавӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.
Муфассал...
Пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат
Дастгирии маъюбону ниёзмандон яке аз самтҳои иҷтимоии сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии ниёзмандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.
Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
Тамошои дастаҷамъонаи Паём
Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таҷлили Рӯзи Парчам миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентӣ
Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазавор ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Субҳонзода Икром – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки Мирзозода Иброҳим- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар бораи мо
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126
E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35
Раёсатҳо
- Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ
- Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
- Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон
- Раёсати назорати давлатии илм, инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ