Дар ҷаласаи мазкур 27 масъала, аз ҷумла, натиҷаи аттестатсияи давлатӣ, натиҷаи аккредитатсияи давлатӣ, ташхиси иҷозатномадиҳӣ, тасдиқи қарорҳои шурои раёсати минтақавии Агентӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.
Дар рафти баррасии масъалаҳои зикргардида директори Агентӣ - Икром Субҳонзода ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, назорати иҷрои пурраи барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, норасогии омӯзгорон ва китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таъмин ва иҷрои барномаҳои давлатии қабулшуда ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Пас аз муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа бо назардошти пешниҳоду тавсия ва эродҳои гирифташуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.