Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи навбатии мазкур 26 масъала мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд:
5-масъалаи натиҷаи аттестатсияи давлатӣ;
1-масъалаи натиҷаи аккредитатсияи давлатӣ;
5-масъалаи ташхиси иҷозатномадиҳӣ;
4-масъалаи санҷиши сатҳи сифати муассисаҳои таълимӣ;
3-масъалаи тасдиқи қарорҳои Агентӣ;
8-масъалаи тасдиқи қарорҳои шурои шуъбаю раёсатҳои минтақавии Агентӣ.
Инчунин, дар кори ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентӣ Сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз дипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистн Мирзозода Наврӯз, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Бурҳониддин иштирок доштанд.
Дар рафти баррасии масъалаҳои зикргардида директори Агентӣ - Субҳонзода Икром ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, назорати иҷрои пурраи барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот, бартараф намудани норасоии омӯзгорон ва китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таъмини иҷрои барномаҳои давлатии қабулшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххасу судманд дод.
Пас аз муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа бо назардошти пешниҳоду тавсия ва эродҳои гирифташуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.