Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ ҳамчун ҷузъи сохтории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2020, №1557 таъсис ёфтааст.
Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ дар нақшаи идоракунии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, сиёсати ягонаи назорати давлатиро дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии дар фаъолияти бо раёсату шуъба ва бахшҳои агентдар вилояту шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумии мақоми ҷумҳуриявидошта (литсейу гимназия ва мактабҳои Президентӣ барои хонандагони болаёқату муассисаҳои таҳсилоти умумии сохторӣ, мактаб-интернатҳо ва боғчаҳои хусуси), муассисони муассисаҳои ғайридавлатии таҳсилоти умумӣ ҳамкорӣ намуда, дар ҳолати зарурӣ барои пешрафти кор оид ба иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи ҳама намуд муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ амалӣ намуда, дар фаъолияти худ ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ бо мақсади амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатии назорат дар соҳаи маориф, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми ҷумҳуриявидошта (литсейу гимназия ва мактабҳои Президентӣ барои хонандагони болаёқату муассисаҳои таҳсилоти умумии сохторӣ, мактаб-интернатҳо ва боғчаҳои хусуси), муассисони муассисаҳои ғайридавлатии таҳсилоти умумӣ назорат карда, ҳамзамон дар раванди банақшагирӣ ба ташкили ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши тарбиятгирандагон, хонандагон ва дигар самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ баҳо медиҳад.
Ваколатҳои асосии Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ иборатанд аз:
-иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми ҷумҳуриявидошта ва хусусиро назорат менамояд;
-ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми ҷумҳуриявидошта ва хусуси пешниҳод манзур менамояд;
-тибқи нақша аттестатсия, аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми ҷумҳуриявидошта ва хусусиро мегузаронад;
-дар асоси қарори мушовараи Агентӣ баъд аз ба расмият даровардани он бо фармоиши директори Агентӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми ҷумҳуриявидошта ва хусусиро иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолият ва шаҳодатномаи аккредитатсионӣ дар бораи мутобиқати мақоми муассиса медиҳад;
- Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагиро сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз тарафи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
Тибқи басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии маъмурии хизмати давлатӣ Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ дорои як воҳиди кории сардори раёсат, 2 сармутахассис, 3 мутахассиси пешбар ва 1 мутахассис мебошад, ки аз тарафи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
Саидзода Аҳмадшо Раҳматшо – сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ
Мирзоев Роҳат Раҳматович - сармутахассиси раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ
Фозилбекова Гулсара Абдураҳмоновна - сармутахассиси раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ
Мирзоалиев Эмомалӣ Шералиевич – мутахассисӣ пешбари раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ
Ҳафизова Саида Саидҷоновна - мутахассисӣ пешбари раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ
Шарофуддинзода Ҳамзаалӣ Сафомуддин - мутахассисӣ пешбари раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ
Сафарзода Фазлиддин Сафар - мутахассисии раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ
Маҳалли ҷойгиршавии Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ 126 утоқи 13 ва 23 мебошад.
- Матлабҳои рӯз
-
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ МОСТ»
-
ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
-
ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
-
САРФАРОЗГАРДОНИИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ
-
Ҷамъбастӣ фаъолияти кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2024
-
Кӯмак ба ниёзмандон аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон