wrapper

   Ҷиҳати амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) барои давраи семоҳаи аввали соли 2023 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, сардорони раёсат, мудирони бахши дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ ва намоядаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-полконики адлия, Назриён Васлибек вохӯрии судман баргузор гардид.

  Имрӯз дар саҳни бинои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии Наврӯзи байналмилалии намояндагони сохторҳои Вазорати маориф ва илм, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои дасгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ иштирок доштанд.

 7-уми марти соли ҷорӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар чорабинии идона баргузор гардид.

 Сараввал Икром Субҳонзода-директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм иштирокдоронро ба муносибати ҷашни зебои баҳор ва Рӯзи модар муборакбод намуда, ҳамзамон, изҳор дошт, ки Модар-рамзи меҳру муҳаббати инсонӣ, зебоӣ, меҳру сафою вафо, идомабахши насли инсон, тарбиятгари насли ояндасози ҷомеа буда, дар қалб ва вуҷуди фарзандон меҳру муҳаббати ватандорию ватандӯстӣ, одобу маънавиёти инсонӣ, эҳсоси беназири худогоҳию худшиносӣ, ҳисси дӯстории ин Ватани биҳиштонсо, арҷ гузоштан ба арзишҳои неки инсониро парвариш менамояд. 

   28-уми феврвли соли ҷорӣ, таҳти раёсати директори Агентӣ - Икром Субҳонзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагон аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки дар сохторашон муассисаи таълимӣ доштанд, муассисаҳои таълимии зинаи таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ иштирок намуданд.

    Дар толори Агентӣ чорабини дар мавзӯъи “Паём роҳнамои рушди маориф” ва таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ баргузор гардид.
  Дар он Субҳонзода Икром-директори Агентӣ, Содиқӣ Насиба Нуруллозода-Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидзода Иззатулло Ҳабибулло директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Агентӣ иштирок намуданд.
   Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо  оид ба ҷамъбасти соли 2022 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти 2005, №АП-1677 дар толори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 феврали соли ҷорӣ нишасти матбуотии Агентӣ бо иштироки роҳбарият, ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъба, бахшҳои Агентӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

  31-уми январи соли ҷорӣ, таҳти раёсати директори Агентӣ - Икром Субҳонзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати  мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагон аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки дар сохторашон муассисаи таълимӣ доштанд, муассисаҳои таълимии зинаи таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, муассисаҳои сохтории Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

  Санаи 30-юми январи соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Пайрав”-и Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Мирзозода Иброҳим - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Нилуфар - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Наботов Шукрулло  Сафарович- муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Субҳонзода Икром Субҳон - Раиси  ташкилоти ибтидоии «Пайрав» ҲХДТ-и ноҳияи Шоҳмансур, аъзои ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии мазкур маҷлиси ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022  ва вазифаҳо барои соли 2023  бо садо додани Суруди миллӣ баргузор шуд. 

    Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 23.12.2022 ироа гардида буд, ҷаласа баргузор гардид.

   Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати директори Агентӣ - Субҳонзода Икром баргузор гардид, ки дар он аъзои мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, минтақавӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.

Page 4 of 9

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35  

Copyright © 2025 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. All Rights Reserved. Designed by IBlove