wrapper

  Имрӯз дар саҳни бинои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии Наврӯзи байналмилалии намояндагони сохторҳои Вазорати маориф ва илм, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои дасгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ иштирок доштанд.

  Нахуст директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамроҳии меҳмонон ва сардорони раёсату шуъбаҳо Агентӣ аз намоиши ҳунарҳои миллӣ ва ороиши дастархони идона боздид намуда, ба омодагии ҷашнии кормандон баҳои баланд доданд.

  Дар идомаи чорабинӣ директори Агентӣ ҳозиринро ба Иди  байналмилалии  Наврӯз табрику муборакбод намуда, таъкид кард, ки Наврӯз бо омадани  худ ба табиати Ватани биҳиштосо таровати тоза, ба хонадон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили мардум шодию сурур, ба хонадони ҳар яки мо хушҳолию саодати рӯзгорро ҳадя менамояд.

  Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор роҳбарони сохторҳои Вазорати маориф ва илм барои саҳмгузорӣ дар рушду нумуи илму маориф "Сипоснома" ва ба кормандони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ "Ифтихорнома" тақдим карда шуд.

   Наврӯз байналмилалӣ бо чорабинии фарҳангӣ омодашудаи ҳунармандон дар сатҳи баланди идона ҷашн гирифта шуд.

.

 

 

 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35