Хабарҳо

- Шанбе, 09 Август 2025
ТОЗАЮ ОЗОА НИГОҲ ДОШТАНИ ҲАР ЯК ГӮШАИ ВАТАН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!
ТОЗАЮ ОЗОА НИГОҲ ДОШТАНИ ҲАР ЯК ГӮШАИ ВАТАН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!
Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари Дасгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм рӯзи 9 августи соли 2025 бо иштироки роҳбарият кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар дохил ва саҳни сохтмони бинои маъмурии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм корҳои ободонию тозагӣ гузаронида шуд.

- Шанбе, 09 Август 2025
БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД
БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд» ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ бо мақсади иҷрои банди 6 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2025, №2 вохӯрии роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд бо иштироки директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, сардори раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд Оқилзода Акмал Аҳмад, сардори шуъбаи Агентӣ дар минтақаи Зарафшон Хуҷамиров Шаҳобиддин, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят сарпарастони соҳа, кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати он дар вилояти Суғд, сардори раёсати маорифи вилоят, сардорону мудирони шуъбаҳои маориф шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии вилоят баргузор гардид.
Ҷаласаро директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо мақсади вохурӣ шинос намуда, дар якҷоягӣ рузномаи вохӯриро тасдиқ намуданд. Зимни сухаронии худ директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм – Саидзода Муҳаммадтоҳир қайд намуд, ки имрӯз низоми таҳсилот ба яке аз тарзҳои истеҳсолоти сармояи инсонӣ табдил ёфтааст, ки ҷузъи муҳими таркибии он иқтидори зеҳнии ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар даврони муосир нақши омили инсонӣ сол то сол муҳим арзёбӣ гардида, на танҳо ба рушди иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ мусоидат мекунад, балки дар марҳилаи нави рушди башарият ҳамчун қувваи асосии пешбаранда муайян карда шудааст, ки рушди иҷтимоиро таъмин менамояд. Низоми таҳсилот – ояндаи насли инсон мебошад. Низоми таҳсилот – омили муҳими муносибати самимона ва инсонгароӣ дар ҷомеа ба шумор рафта, ҳаракати тамаддунро ба самти озодии комили инсон равона месозад. Дониш неруи асосии одамони босавод, бомаърифат маҳсуб ёфта, ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро амалӣ ва суръати рушди онро дар тамоми самтҳо таъмин менамояд. Пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад. Бесабаб дар Тоҷикистон рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашудааст. Зеро таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи иқтисодиёту сиёсат ва иҷтимоиёту фарҳанг аз омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад. Қайд намуданд, ки илму маориф дар сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода шудааст. Зеро Президенти кишвар таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар ва пайвастани илм бо истеҳсолотро ба унвони роҳи асосии раҳоӣ аз бунбаст ва расидан ба ҳадафҳои бузурги оянда муаррифӣ намудаанд. Иброз доштанд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бахусус Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, баҳри рушди соҳа ва ҳамқадами замона гардонидани он тамоми тадбирҳоро амалӣ намудаистодааст.
Дар идома, Оқилзода Акмал сардори раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ва Хуҷамиров Шаҳобиддин сардори шуъбаи Агентӣ дар минтақаи Зарафшон оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи вилояти Суғд, ҳолати кунунии рушди соҳа, дурнамои он, кабудиҳои ҷойдошта, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омилҳои таъсиррасони он, сифат ва самаранокии фаъолияти таълимиву тарбиявии муассисаҳои таълимии вилояти Суғдро дар давраи сипаригардидаи соли 2025 баромад намуданд. Баъдан муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ба сухан баромада аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ташкили вохӯрӣ ва пиёда кардани сиёсати давлату Ҳукумат дар соҳаи маъориф ба роҳбарияти Агентӣ изҳори сипос намуданд. Ҳамчунин сардори раёсати маорифи вилоят Мирзозода Гулсара низ баромад намуд.
Дар ҷамъбаст, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид ҳамаи иштирокчиёни вохӯриро бо фаро расидани оғози соли таҳсил ва ҷашни муқадасси миллӣ Истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона шодбош намуда, бо итминон иброз дошт, ки аҳли маориф ва ҷомеаи кишвар махсусан маорифи вилояти Суғд бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии хеш саҳми арзанда мегузоранд.
Муфассал...
- Панҷшанбе, 07 Август 2025
БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТЕБЕИ МАРКАЗ
БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТЕБЕИ МАРКАЗ
Рӯзи 5 августи соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои банди 6 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2025, №2 вохӯрии роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бо иштироки директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид, муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқзода Хурсанд, иҷрокунандаи мансаби сардори шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Ҳисор Шарипов Баҳром, сардори шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт Баҳронзода Қудратулло, сармутахассиси шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Ҳисор Тағдиров Тағдиршо, муовини раисони шаҳрҳу ноҳияҳои Турсунзода, Роғун, Ҳисор, Рудакӣ, Рашт, Нуробод, Лахш, Сангвор, сарпарастони соҳа, кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии буҷетии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид.
Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид баъд аз садо додани суруди миллӣ вохӯриро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо мақсади вохурӣ шинос намуд. Директори Агентӣ Саидзода Муҳаммадтоҳир зимни ифтитоҳи вохӯрӣ иброз доштанд, ки бо ҳидояти роҳбари бохиради кишвар маориф ҳамчун соҳаи сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои ислоҳоту рушди он аз рӯзҳои аввали истиқлолият пайваста таваҷҷӯҳ ва ғамхории хоса зоҳир гардид.
Масъалаи маориф чун рукни муҳими сиёсати давлат буда, ҳолат, рушд, натиҷа ва фаъолияти он аз омилҳои зиёд вобаста мебошад. Аз ин рӯ, давлату ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ин равандро муттасил идома медиҳад. Агар ба рушди ин соҳаи ҳаётан муҳими иҷтимоӣ бо дидаи таҳқиқу таҳлил назар кунем, мебинем, ки тамоми раванди рушду инкишоф ва ташаккулу таҳаввули соҳаи маориф дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо сиёсати маорифпарварона ва хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад.
Ин шахсияти нотакрори таърихӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои сиёсати давлатдории худро ба рушди соҳаи маориф, беҳтар гардондани вазъи муассисаҳои таълимӣ, беҳтарсозии сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва устувор гардондани мақоми омӯзгор дар ҷомеа равона сохтааст. Маҳз чунин дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ин соҳаи тақдирсоз буд, ки аҳли маорифи мамлакат дар атрофи сиёсати созандаву бунёдкорона ва маорифпарваронаи ӯ муттаҳид гардида, дар татбиқи афкору андешаҳои волову созандаи Пешвои миллати хеш саҳму нақши назарраси худро гузошта истодаанд.
Президенти мамлакат ҳамасола дар оғози соли хониш – якуми сентябр, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, бо аҳли илму маорифи мамлакат ва хонандагону донишҷӯён мулоқот ороста, вазъи соҳа ва раванди таълиму тарбияро мавриди таҳлил қарор дода, дар ин росто, ба масъулон дастуру ҳидоятҳои тозаро ироа менамоянд.
Мактабу маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.
Дар назди ҳар яки мо кормандони соҳаи маориф имрӯз вазифаҳои ниҳоят муҳим, пеш аз ҳама баланд бардоштани сифати таълим, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон, инчунин ба шароити замона мутобиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи таълим дар ҳамаи муассисаҳои соҳа қарор доранд. Вазифаи муҳимтарини мо ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят шахсияте мебошад, ки қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад.
Дар идомаи вохӯрӣ сармутахассиси шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Ҳисор Тағдиров Тағдиршо оид ба вазъи иброз дошт, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 6 ҷаласаи шуро баргузор карда шуд, ки дар онҳо натиҷаи аттестатсияи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбат ба фаъолияти минбаъдаи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, қарорҳои қабулшуда дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Агентӣ тасдиқ гардидаанд.
Дар натиҷа,
98-аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд, ки аз ин нишондод:
-муассисаи таҳсилоти иловагӣ-1 адад;
-муассисаҳои таълимии томактабӣ-3 адад;
-муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоӣ-14 адад;
-муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ-10 адад;
-муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ-70 адад.
Айни замон, дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Ҳисор теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 603 адад, муассисаҳои умумии асосӣ 99 адад, муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоӣ 42 адад, муассисаҳои томактабӣ 57 адад, Маркази (гурӯҳи) инкишофи барвақтии кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ 661 ададро ташкил медиҳанд.
Натиҷаи аттестатсияи давлатии гузаронидашуда маълум намуд, ки дар самти ташхиси ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи фаъолияти муассисаи таълимӣ, аз қабили Оиннома, асноди меъёрӣ, сол ва асоси таъсисёбӣ, шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идорӣ дар баробари пешравиҳо камбудӣ ва норасоиҳо дар ҳуҷҷатҳои таъсисии муассисаҳои таълимӣ мавҷуданд.
Мутобиқати таҳсилоти базавии мудир ва мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ ба вазифаи бар дӯш доштаашон дар муассисаҳои томактабии санҷидашуда қисман ба талабот ҷавобгӯй мебошад.
Мавҷудият ва мазмуну мундариҷаи нақшаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва таносуби масъалаҳои ба нақшагирифта дар робита ба вазъи таълиму тарбия дар баъзе аз муассисаҳои таълимии минтақа ба беҳбудӣ ниёз доранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нақшаҳои солонаи муассисаҳои таълимӣ қолабӣ буда, аксарияти масъалаҳои банақшагирифташуда ноиҷро монда, мутобиқати масъалаҳо бо корҳои анҷомёфта таъмин карда нашудааст.
Тибқи талаботи зербанди 5, банди 103-и Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори муассисаи таълимӣ ҷиҳати дар якҷоягӣ бо коллективи омӯзгорон амалӣ намудани нақшаи кори солонаи муассисаи таълимӣ, ки бо мақомоти ваколатдори соҳаи маорифи шаҳр, ноҳия мувофиқа карда шудааст, дар назди давлат, ҷамъият, падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда) ҷавобгар аст. Мутаассифона, нақшаҳои солонаи аксарияти муассисаҳои таълимӣ бо раёсат ва шуъбаҳои маориф мувофиқа карда нашудааст.
Гарчанде ки дар муассисаҳои таълимии санҷидашуда фармоишҳои директор, қарорҳои шурои педагогӣ, протоколҳои шурои методӣ, маҷлисҳои назди директор, китоби қайди хонандагон (алифбо), китоби қайди ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротӣ дар умум дуруст ба роҳ монда шуда бошад ҳам, дар қисме аз муассисаҳои таълимӣ дар самти ҳуҷҷатнигорӣ талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобат риоя нагардидаанд.
Вазъи ба зергурӯҳҳо ҷудо кардани хонандагон дар баъзе муассисаҳои таълимӣ нигароникунанда аст.
Зимни таҳияи ҷадвали дарсҳо дар самтҳои устуворӣ ва сифати ҷадвали дарсҳо, мувофиқати онҳо ба талаботи педагогика ва психология, баробарии тақсимоти соатҳо дар тӯли ҳафтаи таълим дар бисёр ҳолатҳо талаботи Тартиби таҳияи ҷадвали дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2013, №20/30 тасдиқ шудааст, ба инобат гирифта нашудааст.
Сипас, Баҳронзода Қудратулло – сардори шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт оид ба вазъи соҳаи маориф, камбудиву мушкилоти ҷойдошта дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт маълумот манзур намуд. Номбурда аз ҷумла нисбати бартараф кардани камбудиву мушкилоти ҷойдошта дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт дар масъалаи норасоии кадрӣ, норасоии омӯзгорони фаннӣ, вазъи китобхонаҳои муассисавӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, норасоии китобҳои дарсӣ, ғайриихтисос фаъолият кардани омӯзгорон, омодагии толори варзишӣ, рафти иҷрои Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунӣ ва сифати таҳсилот бо пешниҳоди маълумотҳо зикр намуд, ки дарҳақиқат дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ беҳбудиро талаб менамояд.
Пас аз суханронии маърӯзавии номбурдагон иштирокчиёни вохӯрӣ ба музокира баромада фикру андешаҳои худро оид ба ба вазъи соҳаи маориф, камбудиву мушкилоти ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ иброз доштанд. Аз ҷумла, Исмоилзода Зарина Исмоил – муовини соҳавии раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Нарзуллозода Зиёратшо – сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат ба сухан баромада, аз таассуроти хеле хуби вохӯрӣ, ҳалли мушкилоти соҳаи маориф ва бартараф созии камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти Агентӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Аз ҷумла, Исмоилзода Зарина Исмоил қайд намуд, ки зимни гузаронидани аттестатсия ва аккредитасияи давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ камбудиҳо ошкор мегарданд ва бартараф кардани ин камбудиҳо ба манфиати кор дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Ҳамзамон рақамикунонии ҳуҷҷатгузорӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм низ ба пешрафти кор хеле мусоидат менамояд. Номбурда ҳамзамон дар бораи интиқоли хонандагон ба дигар муассисаи таълимӣ, аз ҷумла хориҷи кишвар, қабули парвандаи хонандагон тибқи тартибот, дурмонӣ аз таҳсили хонандагон изҳори андеша намуд. Қайд гардид, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ то оғози соли нави таҳсил ба истифода додани муассисаи таълимӣ ва 4 кудакистон дар назар аст.
Нарзуллозода Зиёратшо – сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат афзуд, ки яке аз камбудиҳо ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ дар фаъолияти роҳбари муассисаҳои таълимӣ мебошад, зеро роҳбар худ бояд дар самти маориф таҷрибадор бошад, на шахси тасодуфӣ, баъдан баргузории семинарҳои доимоамалкунанда ба директорони ҷавон таҷриба медиҳад. Барои пешрафти кор дар раёсати маорифи шаҳр мушовирони фаннии корозмуда, собиқадор бошад, ки ба дигарон омӯзиш дода тавонад. Дар раёсати маорифи шаҳр бояд сохтор тағйир дода шавад, шуъбаҳо таъсис дода шуда, ба ҳар ноҳия нозирон вобаста карда шаванд. Дар ин масъала мо ба раёсати банақшагирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон пешниҳод намудем. Мехостам ба ҳамаи директорони муассисаҳои таълимӣ Низомномаи намунавии мактабҳои камнуфус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шавад.
Дар интиҳо ба роҳбари Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм Саидзода Муҳаммадтоҳир барои чунин як вохӯрии манфиатбахш бо аҳли кормандони соҳаи маориф, ҳалли камбудиву мушкилоти ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ ва ҳамкорӣ бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.
Сипас, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм Саидзода Муҳаммадтоҳир афзуд, ки мақсади асосии вохӯрии имрӯза аз он иборат аст, ки мо бояд дар ҳамкорӣ бо ҳам, якҷоя бо муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, мудирони кабинетҳои методӣ ва директорони муассисаҳои таълимӣ дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳа, баланд бардоштани мақоми муассисаҳои таълимӣ, зери назорати доимӣ қарор доштани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва дар пешбурди самти маорифи ҷумҳурӣ кӯшиш намоем. Ҳамкориро бо падару модарон зичтар ба роҳ монем, натиҷаҳо беҳтар мегарданд.
Муҳтавои вохӯрии имрӯзаро муҳтарам ҳозирин ба тамоми коллективи омӯзгорӣ расонед.
Дар интиҳо барои ҳама шумо ҳозирин муҳтарам дар иҷрои дастуру супоришҳо ҳукуматӣ ва супоришҳои протоколӣ, омодагӣ ба оғози соли нави таҳсил нерӯи тоза, комёбиҳо дар фаъолияти кориатон таманно дорам.
Муфассал...

- Панҷшанбе, 07 Август 2025
БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ПОЙТАХТ
БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ПОЙТАХТ
Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои банди 6 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2025, №2 вохӯрии роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маорифи пойтахт бо иштироки директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид, муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқзода Хурсанд, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Маҳмадзода Тоҷиниссо, сармутахахасиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷалилзода Маъруф, муовини раисони ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, сарпарастони соҳа, кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати он дар шаҳри Душанбе, Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии буҷетии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид баромад намуда, ҳозиринро бо мақсади вохурӣ шинос намуда, дар якҷоягӣ рузномаи вохӯриро тасдиқ намуданд. Зимни сухаронии худ директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм – Саидзода Муҳаммадтоҳир қайд намуд, ки имрӯз низоми таҳсилот ба яке аз тарзҳои истеҳсолоти сармояи инсонӣ табдил ёфтааст, ки ҷузъи муҳими таркибии он иқтидори зеҳнии ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар даврони муосир нақши омили инсонӣ сол то сол муҳим арзёбӣ гардида, на танҳо ба рушди иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ мусоидат мекунад, балки дар марҳилаи нави рушди башарият ҳамчун қувваи асосии пешбаранда муайян карда шудааст, ки рушди иҷтимоиро таъмин менамояд. Низоми таҳсилот – ояндаи насли инсон мебошад. Низоми таҳсилот – омили муҳими муносибати самимона ва инсонгароӣ дар ҷомеа ба шумор рафта, ҳаракати тамаддунро ба самти озодии комили инсон равона месозад. Дониш неруи асосии одамони босавод, бомаърифат маҳсуб ёфта, ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро амалӣ ва суръати рушди онро дар тамоми самтҳо таъмин менамояд. Пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад. Бесабаб дар Тоҷикистон рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашудааст. Зеро таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи иқтисодиёту сиёсат ва иҷтимоиёту фарҳанг аз омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад. Қайд намуданд, ки илму маориф дар сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода шудааст. Зеро Президенти кишвар таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар ва пайвастани илм бо истеҳсолотро ба унвони роҳи асосии раҳоӣ аз бунбаст ва расидан ба ҳадафҳои бузурги оянда муаррифӣ намудаанд. Иброз доштанд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, баҳри рушди соҳа ва ҳамқадами замона гардонидани он тамоми тадбирҳоро амалӣ намудаистодааст.
Дар идома, Маҳмадзода Тоҷиниссо ва Исмоилзода Баҳром Мансур оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, ҳолати кунунии рушди соҳа, дурнамои он, кабудиҳои ҷойдошта, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омилҳои таъсиррасони он, сифат ва самаранокии фаъолияти таълимиву тарбиявии муассисаҳои таълимии пойтахти кишварро дар давраи сипаригардидаи соли 2025 баромад намуданд.
Дар ҷамъбаст, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид ҳамаи иштирокчиёни вохӯриро бо фаро расидани оғози соли таҳсил ва ҷашни муқадасси миллӣ Истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона шодбош намуда, бо итминон иброз дошт, ки аҳли маориф ва ҷомеаи кишвар махсусан маорифи шаҳри Душанбе бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии хеш саҳми арзанда мегузоранд.
Муфассал...