wrapper

   Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати директори Агентӣ - Субҳонзода Икром баргузор гардид, ки дар он аъзои мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, минтақавӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.

   Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи навбатии мазкур 30 масъала мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд:

1-масъалаи натиҷаи аттестатсияи давлатӣ;

2-масъалаи натиҷаи аккредитатсияи давлатӣ;

26-масъалаи ташхиси иҷозатномадиҳӣ;

1-масъалаи Оид ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

  Инчунин, дар кори ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. 

  Дар рафти баррасии масъалаҳои зикргардида директори Агентӣ-Субҳонзода Икром ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, назорати иҷрои пурраи барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот, бартараф намудани норасоии омӯзгорон ва китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таъмини иҷрои барномаҳои давлатии қабулшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххасу судманд дод.

  Пас аз муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа бо назардошти пешниҳоду тавсия ва эродҳои гирифташуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35