wrapper

Мақолаҳо

Аҳдшикани ва ҳамлаи ошкорои қирғиз...

  Ахдшикани низоъ ва игвои навбатии киргизхо ки 16.09.2022 бо маслихати пешаки ва тайёрии мусаллахонаи чанги, гайриконуни гузаштан аз сархади давлати ва ба мукобили ахолии осоиштаи сокинони шахри Исфара ба амал омад, талафоти зиёди чони ва хисороти молиро ба миён овард, ки боиси андухи амики точикзабонони тамоми дунё гардид. Муфассал...

Бишканад дасте, ки марзи Тоҷикистон бишканад!

  Аз бемасъулиятиву беаҳамиятӣ ва бепарвогиву бефарҳангии мардуми ҳамсояҷумҳурамон Қирғизистон аст, ки тайи чанд рӯзи охир, як гӯшаи кишвари моро ин афроди ҷангҷу ба маҳҳали ҷанг кашидаву фазои орому осоиштаи ватани маҳбуби моро ноором сохтаанд. Дар ин ҷанги хонумонсуз беҳтарин фарзандони миллат ва занону кӯдакони бегуноҳи сарзамини мо туъмаи тири аду гаштаву ба шаҳодат расидаанд, ки албатта ин беҷавоб нахоҳад монд, куштори кӯдакону табибон ва мардуми осоишта дар ҳеч давру замон ба лашкаркаше обрў наовардааст. Ин ҷиноятест, ки ҳам дин ва ҳам меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳуқуқи байналмилалии башар маҳкум мекунад ва гумроҳони мардуми қирғиз инро набояд фаромӯш кунанд, ки носипосӣ ба нону намак онҳоро кӯр хоҳад кард ва хуни шаҳидони гулгункафан ба гардони ин фитнагарону оташандозони ҷанг аст, ки оқибат худ ба гирдоби бало фуру хоҳанд рафт. Муфассал...

Аҳдшиканӣ амали ноҷавонмардист!

  Тавре аз сарчашмаҳои хабарӣ рӯзҳои охир маълум шуд, ҳамсоякишвари бадсиришти мо аҳдшиканона бе хабари ҷанг ба маҳали аҳолинишини ғайринизомӣ бо яроқу аслиҳаи вазнини ҷангӣ ҳамла кард, ки дар натиҷа ба кишвари мо зарари молию ҷонӣ расонид.
Дар ҳақиқат миллати тоҷик аз қадим миллатӣ фарҳангӣ ва сулҳпарвар буд, аммо барои ҳимояи марзу буми хеш родмардонаш ҷони худро дареғ намедоранд. Қирғизи бадҷаҳл бояд донад, ки бо ин амали ноҷавонмардонааш дар назди миллати тоҷик гунаҳгор мебошад.

Муфассал...

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун рамзи озодии миллат

  Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии хеш таъкид доштанд, ки “Ҳатто дар солҳои вазнини ибтидои Истиқлолият тамоми фикру андешаи ман ҳамчун Сарвари давлат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои маориф ва дастгирии ин соҳаи барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Ва чунонки мушоҳида мекунед, ман ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаҳои муҳими иҷтимоқ диққати махсус медиҳам ва ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дастгирӣ менамоям”.

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35  

Copyright © 2023 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. All Rights Reserved. Designed by IBlove