Ду шабакаи телевизионии нав — «Илм ва табиат», «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таъсис меёбанд
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Илм ва табиат» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ду шабакаи телевизионии нав таъсис медиҳад. Барои таъсиси шабакаҳои нав тамоми низомномаву лоиҳаи он таҳия гардида, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол карда шуд.
Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иброз намуд.
Имсол 500 биною иншооти ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба шабакаҳои гармидиҳии мутамарказ пайваст мешаванд
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 500 биною иншоот ба шабакаҳои гармидиҳии мутамарказ пайваст мешаванд. Дар ин бора муовини якуми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифхон Сафарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.