Нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
- Ҷумъа, Фев 10 2023
- Агентӣ
Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2022 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти 2005, №АП-1677 дар толори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 феврали соли ҷорӣ нишасти матбуотии Агентӣ бо иштироки роҳбарият, ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъба, бахшҳои Агентӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Нишасти матбуотиро директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода оғоз намуда, тибқи варақаи иттилоотӣ вобаста ба самтҳои муҳимтарини раванди таълиму тарбия, сифати таҳсилот, неруи кадрӣ, базаи моддӣ-техникӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва фаъолияти Агентӣ дар давоми соли 2022 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.
Дар нишасти матбуотӣ 23 намояндаи расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла, намояндагони телевизионҳои «Сафина», «Баҳористон», «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» радиоҳои «Радиои Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Овози тоҷик», «Ховар», рӯзномаҳои «Садои мардум», «Народная газета», «Тоҷикистон», «Омӯзгор», «СССР», «Мароми пойтахт», «Ҷавонони Тоҷикистон», оҷонсиҳои «АМИТ Ховар», «Авесто», «Спутник», маҷаллаҳои «Бонувони Тоҷикистон», «Маорифи Тоҷикистон» иштирок намуданд.
Дар рафти нишаст аз ҷониби намояндагони васоити ахбори омма вобаста ба таҳсили шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ, таъсиси муассисаҳои таълимии хусусии таҳсилоти миёнаи умумии маҳаллӣ ва хориҷӣ, вазъи кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ, рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ ва чанде дигар саволҳо пешниҳод гардид, ки ба онҳо аз ҷониби директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои мушаххас гардонида шуд.
Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ МОСТ»
- ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
- ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- САРФАРОЗГАРДОНИИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ
- Ҷамъбастӣ фаъолияти кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2024