Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон дар нақшаи идоракунии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, сиёсати ягонаи назорати давлатиро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон амалӣ намуда, дар фаъолияти худ ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон бо мақсади амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатии назорат дар соҳаи маориф, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилотро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон назорат карда, ҳамзамон дар раванди банақшагирӣ ба ташкили ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши донишҷўён, хонандагон ва дигар самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ баҳо медиҳад.
Ваколатҳои асосии раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон:
-иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон назорат менамояд;
-оид ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон пешниҳод манзур менамояд;
-тибқи нақша аттестатсия, аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро мегузаронад;
-дар асоси қарори мушовараи Агентӣ баъд аз ба расмият даровардани он бо фармоиши директори Агентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолият таълимӣ ва шаҳодатномаи аккредитатсионӣ дар бораи мутобиқати мақоми муассиса дода мешавад;
-оид ба масъалаҳои дар ваколаташ буда, тибқи тартиби муқарраргардида конференсияҳо, семинарҳо ва маҷлисҳои машваратӣ гузаронида, дар чорабиниҳои таълимию илмии сатҳи шаҳри ва ҷумҳуриявӣ ширкат меварзад;
Сардори раёсат аз тарафи директори Агентии ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
Тибқи басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии маъмурии хизмати давлатӣ раёсат аз як воҳиди кории сардори раёсат, 3 сармутахассис, 2 мутахассиси пешбар ва 1 мутахассис иборат аст, ки тариқи озмўн бо фармони директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа қабул ва аз вазифа озод карда мешаванд.