Дар идома қайд гардид, ки дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани «Рӯзи модар» нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба занону духтарон ва модарони сарбаланди миллати тоҷик мебошад.
Инчунин, дар чорабинӣ аз ҷониби Содиқзода Хурсанд-Муовини якуми директори Агентӣ ва Ширинзода Наҷмиддин-раиси Иттифоки касабаи кормандони Агентӣ вобаста ба Иди модарон ва васфу ситоиши бузургии модар маърӯзаҳо ироа карда шуд.
Дар чорабинӣ ҳамаи бонувони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тӯҳфаҳои пулӣ ва гулдаста қадрдонӣ гардиданд. Дар фарҷоми чорабинӣ бонувони фаъоли Агентӣ бо “Ифтихорнома”-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.