Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамчун ҷузъи сохтории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2020, №1557 таъсис ёфтааст.
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар нақшаи идоракунии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, сиёсати ягонаи назорати давлатиро дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ) амалӣ намуда, дар фаъолияти худ ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатии назорат дар соҳаи маориф, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии ноҳияҳои шаҳри Душанбе назорат карда, ҳамзамон дар раванди банақшагирӣ ба ташкили ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши тарбиятгирандагон, хонандагон ва дигар самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ баҳо медиҳад.
Ваколатҳои асосии раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе иборатанд аз:
-иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии ноҳияҳои шаҳри Душанбе назорат менамояд;
-ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе пешниҳод манзур менамояд;
-тибқи нақша аттестатсия, аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии ноҳияҳои шаҳри Душанберо мегузаронад;
-дар асоси қарори шӯрои раёсати Агентӣ дар шаҳр ва баъд аз ба расмият даровардани он бо фармоиши директори Агентӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии шаҳру ноҳияҳои шаҳри Душанбе иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолият ва шаҳодатномаи аккредитатсионӣ дар бораи мутобиқати мақоми муассиса медиҳад;
-оид ба масъалаҳои дар ваколаташ буда, тибқи тартиби муқарраргардида конференсияҳо, семинарҳо ва маҷлисҳои машваратӣ гузаронида, дар чорабиниҳои таълимию илмии сатҳи шаҳри Душанбе ва ҷумҳурӣ ширкат меварзад;
Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанберо сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз тарафи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
Тибқи басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии маъмурии хизмати давлатӣ раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе дорои як воҳиди кории сардори раёсат, як муовини сардори раёсат, 4 сармутахассис, 2 мутахассиси пешбар ва 2 мутахассис мебошад, ки аз тарафи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
Раёсати Агентӣ дорои ҳайати шӯро мебошад, ки аз 5 нафар иборат буда, онро сардори раёсат роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати шӯро сардор, муовини сардор, сармутахассисони раёсати Агентӣ (2 нафар, аз ҷумла як нафар аз онҳо котиби шӯро) ва як нафар мутахассиси пешбар шомил мебошанд.
Маблағгузории раёсати Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои махсус ва дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба роҳ монда мешавад.
Маҳалли ҷойгиршавии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ 126 мебошад.