- Сешанбе, 27 Октябр 2020
Замимаи 1
ба фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «18» июни соли 2020 №1557
Низомномаи
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентӣ) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ мебошад ки, сиёсати ягонаи назорати давлатиро дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, дар фаъолияти худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
2.Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
3.Агентӣ бо мақсади амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти ташкилотҳои илмӣ, самаранокии татбиқи таҳқиқоти илмӣ-техникӣ, тайёр намудани мутахассисон ва кадрҳои илмиро новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии онҳо назорат карда, инчунин дар раванди банақшагирӣ ба ташкили ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши хонандагону донишҷӯён, докторантон, тайёр намудани мутахассисон ва дигар самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ баҳо медиҳад.
4.Агентӣ низоми назорати давлатиро дар соҳаи маориф дар шакли иҷозатномадиҳӣ, баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва соҳа, мақомоти идоракунии соҳа, аттестатсияи давлатӣ ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ ва дар соҳаи илм бо роҳҳои иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти педагогии илмӣ, баҳодиҳӣ ба аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ, назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм ва маориф амалӣ менамояд.
ВАКОЛАТҲО ВА ВАЗИФАҲОИ АГЕНТӢ
- Ваколатҳои асосии Агентӣ:
-иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илмро дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии онҳо назорат менамояд;
-ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба низоми назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм пешниҳод манзур менамояд;
-шаклҳои варақаҳои иҷозатнома дар бораи пешбурди фаъолияти таълимӣ бо замимааш, шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ бо замимааш, шаҳодатнома дар бораи эътироф ва муайян кардани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷиро тасдиқ, инчунин талаботи техникӣ нисбат ба ҳуҷҷатҳои зикргардидаро муайян ва тасдиқ менамояд;
-барои фаъолияти илмӣ ва ташкилотҳои илмӣ, субъектҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ иҷозатнома медиҳад;
-аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимиро мегузаронад;
-дар асоси қарори ҷаласаи мушовараи Агентӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои илмӣ иҷозатнома медиҳад;
-оид ба масъалаҳои дар ваколаташ буда тибқи тартиби муқарраргардида конференсияҳо, семинарҳо ва маҷлисҳои машваратӣ гузаронида, дар чорабиниҳои таълимию илмии ташкилотҳои байнидавлатӣ, комиссияҳо ва форумҳо ширкат меварзад;
-кормандони фаъоли Агентиро ҳавасманд мегардонад ва номзадии онҳоро барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марбута пешниҳод менамояд;
-зимни гузаронидани санҷишҳо, аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳӣ аз муассисаҳои таълимию ташкилотҳои илмӣ, инчунин вазорату идораҳое, ки дар наздашон муассисаҳои таълимию илмӣ доранд, мутахассисон ва коршиносонро сафарбар менамояд;
-мутобиқати маводи имтиҳонии дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашударо ба барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилот назорат менамояд;
-дар доираи муқарраргардидаи фаъолият шӯрои машваратӣ ва мақомоти ташхисӣ (шӯро, комиссияҳо, гурӯҳҳо) таъсис медиҳад;
-мониторинги сифати таҳсилот ва рейтинги муассисаҳои таълимиро арзёбӣ мекунад;
-сифати таҳсилотро дар муассисаҳои таълимӣ санҷида, дар мушовараи Агентӣ онро баррасӣ мекунад ва натиҷаашро ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ба муассисаҳои таълимӣ, муассисон, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимию илмӣ доранд, пешниҳод манзур менамояд;
-баробарарзишии ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии таҳсилоти дар хориҷи кишвар гирифташударо тибқи тартиби муақарраргардида муайян ва эътироф карда, ҳуҷҷати дахлдор медиҳад;
-дар соҳаи фаъолияти худ ҳамкории байналмилалиро тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ мемонад;
-бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони Агентиро ташкил менамояд;
-доир ба натиҷаи фаъолияти худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш ва маълумотнома пешниҳод менамояд.
6.Агентӣ мувофиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда:
-бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзиро мегузаронад, мақоми онҳоро муайян менамояд, инчунин фаъолияти муассисаҳои онро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ назорат намуда, дар ҳолати риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатнома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм оид ба манъи фаъолияти минбаъдаи онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ қарор қабул менамояд;
-тартиби коркард, истифода ва нигоҳдории маводи таълимӣ-илмӣ ва шароити ҷобаҷогузории онро портали шабакаҳои иттилоотии интернетии муассисаҳои таълимӣ назорат менамояд;
-нақшаи гузаронидани аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотиро новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии онҳо таҳия ва тасдиқ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот пешниҳод менамояд;
-ташкил ва гузаронидани санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ, пурсиши шифоҳиро дар раванди аттестатсия ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ менамояд;
-оид ба масъалаҳои ба ваколати Агентӣ тааллуқдошта ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ машварат медиҳад;
-татбиқи барномаҳои ба масъалаҳои сифати таҳсилот ва идоракунии он мансуббударо назорат мекунад;
-тартиб ва меъёрҳои гузаронидани рейтинги муассисаҳои таълимиро новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии онҳо муқаррар менамояд;
-пойгоҳи моддию техникӣ, илмӣ ва педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва ташкилотҳои илмии ҷумҳуриро омӯхта, барои додани иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи ихтисоси магистратура, интернатура, ординатура (резидентура), аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос (доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос), докторантура ва постдокторантура ва доктор ҳабилитат қарор кабул менамояд;
-ҳолатҳои риоя нагардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба самти фаъолияти Агентӣ ошкор ва пешгирӣ менамояд;
-раёсат ва шуъбаҳои Агентиро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва дигар маводи иттилоотӣ таъмин менамояд;
-ҳифзи иттилоот ва дигар маълумоти махфии давлатиро дар доираи ваколатҳои худ таъмин менамояд;
7.Агентӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳо ва иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқҳои зерин дорад:
-ҷиҳати таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузаронидани санҷишҳо, аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳӣ аз муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, инчунин вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ доранд, мутахассисон ва коршиносонро ҷалб намояд;
-дар сурати ошкор намудани қонунвайронкуниҳо, аз ҷониби кормандон ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, академияҳои соҳавӣ ва сохторҳои онҳо, инчунин вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимию илмӣ доранд, ҷиҳати чораандешӣ тибқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколати худ ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод манзур менамояд;
-бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ аз муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкилотҳои илмӣ, академияҳои соҳавӣ ва сохторҳои онҳо ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ доранд, барои амалисозии назорат, санҷиш, аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳӣ маводу ҳуҷҷатҳои заруриро талаб менамояд;
-дар доираи ваколатҳои худ тибқи тартиби муқарраргардида конференсияҳо, семинарҳо ва маҷлисҳои машваратӣ гузаронида, дар чорабиниҳои таълимию илмии ташкилотҳои байнидавлатӣ, комиссияҳо ва форумҳо ширкат варзад;
-аз мақомоти давлатӣ маълумоти заруриро оид ба масъалаҳои мансуб ба соҳаи фаъолияташ бо тартиби муқарраргардида дархост менамояд;
-бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи маводи бойгониро доир ба фаъолияти Агентӣ ба роҳ мемонад;
ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТӢ
8.Агентиро директор роҳбарӣ мекунад, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
9.Директори Агентӣ дорои 2 муовин, аз ҷумла як муовини якум мебошад, ки бо пешниҳоди ӯ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
10.Директори Агентӣ:
-барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда ва дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм масъулияти шахсӣ дорад;
-ба фаъолияти Агентӣ роҳбарӣ мекунад;
-дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар манфиатҳои Агентиро намояндагӣ менамояд ва аз рӯи масъалаҳои фаъолияти он тибқи тартиби муқарраргардида қарор қабул мекунад;
-вазифаҳоро байни муовинони худ тақсим мекунад;
-кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, роҳбарони раёсат ва шуъбаҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва минтақаҳои ҷумҳуриро тибқи тартиби муқарраргардида ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод намуда, инчунин мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва интизомиро татбиқ менамояд;
-дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони Агентиро тасдиқ менамояд;
-харҷнома ва ҷадвали воҳидҳои кории Агентиро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, харҷномаи нигаҳдории онро дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор тасдиқгардида, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудаанд, тасдиқ менамояд;
-ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд;
-бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Агентӣ таҳия менамояд;
-қарорҳои хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулнамудаи воҳидҳои сохтории Агентиро бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани онҳо муқаррар нашуда бошад;
-номзадҳо ба аъзои мушовараи Агентиро барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
11.Агентӣ дорои ҳайати мушовара мебошад, ки аз 7 нафар иборат буда, онро директор роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати мушовара муовинони директор аз рӯи мансаб шомил буда, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳо, инчунин намояндагони вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ доранд, метавонанд шомил карда шаванд.
12.Маблағгузории дастгоҳи марказии Агентӣ, раёсат ва шуъбаҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои махсус ва дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад. Ба Агентӣ тавассути суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.
13.Маблағҳои махсуси Агентӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти иҷрои кор ва хизматрасонии давлатӣ ташаккул меёбанд.
4.МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
14.Агентӣ молу мулки ба ӯ вобасташударо бо тартиб ва шарту шароити муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд.
15.Агентӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи Агентӣ бо забони давлатӣ буда, инчунин муҳрҳо, штампҳо, бланкҳои дахлдор, сомонаи расмии Интернетӣ ва дигар нашрияҳои давриро барои амалисозии фаъолияти худ дорад.
16.Номи пурраи Агентӣ: Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
17.Номи мухтасари Агентӣ: Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм.
18.Маҳалли ҷойгиршавии Агентӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Садриддин Айнӣ 126 мебошад.
19.Дар сурати қатъ шудани фаъолияти Агентӣ масъалаҳои супурдан, нигоҳ доштан ва истифодаи минбаъдаи ҳуҷҷатҳои он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.
Замимаи 2
ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
«18» июни соли 2020,
№1557
Сохтори дастгоҳи марказии
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ,
миёнаи умумӣ ва иловагӣ
Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ,
миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон
Раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои
таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва
баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ
Шуъбаи баҳодиҳӣ ва мониторинги сифати таҳсилот
Бахши назорат, коргузорӣ ва корҳои махсус
Бахши молия ва муҳосибот
Бахши муносибатҳои байналмилалӣ
Замимаи 3
ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «18» июни соли 2020, №1557
Нақшаи идоракунии
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар шаҳри Душанбе
Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон
Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Ҳисор
Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт
Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи
Зарафшони вилояти Суғд
- Матлабҳои рӯз
-
ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
-
ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
-
САРФАРОЗГАРДОНИИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ
-
Ҷамъбастӣ фаъолияти кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2024
-
Кӯмак ба ниёзмандон аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
БАРГУЗОРИИ МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР БОҒИ ФАРАНГИВУ ФАРОҒАТИИ ҶАВОНОН