wrapper

Дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз поянда бод!
 
Дӯстию бародарӣ ва робитаҳои фарҳангӣ баӣни халқу миллатҳои гуногун яке аз масъалаҳои муҳими танзимкунандаи амну осоиш ва оромии ҷомеаи ҷаҳон ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ ба ин масъала эътибори махсус дода, бо тамоми мамлакатҳои хориҷи дуру наздик муносибатҳои дӯстонаро ба роҳ мондааст.
Тоҷикон аслан мардуми инсондӯсту сулҳхоҳанд. Мардуми мо дӯстиро авло медонад, зеро саодати зиндагии инсонҳо дар дӯстӣ, ваҳдат, эҳтироми якдигар аст.
Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Аз ин хотир ҳар яки мо бояд барои рӯзгори ширин, гуворо ва пурсаодат ба ҳамдигар меҳру муҳаббат дошта бошем.
Беҳуда бузургони илму маърифатамон аз қадимулаём дӯстиро тарғибу ташвиқ накардаанд. Чунончӣ, Ҳофизи Шерозӣ фармудаанд:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Вобаста ба ин таъкиди шоир ниҳоли душманиву кинаву адоват ба ҷуз бадбахтӣ чизи дигареро ба бор нахоҳад овард. Ягона чизе, ки боиси оромии дил ва шодиву нишот мегардад, дӯстӣ ҳаст!
Имрӯз низ мардуми тоҷик дӯстиву ваҳдатро шиор ва пешаи худ қарор додааст. Ҳар яки мо эҳсос намуда истодаем, ки иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки кишварамон дар роҳи рушди босубот қарор гирад.
Таъмини сулҳу оромӣ, дӯстии баӣниҳамдигарӣ файзу баракатро афзун менамояд. Дар замони муосир, ки авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле мураккабу печида гардидааст, хушбахтона дар Тоҷикистони азизи мо ғояи Ваҳдати миллӣ ба ҳайси як омили созандаю таҳкимбахши мардуми кишвар гардидааст.
Халқи шарифи тоҷик таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ҳамеша дар кӯшиши он аст, ки на танҳо дар дохили кишвар, балки дар дигар давлатҳо низ сулҳу дӯстӣ барқарору ҳукмрон бошад. Халқи бомаърифати тоҷик ҳамеша ба дигар халқу миллатҳо паёми дӯстӣ равон мекунад. Тоҷикистон ва мардуми тоҷик ҳамеша ҷонибдори сулҳ бо мардуми Қирғизистон буданд.
Бояд қаӣд намуд, ки барои ба даст овардани сулҳу дӯстӣ, ҳанӯз дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тамоми халқҳои бародар, аз ҷумла: тоҷик, қирғиз, рус, қазоқ, ӯзбек ва ғайра дар муҳорибаҳои шадиду хунин ва дардафзо иштирок намуда, ҷони худро дар роҳи сулҳу дӯстӣ ва озодии Ватани хеш дареғ надоштаанд. Ҷоиз ба қайд аст, ки ҳамаи ин халқҳо бародарона дар Иттиҳоди Шӯрави умр ба сар мебурданд.
Барои мо тоҷикон муносибати дӯстона, мустаҳкам ва тулонӣ бо халқҳои ҳамсоя ҳам тақозои таърих ва ҳам ниёзи мардумист.
Халқи тоҷик ҳамеша тарафдори сулҳ ҳаст ва барои ҳифзи марзу буми кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Тоҷикистон ҳомии сулҳу ваҳдат дониста шуда, бо халқҳои бародар робитаи дӯстӣ дорад, дар зери осмони софу мусаффо зиндагии осуда ва оромона доштанро аз ҳама авлотар медонад.
Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки сулҳ асоси зиндагии мост. Бинобар ин, мо бояд дар пурзӯр шудани дарахти сулҳу амонӣ саҳмгузор бошем. Ҳамеша баҳри оштию ҳамдилӣ кӯшиш намоем. Ватани худро ободу зебо гардонем, бикӯшем, ки барои наслҳои оянда макони зебову дилнишинро боқӣ гузорем. Нагузорем, ки ашк аз чашмони модарон бирезад, хандаҳои кӯдакон ба гиряҳо мубаддал шавад.
Саодату камолоти миллат ва бахту иқболи он дар хамкорӣ ва робитаҳои дӯстиаш бо мамолики мухталиф боз ҳам бештар мегардад.
Маҳз дӯстӣ ба одамон хушбахтӣ меорад.
12 -уми марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон ворид шуданд. Дар фурудгоҳи баӣналмилалии шаҳри Бишкек Сарвари давлатро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо эҳтироми баланд ва муҳаббати бепоён истиқбол гирифтанд.
Дар ҷараёни ин сафар, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ба имзои санадҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд. Ин санади таърихӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими субот ва амният дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон бори дигар собит сохт, ки иродаи қавии сиёсии роҳбарони ду кишвар метавонад роҳи ҳалли масъалаҳои мавҷударо пайдо намуда, заминаи мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкориро барои оянда фароҳам оварад.
Ин иқдом ба манфиати ҳар ду миллат буда, барои таҳкими субот ва рушду шукуфоии минтақа аҳамияти бузург дорад.
Поянда бод дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз!
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи
маориф ва илми назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
Марҳилаи нави рушди муносибатҳои дуҷонибаи
Тоҷикистон ва Қирғизистон
 
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон нақши калидӣ дошта, ҷиҳати рушди тамоми ҷанбаҳои ҳаётан муҳим саҳми арзишманд доранд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз 14 январи соли 1993 муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон барқарор гардида, дар марҳилаи аввали ҳамкориҳо ҷиҳати тақвият бахшидани муносибатҳо ва робитаҳои дуҷониба зарурият ба миён омад, ки пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон таҳким бахшида шаванд. Дар ин замина беш аз 100 санад ба тасвиб расонида шуда буданд.
Санадҳои асосие, ки самтҳои аслии ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар он принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудаанд: Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои накӯҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 мебошанд.
Дар паи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон бо азму иродаи қавӣ, сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бар пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба равобити Тоҷикистону Қирғизистон такони ҷиддӣ дода шуд.
Дар марҳилаи нави рушди муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки дар идомаи ҳамкориҳои дӯстию бародарӣ миёни тоҷикону қирғизон саҳифаи наверо боз намуд.
Яке аз санадҳои муҳими муносибатҳои ҳасана ин Изҳороти муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.
Тибқи банди 10 Изҳороти мазкур сарони давлатҳо ба ҳифзи асолати этникӣ ва забонии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои тоҷикони этникии дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон истиқоматкунанда ва қирғизҳои этникии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳангии миллӣ дар заминаи ҳифз ва рушди забони модарӣ, фарҳанги миллӣ, анъана ва расму оинҳои онҳо мусоидат мекунанд.
Инчунин, тибқи банди 11 санади мазкур сарони давлатҳо зарурати тавсеаи мунтазами ҳамкориро дар соҳаи гуманитарӣ таъкид мекунанд. Дар ин самт робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ ва тандурустӣ таҳким ёфта, табодули ҳайатҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои илмию таҳлилӣ, ҷамъиятҳои дӯстӣ, дастаҳои ҳунарӣ ва театрӣ таҳким хоҳанд ёфт.
Яке аз ноҳияҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он бештар миллати қирғиз зиндагонӣ мекунад, ин ноҳияи Лахш маҳсуб меёбад. Зимнан, дар ин ноҳия аз тарафаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон барои мардуми қирғиз шароитҳои буду бош, кору фаъолият ва таҳсил фароҳам гардидааст.
Соҳаи маориф дар ноҳияи Лахш таи солҳои охир бо дастгириҳои пайваста ва сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда истодааст.
Айни замон дар ноҳияи Лахш 61 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ин 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 Литсей барои хонандагони болаёқат, 4 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 12 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият менамоянд. Аз ин шумора дар 24 муассисаи таълимӣ таълиму тарбия бо забонҳои қирғизӣ ба роҳ монда шудааст.
Инчунин, дар муассисаҳои таълимии ноҳия 803 синф аз ин дар 686 синф, ки шумораи хонандагонашон 10511 нафар мебошад, таълим бо забони давлатӣ ва дар 117 синф таълим бо забони қирғизӣ ба роҳ монда шудааст, ки шумораи хонандагонаш 2070 нафар мебошад. Бояд тазаккур кард, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия 5552 нафар хонандаи қирғизтабор таҳсил намуда истодааст.
Ҳамзамон, 76 нафар омӯзгор, ки хатмкунандагони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қирғизистон мебошанд, дар 24 муассисаи таълимӣ бо забони қирғизӣ таълиму тарбия дода истодааст.
Бо кушодашавии марзҳо боз ҳам робитаҳои дӯстию бародарӣ миёни ин мардумони кишварҳои ҳамсоя густариш ёфта, шаҳрвандон озодона дар донишгоҳҳои ду кишвар таҳсили илм намуда, ба манфиати ҳамдигар хизмат намуда, дар рушди маориф саҳмгузор мегарданд.
Баҳронзода Қудратулло - сардори шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо,
 
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон қадам ба сӯи дӯстӣ ва ҳамсоядории нек
12 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек Сарвари давлатро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо самимияти хоса, эҳтироми баланд ва дар сатҳи олӣ истиқбол гирифтанд.
Дар ҷараёни ин сафар, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пшевои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон санадҳои муҳим, аз ҷумла Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ, ки ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд, ба имзо расид. Ин санади таърихӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими субот ва амният дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон бори дигар собит сохт, ки ду абармарди сиёсӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, роҳбарони ду кишвари ба ҳам дӯст, бародар ва ҳамсоя тавонистанд ҳалли масъалаҳои мавҷударо бо роҳи дипломатӣ пайдо намуда, заминаи мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкорӣ барои ояндаи ҳарду кишвар шароит фароҳам оваранд.
Кушодашавии гузаргоҳҳои байнидавлатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ду ҳамсояи нек бо боварии комил рафтуо намуда, дар ғаму шодии якдигар шарик бошанд.
Бояд қайд намуд, ки ин иқдом ба манфиати ҳар ду миллат равона буда, барои таҳкими субот ва рушду шукуфоии минтақа аҳамияти бузург дорад.
Дар воқеъ, дӯстии ин ду халқ аз қадим на танҳо дар анъанаву суннатҳо ифода меёфт, балки дар робитаҳои фарҳангию адабӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, иқтисодиёт ва дигар самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз манфиат холӣ нест.
Итминон бояд кард, ки ба шарофати сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон, ин дӯстӣ боз ҳам рушд карда, пару боли тоза мегирад ва пайғоми меҳру муҳаббат ва рафоқату бародарии ин халқҳоро чун кабӯтарони сулҳ ба дуриҳои дур бурда, номи ҳар ду халқро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам машҳур мегардонанд.
Сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон
 
 
 
 
Все реакции:
11
 
 
Саодати зиндагии миллатҳо дар дӯстӣ, ваҳдат ва эҳтироми якдигар аст.
 
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
 
Ҳақ ба ҷониби муаллифи мисраҳои боло Ҳофизи Шерозӣ аст.
 
Дубора барқарор гардидани муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон руҳияи тамоми мардуми осоиштаи ин ду кишвари аз қадим бо ҳам дӯсту ҳамсояро шоду болида гардонид. Пеш аз ҳама месазад дар ин ҷода ташаббусҳои созандаи роҳбарони соҳибхиради ҳар ду кишварро арҷгузорӣ кард.
Пешвои миллати тоҷикон, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки мардуми тамаддунофари тоҷик аз қадимулайём мардуми сулҳҷӯй ва сулҳофаранд.
То ба имзо расонидани ин санаи муҳими таърихӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон якчанд сафари расмӣ доштанд. Аз ҷумла, соли 1998 Президенти маҳбуби мо бо сафари расмӣ ба Қирғизистон ташриф оварда, бо Президенти ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев вохӯрии судманд доир намуда буд. Соли 2007 бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба ба Бишкек сафар намуда, моҳи август дар саммити аъзои давлатҳои ШОС иштирок намуд ва моҳи сентябри ҳамон сол бо сафари расмӣ дар фурудгоҳи Манас роҳбари давлати тоҷиконро котиби давлатӣ Адахан Мадумаров ва вазири энергетика Игор Чудинов гарму ҷушон истиқбол гирифта, ҳамчунин, дар доираи вохӯриҳо гуфтушунидҳо бо Президенти Қирғизистон Курманбек Бакиев доир карда шуда буд. Ҳамчунин, моҳи сентябри соли 2016 Пешвои миллати тоҷикон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ҷашнии Шурои аъзои давлатҳои ИДМ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карда буд.
Зимни сафарҳои расмӣ ва корӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари ҳамсоя доимо дар бағал пайғоми сулҳ доштанд ва ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки байни ин ду миллати аз азал дӯст, сулҳу дӯстӣ поянда бошад.
Бо вуҷуди ин, душманони беруна тавонистанд, ки дар муносибати аз азал гарми ин ду миллат тухми кинаву адоват коранд ва то андозае муваффақ ҳам шуданд, ки байни ду бародари дӯсту ҳамсоя дар сарҳади давлатӣ муносибатҳо сард гардад. Лекин хурсандии душманони ин ду миллати бо ҳам дӯст, ҳамсоя ва бародар дер давом накарда, хиради азалии ин миллатҳо боло гирифта, сари мизи гуфтушунид бо ҳам омада, натиҷаи ин гуфтушунидҳо имрӯз самараи неки таърихӣ ба бор оварда, дар лабони мардуми ин кишварҳо дубора табассум дамид.
Чи хеле ки дар боло зикр гардид, имрӯз яъне 13 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Ин чорабинии муҳими таърихӣ бо иштироки роҳбарият ва сокинони вилоятҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.
Дар як фазои идона мардуми ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя дубора дарҳои бастаро ба рӯйи якдигар боз карда, риштаҳои деринаи дӯстию ҳамсоядориро мустаҳкам намуда, роҳи навро ба сӯйи ҳамкориҳои нав васеъ кушоданд.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин, роҳбарони вилоятҳои ҳаммарз пас аз кушода шудани гузаргоҳҳо ба хаймаҳои идонаи ду тараф ташриф оварда, бо мардум суҳбатҳо анҷом дода, дар барномаи муштараки фарҳангӣ иштирок намуданд.
Аз чеҳраи мардум бараъло ҳувайдо буд, ки мардуми ин ду кишвари ҳамсоя ташнаи сулҳу осоиштагӣ ҳастанд.
Таъмин кардани сулҳу оромӣ, дӯстии байни миллатҳои бо ҳам дӯсту ҳамсоя дар рӯйи замин файзу баракатро афзун менамояд.
Хушбахтона ва шукргузорӣ аз неъмати арзишмандтарин - Истиқлоли пояндаи кишвари маҳбубамон, дар Тоҷикистони азизи мо ғояи Ваҳдати миллӣ ба ҳайси як омили созандаю таҳкимбахши мардуми кишвар табдил ёфтааст. Халқи тамаддунофар ва шарифи тоҷик таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки на танҳо дар дохили кишвар, балкӣ дар тамоми давлатҳои кураи Замин низ сулҳу дӯстӣ барқарор бошаду кабутари сулҳ дар фазои софу беғубор парафшонӣ кунад.
Мардуми сулҳпарвари тоҷик ба тамоми мардуми сайёра паёми сулҳ мефиристад. Чуноне ки Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода фармудааст:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Поянда бод, дӯстии миллати тоҷик ва қирғиз!
Тағдиров Тағдиршо - сардори шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар митақаи Ҳисор
 
 
Ояндани хушбини Тоҷикистону Қирғизистон
 
Офтобо бори дигар хонаро пурнур кун,
Дӯстонро шод гардон, душманонро кур кун.
 
Имрӯз дар саҳифати таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як саҳифаи тозае боз шуд, ки ду халқи бо ҳам дӯсту бародар - тоҷику қирғизро ба ҳам пайваст кард.
Дар доираи сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари дусту бародар ва ҳамсоя Ҷумҳурии Қирғизистон масъалаи марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон, ки ҳудуди 1000 километрро дар бар мегирад ва садсолаҳо боз ин ҷониб ҳалли худро наёфта буд, дубора муайян ва муқаррар карда шуд. Вобаста ба ин, ба шарофати талошҳои муштарак, иродаи сиёсӣ ва кушишҳои ду миллат барои расидан ба ҳусни ҳамҷаворӣ ва некӯҳамсоягӣ байни сарони ду кишвар Шартнома ба имзо расонида шуд. Ҳамчунин, зимни сафари давлатӣ 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, 2 гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон расман ифтитоҳ гардид. Инчунин, ҷониби тарафҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи 500 млн. долари Штатҳои Мутаҳидаи Америка созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар доираи талаботи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, дар доираи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид бо дарназардошти аҳамияти таърихии 30-солагии имзои Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ, ба роҳ мондани рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷонибаи мутақобилан судманд, бо итминон изҳор доштанд, ки сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон минбаъд сарҳади дӯстии абадии ду кишвар ва ду ҳалқи бародар боқӣ мемонад. Ҳамчунин, сарони давлатҳо изҳор доштанд, ки барои рушди ҳамкорӣ дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ, маориф, варзиш, сайёҳӣ, тандурустӣ, тавсеаи ҳамкории дӯстии парлумони ду кишвар, ҳамлу нақли молу маҳсулот, сохтмон ва истифодаи роҳҳои мошингард, таъмини амният, идомаи талошҳои зарурӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар ва пурра ба кор андохтани лоиҳаи интиқол ва савдои неруи барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ – 1000 (CASA-1000), дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор тадибирҳои маҷмӯӣ меандешанд.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров таъкид доштанд, ки аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои обу иқлим пайваста ҷонибдорӣ менамояд. Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати пешбурди масъалаҳои рӯзномаи кӯҳӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ намуданд.
Сарони давлатҳо изҳори боварӣ намуданд, ки татбиқи созишномаҳои дар гуфтушунид дарҷшуда ба таҳкими беш аз пеши ҳамкории дуҷониба ва таҳкими робитаҳои дӯстӣ ба манфиати баланд бардоштани некӯаҳволии ҳалқҳои тоҷику қирғиз, инчунин ба таъмини сулҳу субот дар минтақа мусоидат мекунад.
Тибқи маълумотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 56 ҳазор нафар мардуми қирғиз зиндагӣ доранд, ки барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони онҳо 64 муассисаи таълимӣ бо забони қирғизӣ амал мекунад.
Кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон барои ду миллати ба ҳам дусту бародар марҳилаи нави рушдро замина гузошта, дар оянда ба дастовардҳои бузург ноил гарданд. Мо шаҳрвандон бояд ба қадри неъмати сулҳу дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ расем.
Сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои
таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ А.Садуллозода
Возможно, это изображение 1 человек и отдел новостей
 
 
 
Все реакции:
3030
 
АРТИШИ МИЛЛӢ – ПОЯГУЗОРИ СУЛҲУ СУБОТИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидбонгоҳи сарҳадии 1-уми Даҳана, Отряди сарҳадии 0341-и Саричашма вокеъ дар Ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Сайид Аслии Ҳамадонӣ бо ҳайати афсарону сарбозон дастархони идона ороста, ҳайати афсарону сарбозонро муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқзода Хурсанд Сафар аз номи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба муносибати ин санаи тақдирсоз табрику таҳният намуда, аз талошҳои пайваста ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бобати бунёди Артиши миллӣ ёдовари намуда иброз доштанд, ки Артиши Миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ дар солҳои аввали Истиқлолият ва дар шароити ниҳоят душвор таъсис ёфт. Дар ин раванд, саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун роҳбари давлат ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бениҳоят бузург мебошад. Артиши миллии мо 32 сол пеш, дар шароити вазнини иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсӣ, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва тамоми сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида буданд, аз сифр таъсис дода шуд:
 
Биё, эй ҳамватан, то ҷонфидои ин Ватан бошем,
Ба ҷон омодаи амру нидои ин Ватан бошем.
Канораш гарму роҳатбахш чун домони модарҳост,
Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем.
 
СУРАТГУЗОРИШАЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ
22 феврали соли 2025 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои тозагию озодагии маҳали зист, идораву иншоотҳои корӣ дар сохтумони бинои Агентӣ бо ҷалби роҳбарият ва кормандон шанбегӣ баргӯзор намуд.

КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «АРТИШИ МИЛЛӢ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН»

Дар санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васаеи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ва меҳмонон Конфренсияи илмӣ-амалиӣ дар мавзуи «Артиши миллӣ - сипари боэътимоди Ватан» баргузор гардид.
Дар кори конфронс директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа оид ба таълим ва корҳои методӣ Сафарӣ Умед Анвар, муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Сафарзода Бобоҷон Самад, сармутахассиси раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои олии таълимии Агентӣ, номзади илмҳои техникӣ, Алиев Фирдавс Алиевич сардори кафедраи забонҳои Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа Худоиева Наргис Нағзибекова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар қисмати аввали конфронс ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. ҳамаи иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, якояки онҳоро ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикстон табрику таҳният намуд. Номбурда зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бомдоди Истиқлоли давлатӣ гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардида, аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ тамоми дороияшро аз даст дод. Дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва эҳёи давлатдории навин сайъу кӯшиш ва ғайрату матонати фарзонафарзанди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Сарвари давлат аз рӯзи ба сари ҳокимият омадан дар таҳким бахшидани сулҳу субот дар баробари дигар рукнҳои давлатдорӣ ҷиҳати таъсиси Артиши миллӣ тадбирҳои муҳим андешида, 18-уми декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расониданд, ки он дар заминаи қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Яъне ба тарзи дигар, ҳеҷ меросе аз артиши собиқ шӯравӣ барои таъсиси ин ниҳод мавҷуд набуд. Зина ба зина бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат Артиши милли Тоҷикистон ба як нерӯи бузурги ҳарбӣ табдил ёфта, дар минтақа ва фаротар аз он ҷойгоҳи худро касб кард.
Дар сухани ифтитоҳии хеш директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода М.С. иброз дошт, ки Ватан чи қадар калимаи зебост ва он барои ҳар шахс муқаддас мебошад. Мавсуф зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ иро намуданд, ки “Ҳифзи Ватан вазифаи инсонии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор меравад”. Бо ифтихор метавон гуфт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо яке аз шоҳсутуни мамлакат ба ҳисоб меравад. Номбурда, афзуд, ки дар баробари афсарону сарбозон, мо низ чун афсари эҳтиётӣ бояд ҳамеша дар дифои Ватану миллат омода бошем ва таҳти ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар ҳар лаҳзаи зарурӣ саф ороставу майдондорӣ намоем.
Муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа оид ба таълим ва корҳои методӣ Сафарӣ Умед Анвар, муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Сафарзода Бобоҷон Самад, сардори кафедраи забонҳои Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа Худоиева Наргис Нағзибекова, сармутахассиси раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои олии таълимии Агентӣ, номзади илмҳои техникӣ, Алиев Фирдавс Алиевич дар суханрониҳои худ оид ба таърихи таъсису ташкили Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми Пешвои миллат дар ин самт муфассал маърӯза карданд. Ҳамчунин қайд намуданд, ки Пешвои миллат тавонистанд дар заминаи холӣ ва алангаи оташи ҷанги таҳмилли шаҳрвандӣ Қувваҳои мусаллаҳи кишварро таъсис диҳанд, ки аввалин сафороии ҳарбии он 23-юми февраи соли 1993 дар маркази шаҳри Душанбе бавуқуъ омад. Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо Артишии миллиамон ба як нерӯи пуриқтидор табдил ёфтааст, ки дар зарфи 32 сол тавонист барои ҳифзи марзу буми малакат, манофеъи миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саҳми назарраси худоро гузорад. Дар фароварди сухан иброз карда шуд, ки агар “сулҳ мехоҳӣ барои ҳифзи марзу бум омода бош”.
Дар фарҷоми конфронс муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва иделогии Донишгоҳ Шарифзода И.У. ёдовар шуд, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон хизматҳои Пешвои миллатро дар ин самт ҳамаҷониба қадршиносӣ намоянд ва аз ин оромиву осудагии кишвари биҳиштосои Тоҷикистон шукрона намоняд. Мавсуф қайд кард, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона иҷро намудааст, ифтихори волоест. Шаҳрвандон, бахусус ҷавонон бояд меҳани азизамонро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Пас аз анҷоми конфронси мазкур аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонон бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
 
 

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои маъмурии

хизмати давлатии холии зерин озмун эълон менамояд:

 

Дастгоҳи марказӣ  

1.Мудири бахши муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2560,25 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ;

2.Мутахассиси бахши назорат, коргузорӣ ва корҳои махсус – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

1.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1398,10 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд

        1.Сардори раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 4002,35 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

        2.Сармутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1995,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

        3.Мутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон

1.Мутахассиси пешбар – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ;

2.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар шаҳри Душанбе

1.Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1995,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ;

Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Ҳисор

1.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

 

Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт

1.Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

2.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби сардори раёсат:

–таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

– 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 7 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол обиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм;

– донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;

– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби мудири бахш:

 

 

 

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

– 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ;

– донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;

– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

 

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

– 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;

– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:

 

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;

– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.

Талаботи тахассуси барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:

 

– таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;

– малакаи хуби муошират;

– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.

 

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

 

– ариза ба унвони роҳбари мақомот;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 038УЕ;

– нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;

– маълумотнома оид ба доғи судӣ;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (СИН);

–нусхаи маълумотнома дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ;

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

– 2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4;

– маълумотнома (справка-объективка) бо акси ранга.

 

Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо

 

Саволнома 

Дастурамали мансабии мутахассиси шуъбаи умуми ва коргузории Агентӣ

Дастурамали мансаби мудири бахши муносибатҳои Агентӣ

МУЛОҚОТОИ КОРМАНДОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАГОНИ

АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАВЗӮИ: «КОРРУПСИЯ-ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА»

 

Рӯзи 30 январи соли 2025 дар толори Муассисаи таълимии хусусии Ҳоризон дар шаҳри Душанбе мулоқоти кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  иштироки директори Агении назорат дар соҳаи маориф ва илм – Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид, муовинони директори Агентӣ, сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Муқимӣ Нигора Аминзода, сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳмонзода Фаромарз, сардорони раёсату шуъба, бахшҳо ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мулоқоти мазкурро директори Агентӣ ифтитоҳ намуда, бо садо додани суруди миллӣ ба кори мулоқот оғоз бахшид.

Саидзода Муҳаммадтоҳир зимни суханронии худ мулоқоти мазкурро судманд ва саривақтӣ арзёби намуда, дар пешгирӣ ва коҳиш додани ҳолат ва хафҳои коррупсия унвон намуд.

Иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Бо мақсади мустаҳакам намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Қайд намуд, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Коррупсияро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамҷун ҷинояте мешуморанд, ки он натанҳо обруву эътибори давлатро дар арсаи байналмилалӣ заиф мегардонад, балки ба сулҳу субот ва истиқлолияти комили давлатҳо таҳдиду хатари бевосита мерасонад.

Мубориза бо коррупсия ҳамҷун самти афзалиятноки сиёсати давлат, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд, ки ба тавсиб расидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ «Дар бораи татбирҳои иловагӣ оид ба пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Мубориза ва муқовимат бо фасод ё худ коррупсия амалӣ дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақоми ваколатдори давлатӣ вогузор намуд, балки дар мубориза бурдан ба ин вабои аср тамоми мақомоти давлатӣ воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона иштирок намоянд.

Сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Муқимӣ Нигора Аминзода вобаста ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф ибрози андеша намуданд.

Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ва ба проблемаи байналмилалӣ мубадал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст.

Соҳаи маориф ва илмро яке аз бахшҳои бузургтарини давлат унвон намуда, андеша намуд, ки реша давонидани ин вабо дар соҳа ба паст гардидани сифати дониш ва ба нестӣ бурдани давлату миллат оварда мерасонад.

 Сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолн – Сафарзода Сафармад ва сардори раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ – Ализода Довуд вобаста ба нақши Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб ва нақши мулоқоти мазкур дар коҳиш додани вабо ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, баҳри пешгирии ин падидаи номатлуби замон ва паст кардани шиддати коррупсия аз нигоҳи худ таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Page 1 of 10

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35