wrapper

  Дар толори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2023 бо иштироки Директори Агентӣ – Саидзода Муҳаммадтоир Саид, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикичтон-Сафарзода Анвар, муовинони директор, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ, ҳамзамон, намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.

    28-уми июли соли 2023 дар маҷлисгоҳи Агентӣ таҳти раёсати директори Агентӣ-Саидзода Муҳаммадтоир ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

  5-уми июли соли ҷорӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба љамъбасти фаъолияти Агентӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2023 баргузор гардид.

  Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии моддӣ ва маънавии оилаҳои ниёзманд ва маъюбону бепарасторон дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ва ба муносибати Иди Саиди Қурбон ба 10 оилаҳои ниёзманд ва маъюбону бепарастор маводи ғизоӣ аз қабили орд, макарон, шакар, картошка, пиёз, сабзӣ, тухм, равған, биринҷ ва тарбуз дастрас карда шуд. https://luxcompanions.com.au

    Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Директори Агентӣ - Саидзода Муҳаммадтоир Саид, корманди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Дастгоҳи марказии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи хизматчиёни давлатӣ ҷаласаи ҷашнӣ баргузор гардид.

  20-уми июни соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Пайрав”-и Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ҳомидзода Насимҷон-намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Наботов Шукрулло–муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Турсунова Маъмурхон-намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Содиқзода Хурсанд-муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии мазкур маҷлиси ҳисоботии ҳизбӣ оид ба ҷамбасти фаъолияти ташкилот дар соли 2023 баргузор шуд.

  Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сафарализода Хуҷамурод Қудусӣ-номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент, Мудири кафедраи “Равандҳои сиёсӣ”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Сиёсати иҷтимоии давлат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дар партави сиёсати миллӣ барои давраи то соли 2030” бо иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ хониши идоравӣ баргузор гардид.

 Таҳти раёсати директори Агентӣ-Икром Субҳонзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, намояндагон аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки дар сохторашон муассисаи таълимӣ доранд, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таълимии зинаи таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи ва олии касбӣ иштирок намуданд.

  Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Самандари Қаландар-ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсияи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ хониши идоравӣ баргузор гардид.

   Дар бинои Агентӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи якуми соли 2023 баргузор гардид.

  Дар ҷаласа директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода Икром, намояндагони Вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, намояндагони шурои ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, васоити ахбори омма, сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм иштирок доштанд.

Page 10 of 16

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35