Баргузории чорабинии тантанавӣ дар мавзуи “Паём раҳнамои рушди маориф” ва таҷлили иди артиши миллӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Панҷшанбе, Фев 23 2023
- Агентӣ
Дар толори Агентӣ чорабини дар мавзӯъи “Паём роҳнамои рушди маориф” ва таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ баргузор гардид.
Дар он Субҳонзода Икром-директори Агентӣ, Содиқӣ Насиба Нуруллозода-Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидзода Иззатулло Ҳабибулло директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Агентӣ иштирок намуданд.
Чорабинии мазку бо садо додани Суруди милли оғоз гардид.
Дар чорабини мазкур нахуст директори Агентӣ-Субҳонза Икром баромад намуда меҳмононро муаррифи намуда, Артиши миллиро ҳамчун омили сулҳу субот ва тинҷию осудагии миллати тоҷик арзёби намуда, дар ташкил ва ташаккули артиши миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро беназир арзёбӣ намуд.
Сипас, маърӯзаҳои Содиқӣ Насиба Нуруллозода-Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саидзодаи Иззатулло Ҳабибулло директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масълаҳои соҳаи маориф дар Паёми Пешвои миллат ва нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ташкилу таъмини артиши миллӣ баромад намуданд.
Баъдан дар чорабинии мазкур Сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе-Маҳмадова Тоҷиниссо баромад намуда, ҳозиринро бо Иди артиши милли табрику муборакбод намуд.






Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- ТОЗАЮ ОЗОА НИГОҲ ДОШТАНИ ҲАР ЯК ГӮШАИ ВАТАН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!
- БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД
- БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТЕБЕИ МАРКАЗ
- БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ПОЙТАХТ
- ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ