wrapper

      17 феврали соли 2022 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқгардида бо иштироки доираи васеи кормандон дар самти муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ доир гардид, ки дар он намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» диққати махсус дода мешавад ва аз ҷониби кормандони мақомоти дахлдор дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Баҳри таъмини иҷрои бандҳои 1, 2, 11, 23, 24, 36, 40, 41, 44, 48 ва 60-и Стратегияи  мазкур аз тарафи Сарраёсат чораҳои зарурӣ андешида шуда, барои амалӣ намудани он мутасаддиён ба мақомоту кумитаю вазорату идораҳо тибқи нақша сафарбар карда мешаванд.

   14 феврали соли 2022 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.

   6 январи соли 2022 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа-Оқилзода Нурулло, ҳайати васеи кормандон, аъзои мушовараи Агентӣ, намояндагони вазорату идораҳо, Раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ ҷаласаи мушовара «Оид ба ҷамбасти фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022» баргузор гардид, ки дар он тамомаи самтҳои фаъолияти солонаи Агентӣ аз ҷониби директори Агентӣ Шоҳин Саидзода таҳлилу баррасӣ гардид.

Тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии нобиноёни шаҳри Ҳисор аз ҷониби роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи соли нави мелодӣ.

  Дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7-уми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид, ки дар он Шоҳин Саидзода – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинон, сардорони раёсату шуъба, мудирони бахш, кормандони  раёсату шуъбаҳои минтақавӣ ва иҷрокунандаи вазифаи  раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. 

 Баргузории ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Назоратчӣ» дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳманс

  Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Назоратчӣ» бо иштироки кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Вализода Муҳаммад доир гардид.

   Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми июли соли 2021 бо иштироки роҳбарияти агентӣ, аъзои ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои агентӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

  19 июли соли 2021 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф  ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои ҳайати мушовараи агентӣ, Нурулло Оқилзода - мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Шодиев Мирзошариф – сардори раёсати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату кумитаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сардорону мудирони  раёсату шуъба ва бахшҳои агентӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ҷаласаи мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 баргузор гардид.

   16 июли соли 2021 бо ташаббуси кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод кумак (маводи хӯрока) расонида шуд.

  Рўзи 14 майи соли равон аз ҷониби роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як сокини  аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади расонидани дасти ёрӣ,  аз  қабили орд, равған, биринҷ, маҳсулотҳои макаронӣ, картошка, пиёз, қанд ва дигар маҳсулотҳои хурокворӣ кумак  расонида шуд.

Page 9 of 11

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35