wrapper

  Тибқи ҷадвали қабули шаҳрвандон рӯзи 15.04.2022 дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарият, қабули шаҳрвандон ҷиҳати баррасии дархосту саволҳояшон  баргузор гардид.  

  Дар асоси дастуру супоришҳо ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба идҳои бузурги давлатӣ Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ аз ҷумла имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам ободу зебо, сабзу хурамгардонии шаҳри Душанбе  шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд.

  11 апрели соли 2022 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон, аъзои мушовараи Агентӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ ҷаласаи мушовара «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семоҳаи аввали соли 2022»  доир гардид, ки дар он тамоми паҳлуҳои фаъолияти Агентӣ дар семоҳаи аввали соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

  Рӯзи 30.03.2022 дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2021 бо иштироки намояндагони  муассисаҳои таълимӣ ҷамъбаст гардид, ки натиҷааш чунин аст:

  Санаи 19-уми марти соли 2022 дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии бо иштироки роҳбарият, кормандони Агентӣ ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз бо шукӯҳ таҷлил гардид. Суратгузориш аз рафти чорабиниҳои Наврӯзӣ. 

  Санаи 16.03.2022 роҳбарият, кормандони раёсату шуъбаҳо дар остонаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии кишвар аз намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дидан намуданд.

      17 феврали соли 2022 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқгардида бо иштироки доираи васеи кормандон дар самти муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ доир гардид, ки дар он намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» диққати махсус дода мешавад ва аз ҷониби кормандони мақомоти дахлдор дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Баҳри таъмини иҷрои бандҳои 1, 2, 11, 23, 24, 36, 40, 41, 44, 48 ва 60-и Стратегияи  мазкур аз тарафи Сарраёсат чораҳои зарурӣ андешида шуда, барои амалӣ намудани он мутасаддиён ба мақомоту кумитаю вазорату идораҳо тибқи нақша сафарбар карда мешаванд.

   14 феврали соли 2022 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.

   6 январи соли 2022 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа-Оқилзода Нурулло, ҳайати васеи кормандон, аъзои мушовараи Агентӣ, намояндагони вазорату идораҳо, Раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ ҷаласаи мушовара «Оид ба ҷамбасти фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022» баргузор гардид, ки дар он тамомаи самтҳои фаъолияти солонаи Агентӣ аз ҷониби директори Агентӣ Шоҳин Саидзода таҳлилу баррасӣ гардид.

Тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии нобиноёни шаҳри Ҳисор аз ҷониби роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи соли нави мелодӣ.

Page 6 of 9

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35  

Copyright © 2024 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. All Rights Reserved. Designed by IBlove