Нахуст, дар кори конференсия бо сухани ифтитоҳӣ Саидзода Муҳаммадтоир Саид–директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аҳамияти суҳу субот дар зери парафшонии Парчами ватани маҳбубмон баромад намуд. Инчунин, Назарализода Дилафрӯз–муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парчами нангу номи мо – пораи ҷисму ҷони мо», Қодирзода Далер Сайфулло–декани факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парчам–рамзи муттаҳидгару муаррифгари миллат: хусусиятҳои таърихӣ ва ҳуқуқӣ», Шодӣ Раҷабзод – муҳаррири нашрияи «Омӯзгор» дар мавзуи «Парчам-рамзи давлатдории миллати тоҷик», Сафаров Соҳибназар–мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии муассисањои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ дар мавзуи “Парчами давлатӣ- таҷассумгар ва ифтихори миллати мо”, Саидзода Манучеҳр–сармутахассиси раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Парчам-рамзи ваҳдату ягонагӣ», Исоев Амирҷон–нозир- референти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парчами давлатӣ-рамзи истиқлолият ва ифтихори миллӣ» бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар рафти ҷаласаи мазкур дар бораи аҳамияти таърихӣ доштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусиятҳои Парчами миллӣ, гиромидошти Парчами миллӣ, парчам ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва аҳамияти парафшонии Парчами миллӣ дар фазои сулҳу суботи ватани азизамон аз ҷониби баромадкунандагон ва иштирокдорони конфронс суҳбат ва саволу ҷавоби озод сурат гирифт.