wrapper

  Дар асоси нақшаи кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20.02.2024 дар маҷлисгоҳи муассисаи таълимии давлатии Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи васеъи раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди эълони намудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва бахшида 30 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардорону мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, директорон ва муҳосибони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирон ва сармуҳосибҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва варзиш баргузор гардид.
  Дар ҷаласаи мазкур намояндаи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода – подполковники адлия - сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд иштирок намуд.
  Сараввал сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимзода Ҷаҳонгир Салим ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро ба ҳадафу мақсадҳои ҷамъомад шинос намуда, зикр кард, ки эълон гардидани соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ моро водор месозад баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шахрвандон, хосатан маъорифчиён аз тамоми имкониятҳо самарнок истифода намоем.
Сипас, сухани навбатӣ ба намояндаи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода – подполковники адлия - сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дода шуд.
  Номбурда доир ба эълон гардидани соли 2024 - Соли маърифати ҳуқуқӣ ва шарҳу тавзеҳоти Паёми Пешвои муаззами миллат ба сухан баромада қайд кард, ки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 аз 30 декабри соли 2023 №668, ба имзо расид. Мақсад аз ба тавсиб расидани фармони мазкур, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волояти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ ва ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат мекунад.
  Ҳамчунин дар ҷаласа зикр гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати падидаи нав дар амалияи конститутсионии кишвар бешубҳа санади муайянкунандаи дурнамои ҷомеа эътироф шудааст, зеро дар он дастовардҳои дирӯзу имрӯз таҳлил гардида, имкони фароҳам овардани шароит барои дастовардҳои ояндаи кишвар муайян мегардад.
  Ҳамзамон зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳои муҳим ба бахши маориф ишора намуда, таъкид доштанд, ки “...рушди соҳаи маориф, минбаъд низ самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.”
  Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтсоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини масъулини соҳаи маориф мебошад.
Инчунин дар идомаи ҷаласа, шурои 1-уми раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар соли 2024 баргузор гардид, ки дар ҷаласаи шуро 54 масъала аз ҷумла, 38 масъалаи аттестатсия, 14 масъалаи аккредитатсияи давлатӣ ва 2 иҷозатномадии муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
 
 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35