ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
6-уми сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ конфренсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Муҳаммадтоир Саидзода – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, муовин, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тољикистон Ализода Баҳриддин, роҳбарият ва кормандони коллеви номбурда, иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Муҳаммадтоир Саидзода ҳозиринро бо ҷашни истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, вобаста ба дастовардҳои даврони Истиқлолият дар самтҳои маорифу илм, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу кишоварзӣ ва саҳми бузурги хизатҳои шабонарӯзӣ ва талошҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани Истиқлолият маъруза ироа намуданд.
Дар идома директори муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Баҳриддин, кормандони Агентїӣ дар самти дастовардҳои мамлакат дар 33 соли соҳибистиқлолии мамлакат маърузаҳо пешниҳоди иштирокдорони конференсияи мазкур гардонида шуд.
Дар анҷоми ҷаласа ба якчанд нафар кормандони фаъоли Агентии ва директори коллеҷ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи маориф ва илм бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.