wrapper

  31-уми октябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи Агентӣ таҳти раёсати директори Агентӣ-Саидзода Муҳаммадтоир ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

  Дар ҷаласаи мазкур аъзои ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, намояндагон аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки дар сохторашон муассисаи таълимӣ доранд, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таълимии зинаи таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи ва олии касбӣ иштирок намуданд.

  Дар ҷаласаи мазкур 44 масъала, аз ҷумла, натиҷаи аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ, ташхиси иҷозатномадиҳӣ, натиҷаи сатҳу сифати таҳсилоти муассисаҳои таълимӣ ва тасдиқи қарорҳои шурои раёсату шуъбаҳои минтақавии Агентӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

 Дар рафти баррасии масъалаҳои баррасишуда, директори Агентӣ-Саидзода Муҳаммадтоир ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, тибқи талабот гузаронидани омӯзгорон аз курси такми ихтисос, дурус истифода бурдани усулҳои муосири таълим дар рафти машғулиятҳо, назорати иҷрои пурраи нақшаю барномаҳои таълимӣ, иҷрои босифати Стандарти давлатии таҳсилот, ичрои барномаҳои қабулшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи стандарти давлатии таҳсилот қабул намудани хонандагон дар синфҳо, самти эҷодкории омӯзгорон, чопи мақолаҳои илмию оммавӣ, китобҳои дарсӣ, омилҳои баланд гардидани сифати таҳсилот ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва масъулини соҳа, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

  Дар рафти ҷаласаи мазкур тъкид гардид, ки дар доираи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ҷоннок карда шуда, ҷиҳати иҷрои ҳатмии қарорҳои ҳайати мушовара чораҳои дахлдор андешида шавад.

   Пас аз муҳокимаи масъалаҳо бо назардошти пешниҳоду тавсия ва эродҳои гирифташуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35