wrapper

   Дар маҷлисгоҳи Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо иштироки кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолон», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Рушди роҳнавард», Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисону роҳбарони марказҳои таълимӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд дар мавзуи “Нақши марказҳои таълимӣ дар соҳибкасб гардидани шаҳрвандон” семинари машваратӣ доир гардид.

  Саравал, бо сухани ифтитоҳӣ директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода баромад намуда, саҳм ва нақши фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагиро дар фаро гирифтани ҷавонон ба касбомӯзӣ баҳогузорӣ намуда, аз камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ изҳорӣ нигаронӣ кард.

  Сипас, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими каслонсолони Агентӣ, сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ  ва иловагии Агентӣ, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти марказҳои омӯзишии забономӯзӣ ва касбомӯзӣ баромад намуданд.

  Дар фарҷом ба намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолон», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Рушди роҳнавард», Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи автомобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ва саҳми арзандаашон дар сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ифтихорнома”-и Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35