wrapper

    Роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон, кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва кормандони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе  конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон - ҳомии Истиқлолияти давлатӣ ва меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ» баргузор намуданд.

    Таҷлили ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз  гардид.

Сипас, дар конференсияи мазкур  Муҳаммадтоир Саид – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати навини тоҷикон», Асҳобиддини Шералӣ – директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Президент - меъмори сулҳу ваҳдат ва бунёдгузори маорифи миллӣ», Аминӣ Алишер – муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсияи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ», Файзуллоев Меҳроб – сармутахассиси раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар мавзуи: «Нақши Президент дар рушди иқтисоди миллӣ», Абдуманонзода Муҳаммадсидиқ – мутахассиси шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон- наҷотбахши миллат», Ниёзов Асомиддин – омӯзгори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе дар мавзуи: «Эмомалӣ Раҳмон - Президенти сулҳофар», Мустафозода Абдуҳалим – сармутахассиси раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар таъмини сулҳи  тоҷикон» баромад намуданд.

    Дар рафти ҷаласаи мазкур, инчунин, иштирокдорон зимни музокира вобаста ба хизматҳои Пешвои миллат ва саҳми ӯ дар тамоми робитаҳои қишри ҷомеа ва аҳамияти қадршиносии фарҳанг, забон, арзишҳои миллӣ, рукнҳои асосоии пойдории давлат ва муҳаё кардани шароити созгор, таъмини сулҳу субот барои ин сарзамини биҳиштосо андешаҳои судманд ироа намуданд.

   Дар фарҷом аз ҷониби хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе барои иштирокдорон чорабинии фарҳангӣ баргузор карда шуд. 

    Баъд аз фарҷоми чорабинии фарҳангӣ дар саҳни бинои муассисаи таълимӣ ба ифтихори сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон акси хотиравӣ гирифта шуд.

 

 

 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35