wrapper

БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ПОЙТАХТ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои банди 6 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2025, №2 вохӯрии роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маорифи пойтахт бо иштироки директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид, муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқзода Хурсанд, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Маҳмадзода Тоҷиниссо, сармутахахасиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷалилзода Маъруф, муовини раисони ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, сарпарастони соҳа, кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати он дар шаҳри Душанбе, Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии буҷетии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид баромад намуда, ҳозиринро бо мақсади вохурӣ шинос намуда, дар якҷоягӣ рузномаи вохӯриро тасдиқ намуданд. Зимни сухаронии худ директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм – Саидзода Муҳаммадтоҳир қайд намуд, ки имрӯз низоми таҳсилот ба яке аз тарзҳои истеҳсолоти сармояи инсонӣ табдил ёфтааст, ки ҷузъи муҳими таркибии он иқтидори зеҳнии ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар даврони муосир нақши омили инсонӣ сол то сол муҳим арзёбӣ гардида, на танҳо ба рушди иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ мусоидат мекунад, балки дар марҳилаи нави рушди башарият ҳамчун қувваи асосии пешбаранда муайян карда шудааст, ки рушди иҷтимоиро таъмин менамояд. Низоми таҳсилот – ояндаи насли инсон мебошад. Низоми таҳсилот – омили муҳими муносибати самимона ва инсонгароӣ дар ҷомеа ба шумор рафта, ҳаракати тамаддунро ба самти озодии комили инсон равона месозад. Дониш неруи асосии одамони босавод, бомаърифат маҳсуб ёфта, ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро амалӣ ва суръати рушди онро дар тамоми самтҳо таъмин менамояд. Пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад. Бесабаб дар Тоҷикистон рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашудааст. Зеро таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи иқтисодиёту сиёсат ва иҷтимоиёту фарҳанг аз омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад. Қайд намуданд, ки илму маориф дар сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода шудааст. Зеро Президенти кишвар таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар ва пайвастани илм бо истеҳсолотро ба унвони роҳи асосии раҳоӣ аз бунбаст ва расидан ба ҳадафҳои бузурги оянда муаррифӣ намудаанд. Иброз доштанд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, баҳри рушди соҳа ва ҳамқадами замона гардонидани он тамоми тадбирҳоро амалӣ намудаистодааст.

Дар идома, Маҳмадзода Тоҷиниссо ва Исмоилзода Баҳром Мансур оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, ҳолати кунунии рушди соҳа, дурнамои он, кабудиҳои ҷойдошта, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омилҳои таъсиррасони он, сифат ва самаранокии фаъолияти таълимиву тарбиявии муассисаҳои таълимии пойтахти кишварро дар давраи сипаригардидаи соли 2025 баромад намуданд.

Дар ҷамъбаст, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид ҳамаи иштирокчиёни вохӯриро бо фаро расидани оғози соли таҳсил ва ҷашни муқадасси миллӣ Истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона шодбош намуда, бо итминон иброз дошт, ки аҳли маориф ва ҷомеаи кишвар махсусан маорифи шаҳри Душанбе бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии хеш саҳми арзанда мегузоранд.

 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35