ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ЭКСПОЗИТСИЯИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ЭКСПОЗИТСИЯИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ

Бо мақсади таҳкими ифтихор аз истиқлолу озодӣ ва арҷгӯзорӣ ба таъриху тамаддуни бостонии миллати тоҷик, санаи 18 марти соли 2026 роҳбарият ва кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз экспозитсияи Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.
Дар воқеъ Осорхонаи миллӣ яке аз марказҳои муҳими фарҳангӣ ва маънавии ҳар як давлат ба шумор меравад. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ҷойгир аст, таъриху фарҳанг ва мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ба таври васеъ ба намоиш гузошта шудааст. Осорхонаи миллӣ на танҳо макони нигоҳдории осори гузашта, балки омили муҳими тарбияи маънавӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Он ба ҳар як шаҳрванд ёдрас мекунад, ки миллати тоҷик дорои таърихи пурғановат ва фарҳанги беназир аст ва ҳифзи ин мерос вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Осорхонаи миллӣ дар нигоҳдорӣ ва ҳифзи мероси таърихӣ нақши калидӣ мебозад. Дар он ҳазорҳо ашёи нодир, аз ҷумла бозёфтҳои бостоншиносӣ, дастхатҳои қадима, асарҳои санъат ва ашёи рӯзгори гузашта нигоҳ дошта мешаванд. Ин ганҷинаҳо ба мо имкон медиҳанд, ки бо гузаштагони худ ошно шавем ва дарк намоем, ки миллати тоҷик дорои таърихи куҳан ва фарҳанги ғанӣ мебошад.
Осорхонаи миллӣ ба баланд бардоштани худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат мекунад. Ҳангоми тамошои экспонатҳо, шахс эҳсос мекунад, ки ба як миллати бофарҳанг ва тамаддунофар тааллуқ дорад. Ин эҳсос, махсусан дар байни ҷавонон, ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣро тақвият медиҳад.
Осорхонаи миллӣ дар тарбияи насли ҷавон аҳамияти бузург дорад. Барои хонандагону донишҷӯён, осорхона як мактаби иловагӣ мебошад, ки онҳо метавонанд донишҳои назариявии худро бо далелҳои воқеӣ мустаҳкам намоянд. Экскурсияҳо, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ ба баланд шудани сатҳи маърифат ва ҷаҳонбинии ҷавонон мусоидат мекунанд.
Осорхона ҳамчун василаи муаррифии миллат ба ҷаҳониён хизмат мекунад. Меҳмонони хориҷӣ бо тамошои экспонатҳои Осорхонаи миллӣ бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои тоҷикон ошно мегарданд. Ин раванд ба баланд гардидани обрӯи байналмилалии кишвар мусоидат мекунад.
Осорхонаи миллӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ низ саҳмгузор аст. Шиносоӣ бо таърихи умумӣ ва арзишҳои муштарак мардумро ба ҳам наздик намуда, ҳисси ягонагӣ ва ҳамбастагиро тақвият медиҳад.
ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои ниёзманд, ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат табдил ёфтааст. Расонидани кумак ба афсарону сарбозон ва оилаҳои ниёзманд дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Он ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, таҳкими суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа замина мегузорад. Ҳамзамон, чунин иқдомҳо ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллиро дар қалби шаҳрвандон тақвият медиҳанд.
Афсарону сарбозон ҳамчун муҳофизони истиқлолу амнияти кишвар мақоми махсус доранд. Онҳо бо садоқат ба Ватан хизмат намуда, оромии ҷомеаро таъмин мекунанд.
Ҳамзамон, дастгирии оилаҳои ниёзманд яке аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Оилаҳое, ки ба кӯмак эҳтиёҷ доранд, бо кумакпулиҳо, имтиёзҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои гуногуни давлатӣ фаро гирифта мешаванд. Ин тадбирҳо ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии онҳо мусоидат мекунанд.
Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, инчунин ба тарбияи маънавии ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дастгирии якдигар аз муҳимтарин ҳадафҳо ба шумор мераванд. Чунин сиёсат ба ташаккули ҷомеаи солим ва муттаҳид мусоидат мекунад.
Ғайр аз ин, ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои хайриявӣ, аёдати оилаҳои сарбозон ва расонидани кӯмакҳои амалӣ аз ҷониби ташкилотҳо ва шахсони алоҳида, намунаи олии инсондӯстӣ ва ҳамдилӣ мебошад. Ин иқдомҳо на танҳо ниёзмандонро дастгирӣ мекунанд, балки рӯҳияи ҳамбастагӣ ва меҳру шафқатро дар ҷомеа таҳким мебахшанд.
Дар ин замина Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди саиди фитр ва ҷашни байналмилалии Наврӯз ба яке аз қисмҳои низомии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва оилаҳои ниёзманди ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маводҳои ғизоӣ дастрас намуд.
НАВРӮЗ - ҶАШНИ НИЁГОНИ МО
НАВРӮЗ - ҶАШНИ НИЁГОНИ МО
Осори зиёди таърихию фарҳангии ниёгони мо пайдоиши Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Фирдавсии бузургвор ҷашни Наврӯзро чунин ба қалам додааст:
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Бунёдгузории тахти Ҷамшед дар замони Дориюши бузург ва ба фармони ӯ оғоз шуд, вале итмоми бинои шаҳру кох ва толорҳои пазироии он то панҷоҳуяк сол давом карда дар замони Ардашери аввал ифтитоҳ шудааст.
Аз ҷумла Ҳаким Фирдавсӣ дар яке аз бобҳои оғози “Шоҳнома” овардааст, ки Ҷамшед баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони ҳукмронии хеш бо ёрии фарри каёнӣ тахте бисохт ва онро бо дурру гавҳар биёрост ва чун нахустин бор девҳо, ки дар итоати Ҷамшед буданд, тахтро ба дӯш гирифта, аз замин боло шуданд, нури офтоб ба чеҳраи Ҷамшед ва бар тахти ӯ метобид ва инъикос шуда дурахш мекард. Мардум ин ҳодисаро дида, ба ҳайрат афтоданд ва он рӯзро “рӯзи нав” номиданд, ки он ба рӯзи 1-уми моҳи ҳамал (21-уми март) рост меомад. Аз ҳамин сабаб дар адабиёт ва ривоятҳову устураҳои таърихӣ шоҳ Ҷамшедро асосгузори Наврӯз номидаанд. Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, рӯзи шодӣ, рӯзи бахшиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ аст. Тамоми мавҷудоти зинда дар ин вақт дубора эҳё мешаванд.
Яъне дар байни қавмҳои ориёӣ Наврӯз муқаддастарин ва волотарин ҷашн ҳамзамон инъикосгари расму ойини мардумист. Он пайванди ногусастании наслҳоро мемонад, ҳарчанд ки дар давоми мавҷудияташ борҳо дучори таъқибу хорӣ ва нобудӣ гашта буд.
Бояд зикр кард, ки Наврӯз инъикосгари таърихи фарҳанг, расму ойин ва анъанаву тамаддуни миллати тоҷик мебошад, ки гузаштаву имрӯз ва фардои наслҳоробо ҳам мепайвандад ва худшиносию худогоҳиро дар дили онҳо парвариш менамояд. Наврӯз дар тӯли таърих бо номҳои гуногун - иди Наврӯз, иди соли нав, иди сари сол, ҷашни фарвардин, ҷашни баҳорӣ, Наврӯзи ҷамшедӣ, Наврӯзи султонӣ, Наврӯзи ҷалолӣ ва ғайра ёдоварӣ шудааст.
Таҷлили Наврӯз дар даврони Сосониён рушд ёфт ва дар аҳди ин даврон шаш рӯз ҷашн гирифта мешуд. Ҷашни Наврӯз то ба имрӯз шукӯҳу шаҳомат ва таровати хос дошта, байни мардуми эронитабор маълуму машҳур гаштааст. Ба ин ҷашн дар тамоми дунё мардуми зиёде, новобаста аз нажоду миллат, дилбастагӣ ва таваҷҷуҳ доранд.
Наврӯз аз замони пайдоишаш то имрӯз тараннумгари зебоиву накӯӣ буда, сифатҳои эҳёгариро ҷузъи ҷудонопазири инсон ва табиат мешуморад.
Барои амалӣ намудани ормонҳои гузаштагони худ покии зоҳирӣ – покии тану ҷомаю хона ва деҳу шаҳру кишвар ва покии ботин – қалбу андеша, некӣ (меъёри амали худ қарор додани пиндори нек, рафтори нек ва гуфтори нек) ростӣ, адлу дод ва амсоли инҳо бояд ҳар як инсони ҷомеа ҷидду ҷаҳд ва саъю кӯшиш намояд.
Зи кӯи ёр меояд насими боди Наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мададхоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Наврӯз дар бисёр кишварҳо, хусусан дар Осиёи Миёна, Эрон, Туркманистон, Афғонистон ва дигар минтақаҳо бо ҷашни бузург ва анъанаҳои гуворо ва аҷиби худ ҷашн гирифта мешавад. Яке аз анъанавиҳои муҳими Наврӯз тайёр кардани таомҳои хос ва хӯрдани онҳо бо оила ва дӯстон мебошад. Дар байни онҳо "суманак" яке аз маъруфтарин таом аст, ки аз гандум тайёр мешавад ва рамзи ҳосил бомаром, шодиву иқбол аст. Наврӯз барои пешбурди муҳаббат ва бародарӣ байни одамон аст. Дар ин рӯз, одамон якдигарро бо дуоҳои хуб ва хушбахтӣ мебаранд ва онҳоро барои як соли пурра аз ҷиҳати маънавӣ ва ҷисмонӣ дуруст бо хираду иродаи тоза шод мекунанд.
Барои тоҷикон Наврӯз як ҷашн, бо аҳамияти фарҳангӣ ва маънавӣ аст. Ин ҷашн дар байни мардуми тоҷик як рӯйдоди фархунда ва муҳим ба шумор меравад, ки дар он хонаводаҳо ва мардум бо якдигар ҷамъ омада, боз ҳамдигарро бо хайр ва шодии нав тӯҳфа мекунанд. Наврӯз дар қалбҳои мардум ёдҳои шод ва давраи назаррас дар зиндагии одамон ба вуҷуд меорад. Баҳор на танҳо дар табиат, балки дар руҳи инсон низ эҳё мешавад.
Ин ҷашн хосиятҳои раванди руҳии инсонро бозгӯ мекунад ва рамзи он аст, ки ҳар як инсон метавонад бо нияти тоза ва хиради нав ба ҳаёти худ назар кунад. Барпо кардани рамзи тозаии табиат, барқарор кардани муҳаббат ва эҳтиром ба табиат ва ё фаромӯш кардани иштибоҳҳо ва ношоистагиҳо — ҳамаи ин барои навсозии ҳаёти инсонҳо муҳим аст.
Наврӯз як ҷашн аст, ки танҳо як рӯзи тоза ва шодӣ нест, балки боиси тағйироти амиқ дар қалб ва маънавияти одамон мебошад. Ин рамзи ҳосили бомаром ва муҳаббат аст ва барои омадани баҳор ва эҳёи табиати нав оғоз мешавад.
Шукӯҳу тантанаҳои наврӯзӣ гувоҳи он мебошанд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушти фарҳанги миллӣ ва эҳёи суннатҳои бостонӣ арҷ гузошта, барои пойдори ва боз ҳам ғанӣ гардонидани онҳо пайваста иқдом менамоянд.
Тамоми оинҳои ниёгони наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебопарастӣ ҳидоят намоянд.
Айёми баҳор омад, Наврӯз муборак бод,
Илҳоми баҳор омад, Наврӯз муборак бод,
Кардем видоъ бо дай, нӯшед зи ҷоми май ,
Шодӣ ба канор омад, Наврӯз муборак бод .
Омад-омади ин ҷашни бузурги аҷдодиро миллати тоҷик имрӯзҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Наврӯз дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Одамон пеш аз ид хонаҳояшонро тоза менамоянд ва занҳо ба пӯхтани таомҳои миллӣ машғул мешаванд.
Яке аз таомҳои миллӣ Суманак мебошад, ки он ифодагари ин ҷашн аст. Дар рӯзи ид одамон бо либосҳои идона вориди ҷашнгоҳ мешаванд ва дастархони идона ташкил медиҳанд. Занҳо хони идонаро бо нозу неъматҳои “ҳафт сину ҳафт шин” оро медиҳанд. Бачаҳо бошанд, ба ҳаргуна бозиҳо машғул мешаванд. Ҳамин тавр, имрӯзҳо ин ҷашни аҷдодӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон бо як шукӯҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.
Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Мутаҳҳид Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад.
Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ бошукӯҳ таҷлил менамоем.
Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Бобоев Сайрам-мутахассиси пешбари риаёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон
НАВРӮЗ - ҶАШНИ НИЁГОНИ МО
НАВРӮЗ - ҶАШНИ НИЁГОНИ МО

Осори зиёди таърихию фарҳангии ниёгони мо пайдоиши Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Фирдавсии бузургвор ҷашни Наврӯзро чунин ба қалам додааст:
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Бунёдгузории тахти Ҷамшед дар замони Дориюши бузург ва ба фармони ӯ оғоз шуд, вале итмоми бинои шаҳру кох ва толорҳои пазироии он то панҷоҳуяк сол давом карда дар замони Ардашери аввал ифтитоҳ шудааст.
Аз ҷумла Ҳаким Фирдавсӣ дар яке аз бобҳои оғози “Шоҳнома” овардааст, ки Ҷамшед баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони ҳукмронии хеш бо ёрии фарри каёнӣ тахте бисохт ва онро бо дурру гавҳар биёрост ва чун нахустин бор девҳо, ки дар итоати Ҷамшед буданд, тахтро ба дӯш гирифта, аз замин боло шуданд, нури офтоб ба чеҳраи Ҷамшед ва бар тахти ӯ метобид ва инъикос шуда дурахш мекард. Мардум ин ҳодисаро дида, ба ҳайрат афтоданд ва он рӯзро “рӯзи нав” номиданд, ки он ба рӯзи 1-уми моҳи ҳамал (21-уми март) рост меомад. Аз ҳамин сабаб дар адабиёт ва ривоятҳову устураҳои таърихӣ шоҳ Ҷамшедро асосгузори Наврӯз номидаанд. Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, рӯзи шодӣ, рӯзи бахшиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ аст. Тамоми мавҷудоти зинда дар ин вақт дубора эҳё мешаванд.
Яъне дар байни қавмҳои ориёӣ Наврӯз муқаддастарин ва волотарин ҷашн ҳамзамон инъикосгари расму ойини мардумист. Он пайванди ногусастании наслҳоро мемонад, ҳарчанд ки дар давоми мавҷудияташ борҳо дучори таъқибу хорӣ ва нобудӣ гашта буд.
Бояд зикр кард, ки Наврӯз инъикосгари таърихи фарҳанг, расму ойин ва анъанаву тамаддуни миллати тоҷик мебошад, ки гузаштаву имрӯз ва фардои наслҳоробо ҳам мепайвандад ва худшиносию худогоҳиро дар дили онҳо парвариш менамояд. Наврӯз дар тӯли таърих бо номҳои гуногун - иди Наврӯз, иди соли нав, иди сари сол, ҷашни фарвардин, ҷашни баҳорӣ, Наврӯзи ҷамшедӣ, Наврӯзи султонӣ, Наврӯзи ҷалолӣ ва ғайра ёдоварӣ шудааст.
Таҷлили Наврӯз дар даврони Сосониён рушд ёфт ва дар аҳди ин даврон шаш рӯз ҷашн гирифта мешуд. Ҷашни Наврӯз то ба имрӯз шукӯҳу шаҳомат ва таровати хос дошта, байни мардуми эронитабор маълуму машҳур гаштааст. Ба ин ҷашн дар тамоми дунё мардуми зиёде, новобаста аз нажоду миллат, дилбастагӣ ва таваҷҷуҳ доранд.
Наврӯз аз замони пайдоишаш то имрӯз тараннумгари зебоиву накӯӣ буда, сифатҳои эҳёгариро ҷузъи ҷудонопазири инсон ва табиат мешуморад.
Барои амалӣ намудани ормонҳои гузаштагони худ покии зоҳирӣ – покии тану ҷомаю хона ва деҳу шаҳру кишвар ва покии ботин – қалбу андеша, некӣ (меъёри амали худ қарор додани пиндори нек, рафтори нек ва гуфтори нек) ростӣ, адлу дод ва амсоли инҳо бояд ҳар як инсони ҷомеа ҷидду ҷаҳд ва саъю кӯшиш намояд.
Зи кӯи ёр меояд насими боди Наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мададхоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Наврӯз дар бисёр кишварҳо, хусусан дар Осиёи Миёна, Эрон, Туркманистон, Афғонистон ва дигар минтақаҳо бо ҷашни бузург ва анъанаҳои гуворо ва аҷиби худ ҷашн гирифта мешавад. Яке аз анъанавиҳои муҳими Наврӯз тайёр кардани таомҳои хос ва хӯрдани онҳо бо оила ва дӯстон мебошад. Дар байни онҳо "суманак" яке аз маъруфтарин таом аст, ки аз гандум тайёр мешавад ва рамзи ҳосил бомаром, шодиву иқбол аст. Наврӯз барои пешбурди муҳаббат ва бародарӣ байни одамон аст. Дар ин рӯз, одамон якдигарро бо дуоҳои хуб ва хушбахтӣ мебаранд ва онҳоро барои як соли пурра аз ҷиҳати маънавӣ ва ҷисмонӣ дуруст бо хираду иродаи тоза шод мекунанд.
Барои тоҷикон Наврӯз як ҷашн, бо аҳамияти фарҳангӣ ва маънавӣ аст. Ин ҷашн дар байни мардуми тоҷик як рӯйдоди фархунда ва муҳим ба шумор меравад, ки дар он хонаводаҳо ва мардум бо якдигар ҷамъ омада, боз ҳамдигарро бо хайр ва шодии нав тӯҳфа мекунанд. Наврӯз дар қалбҳои мардум ёдҳои шод ва давраи назаррас дар зиндагии одамон ба вуҷуд меорад. Баҳор на танҳо дар табиат, балки дар руҳи инсон низ эҳё мешавад.
Ин ҷашн хосиятҳои раванди руҳии инсонро бозгӯ мекунад ва рамзи он аст, ки ҳар як инсон метавонад бо нияти тоза ва хиради нав ба ҳаёти худ назар кунад. Барпо кардани рамзи тозаии табиат, барқарор кардани муҳаббат ва эҳтиром ба табиат ва ё фаромӯш кардани иштибоҳҳо ва ношоистагиҳо — ҳамаи ин барои навсозии ҳаёти инсонҳо муҳим аст.
Наврӯз як ҷашн аст, ки танҳо як рӯзи тоза ва шодӣ нест, балки боиси тағйироти амиқ дар қалб ва маънавияти одамон мебошад. Ин рамзи ҳосили бомаром ва муҳаббат аст ва барои омадани баҳор ва эҳёи табиати нав оғоз мешавад.
Шукӯҳу тантанаҳои наврӯзӣ гувоҳи он мебошанд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушти фарҳанги миллӣ ва эҳёи суннатҳои бостонӣ арҷ гузошта, барои пойдори ва боз ҳам ғанӣ гардонидани онҳо пайваста иқдом менамоянд.
Тамоми оинҳои ниёгони наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебопарастӣ ҳидоят намоянд.
Айёми баҳор омад, Наврӯз муборак бод,
Илҳоми баҳор омад, Наврӯз муборак бод,
Кардем видоъ бо дай, нӯшед зи ҷоми май ,
Шодӣ ба канор омад, Наврӯз муборак бод .
Омад-омади ин ҷашни бузурги аҷдодиро миллати тоҷик имрӯзҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Наврӯз дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Одамон пеш аз ид хонаҳояшонро тоза менамоянд ва занҳо ба пӯхтани таомҳои миллӣ машғул мешаванд.
Яке аз таомҳои миллӣ Суманак мебошад, ки он ифодагари ин ҷашн аст. Дар рӯзи ид одамон бо либосҳои идона вориди ҷашнгоҳ мешаванд ва дастархони идона ташкил медиҳанд. Занҳо хони идонаро бо нозу неъматҳои “ҳафт сину ҳафт шин” оро медиҳанд. Бачаҳо бошанд, ба ҳаргуна бозиҳо машғул мешаванд. Ҳамин тавр, имрӯзҳо ин ҷашни аҷдодӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон бо як шукӯҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.
Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Мутаҳҳид Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад.
Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ бошукӯҳ таҷлил менамоем.
Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Бобоев Сайрам-мутахассиси пешбари риаёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон
МУЛОҚОТИ КОРӢ БО НАМОЯНДАИ QAA
МУЛОҚОТИ КОРӢ БО НАМОЯНДАИ QAA

18 марти 2026 Вобаста ба иҷрои супориши муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бинои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо намояндаи Агентии кафолати сифат барои таҳсилоти олии касбии Британияи Кабир (QAA) Крис Макинтайр баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур директори Агентӣ муҳтарам Саидзода М.С., сардори Раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ Хушвахтзода Д., инчунин мудири бахши муносибатҳои байналмилалӣ Нодиршоҳи Ҳ. иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ омӯзиш ва таҳлили низоми бахши таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили ҳамкориҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Британияи Кабир арзёбӣ гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ, табодули таҷриба ва татбиқи меъёрҳои байналмилалии таъмини сифатро баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳо дар ин самт метавонад ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқсозии он ба стандартҳои ҷаҳонӣ мусоидат намояд.
Ҳамкориҳо дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм, таҳсилоти олӣ ва забони англисӣ барои ҳадафҳои махсус миёни ду кишвар ба роҳ монда шуда, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо изҳор намуданд.
Наврӯзи оламафрӯз
Наврӯзи оламафрӯз

Наврӯз ин ҷашни анъанавии мардуми форсизабон буда, ҳар сол 21-уми март ҳамчун соли нав таҷлил карда мешавад. Он яке аз идҳои қадима ва зеботарин буда, ибтидои соли нав ва баҳорро ифода менамояд.
Наврӯз дар Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин ҷашни миллии ниёгон ба ҳисоб рафта, таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Наврӯз пайвандгари насли имрӯзаю гузаштаи ниёгон мебошад.
Чи хеле ки маълум аст, Наврӯз ин рӯзи нав буда, дар аввали соли хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат ва айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.
Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, навсозии зиндагӣ ва ҳамбастагии мардумон дорои арзишҳои баланди маънавӣ мебошад.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадаст, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Оид ба таърихи пайдоиш ва баргузории ин ҷашн дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд дарҷ гардидааст. Масалан, дар асрҳои “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём ва дигар осори бузургони мо маълумотҳои пурмазмун оварда шудааст.
Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври гул - гулфикани Наврӯз аст,
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Наврӯз ҳамчун иди миллии мо бо як шукӯҳу шаҳомати калон ҷашн гирифта шуда, дар ин рӯзҳои ҷашн барномаҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, рақсу суруд дар иҷрои ҳунарпешагон баргузор мегардад.
Наврӯз бо иқдоми Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб намуда, тибқи қарори Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилаиии Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.
Наврӯз - иди эҳё, навсозӣ ва умеду орзуҳост. Бигзор дилҳоятон ҳамеша пур аз меҳру муҳаббат бошад ва орзуҳоятон амалӣ гардад!
Иди Наврӯз муборак!
Олимов Ашурмад - сармутахассиси шуъбаи баҳодиҳӣ ва мониторинги сифати таҳсилоти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
НАВРӮЗ- ҶАШНИ МАВЛУДИ ОФТОБ
НАВРӮЗ- ҶАШНИ МАВЛУДИ ОФТОБ

«Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт ва оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур ба мо омада расидааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯзро рӯзи таваллуди Офтоб ҳам мегӯянд. Оғози соли хуршедӣ, ибтидои баҳор, аз бурҷи Ҳут ба Ҳамал гузаштани Замин ҳама ба ҳамин рӯз рост меоянд. Ин рӯз ибтидои зиндагии ҷадид ба шумор меравад, аз ҳамин хотир онро Наврӯз, яъне рӯзи нав мехонанд. Баробари шуруъи соли нави тақвимӣ дар зиндагии ҳар сокини сайёра саҳифаи нав боз мегардад. Ниёгони мо бар он бовар доштанд, ки Наврӯз пешонии сол аст, яъне қисмати яксолаи ҳаёти мо ҳамин рӯз муқаррар мегардад. Аз ҳамин хотир кӯшиш мекарданд, ки дар ин рӯз хурсандӣ кунанду, ҳамдигарро бубахшанд. Кинаву адоватро аз дилашон берун созанду бадиҳоро фаромӯш намоянд.
Хони Наврӯзӣ ба тавре бояд ороста шавад, ки суннатҳои гузаштагони соҳибтамаддунамон дар он инъикос ёфта тавонад. Дастархони Наврӯзиро «ҳафтсин»-у «ҳафтшин» зеб мебахшад. Ҳама унсурҳои дар он ҷойдошта рамзи махсуси худро доранд. Бар замми ин суманак, ки яке аз рамзҳои асосии хони Наврӯз ба шумор меравад, бо таъми лазизу бӯйи хушаш машҳур гардидааст. Ҳамчунин, дар он хӯрокҳои миллӣ аз қабили далдаву қурутоб, оши буридаву оши палав гузошта мешавад, ки фоли неке барои соли дар пеш истода шуморида мешавад. Дигар анвои пӯхтупазу шираворӣ аз кадбонувони моҳири мо вобаста аст. Мардуми мо оғози соли навро бо рақсу суруд, туҳфа додани ҳамдигар, ташкил кардани бозиҳои миллии варзишӣ аз қабили гӯштин, бузкашӣ, бандкашак ва дигар бозиҳо пешвоз мегиранд. Хурсандии хурду калон ҳадду канор надорад. Садои карнайу сурнай, таблаку доира, кафкӯбии ҳалқаи занону духтарон дар базмгоҳ ҳаловати хосае дорад.
Дар арафаи Наврӯз такондани гилему палоси хона, офтоб додани курпаву курпачаву болиш, тоза намудани ҳавлӣ, кор кардани ҷӯйҳо расми деринаи мост. Ҳатто, бароварда партофтани ҷиҳозу ашёи куҳнаву шикаста, сӯхтаву фарсуда аз оғози саҳифаи нави зиндагӣ гувоҳӣ медиҳад. мардум бар он ақида бовар доранд, ки агар кас Наврӯзро бо руҳи болидаву хотири шод пешвоз гирад, то охири сол хурраму хушнуд хоҳад монд.
Имрӯзҳо ба кӯча мебарояму дилам рабрези фараҳ мегардад. Ҳаво гарму форам, нафаси баҳор ҳис мешавад. Толибагони мактабу донишҷӯдухтарон бо куртаҳои адрасу атлас, чакану гулдӯзӣ бо тоқиҳои зебову шинам ва кокулони майдабофӣ шӯхикунону гапзанон роҳ мераванд. Онон ба мисли гулҳоеанд, ки аз омадани Наврӯзу баҳор муждагонӣ медиҳанд. Ҳама дар тараддуди ҷашни бузурги аҷдодиамон Наврӯз. Ҳама ҷо сухан аз Наврӯзу баҳор меравад, охир ин яке аз идҳои бузурги миллист. Мо, ҳамчун меросдорони ниёгони тамаддунофари хеш вазифадорем. ки ин ҷашнро дар сатҳи баланд гузаронда, бо эҳтироми хоса онро ба наслҳои ояндаамон интиқол бидиҳем. Ҳар як суннати онро, ки саропо фалсафаи ҳастӣ дар онҳо инъикос гардидаанд, маҳфуз дошта тавонем.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ба Ҷашни Ҷаҳонӣ табдил ёфт. Тамоми давлатҳои ҳавзаи Наврӯз озодона ин иди бостониро ба шукуҳи шаҳомат истиқбол мегиранд.
Ба саросари Тоҷикистони азиз ва ба ҳар як хонадон тоҷик Наврӯзи оламафрӯз бо қадамҳои пурбаракаташ файзу баракат орад. Наврӯзатон муборак, ҳамдиёрони азиз.
Раҳимова Суман - сармутахассиси раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Наврӯз ҷавонии ҷаҳон аст!
Наврӯз ҷавонии ҷаҳон аст!

Наврӯз на танҳо оғози сол, балки яке аз қадимтарин ва бошукӯҳтарин ҷашнҳои ҷаҳон аст, ки таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ин ҷашн рамзи эҳёи табиат, пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ ва гармӣ бар сардӣ, хубӣ бар бадӣ, ҷавонӣ бар пирӣ ва накӯӣ бар зиштӣ мебошад. Наврӯз ҷашни баҳор, такопӯи ҳаёт, зоишу рӯиши дубораи табиат ва ҷашни офариниши Оламу Одам аст. Бо чунин фазилатҳояш ҷашни фархундаи Наврӯз дар тамоми анъана ва суннатҳои гузаштаи мардуми форсизабон, аз ҷумла, тоҷикон, азизу мукаррамтарин ва беназиртарин русуми миллӣ маҳсуб мешавад. Азамату густардагӣ ва пойдории ин иди ниёгон пеш аз ҳама дар фалсафа ва асотири он вобастагӣ дорад. Дигар аз вижагии бемонанди ҷашни Наврӯз дар он аст, ки он ба ҳеҷ дину оину мазҳабе иртибот надорад. Наврӯз ҷашнест, ки ба инсон, ба хирад, ба табиат ва кайҳон ва рамзу рози он иртибот ва пайвастагии комил дорад. Тибқи ривоятҳои сабтшуда дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, Наврӯзро шоҳ Ҷамшед асос гузоштааст. Замоне, ки ӯ бар тахти заррин нишаст ва нури хуршед ба тоҷи ӯ тобид, ҷаҳон мунаввар шуд ва он рӯзро “Рӯзи нав” номиданд:
Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чӣ моя бад-ӯ гавҳар андар нашнохт,
Ки чун хостӣ дев бардоштӣ,
Зи ҳомун гардун барафроштӣ.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,
Фурӯ монда аз фарраҳӣ бахти ӯй.
Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро Рӯзи Нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи Фарвадин
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор
Бимонда аз он хусравон ёдгор.
Вале пеш аз ин дар мавриди ҷашнҳои гузаштагон бо номи Фарвардагон – ҷашни баҳорӣ дар Авесто омадааст, ки агарчи бо номи Наврӯз сабт нашудааст, боз ҳам ишорат ба таҷлил аз оғози фасли баҳор ва фарвардин –моҳи нахустини сол дорад. Фарвардгонро ҷашне қайд кардаанд, ки дар даҳ рӯз аз бисту панҷуми моҳи исфанд бо шумули панҷ рӯзи андаргоҳ (кабисаи сол) то саршавии моҳи фарвардин давом доштааст. Дар рисолаи дигари паҳлавӣ бо номи “Моҳи фарвардин, рӯзи хурдод” омадааст, ки дар шашуми моҳи фарвардин, ки хурдод ном дорад, Ҳурмузд ҷони ҷаҳонро офаридааст, бино бар ин дар назди эрониён азизу гиромӣ аст ин рӯз. Нахустин бор вожаи Наврӯз дар “Бундаҳишн” ном асари забони паҳлавӣ сухан рафтааст. Он ҷой, ки дар мавриди рӯзи шашуми фарвардин, ки хурдодрӯз аст, дар матнҳои асрҳои баъд бо номи “Наврӯзи бузург” хонда шудааст ва онро бо пӯшидани либосҳои нав, хушбӯйӣ истифода кардан истиқбол мекарданд, чунин навишта шудааст: “Чунин гӯяд, ки ҳамаи некӣ чун аз абаргарон ба гетӣ ояд, он ба Хурдодрӯз, ки Наврӯз аст, ояд”. Пайдост, ки агар он рӯз ба тан ҷомаи неку бидоранду бӯйи хуш бӯянду мурвои (фоли, шугуни) нек кунанду дар нишастан аз ҷойи риман (нопок), аз мардуми бад дур буванду обҳоро баҳр кунанд ва ситоиши гоҳҳои рӯзро, ки онро Айаранаму Аснайа номанд, анҷом диҳанд, он сол некуӣ ба эшон беш расад ва бадиро аз эшон дур созад”
Аз нигоҳи илмӣ, Наврӯз ба лаҳзае рост меояд, ки шабу рӯз баробар мешаванд. Ин нишонаи тавозун ва назми коинот аст. Суннатҳои таърихии “Ҳафтсин” ва “Ҳафтшин”, ки дар арафи ин ҷашн дар ҳар хонадон ороста мешавад, аз тамаввул ва баракату фаровонии нозу неъмат ва меҳмондории миллти мо гувоҳӣ медиҳад. Дастурхони наврӯзӣ бо рамзҳои хос оро дода мешавад, ки ҳар кадоме маънои амиқ дорад: суманак рамзи сабзиш, баракат ва қувват; себ рамзи зебоӣ ва саломатӣ; сир рамзи пизишкӣ ва дур кардани бемориҳо; санҷид рамзи ишқ ва меҳрубонӣ; сирко рамзи сабр ва ҷовидонӣ; сабза рамзи хуррамию сарсабзии табиат; сипанд рамзи дурӣ аз балову офатҳо. Барои ҳафтшин ин байтҳо маъруф аст:
Ҷашни Наврӯз аз замони Каён,
Мениҳоданд мардуми Эрон:
Шаҳду ширу шаробу шаккари ноб,
Шамъу шамшоду шоя андар хон.
Таъйин ё муайян кардани рӯзи фаро расидани соли нав – Наврӯз дар миёни мардуми тоҷик анъанаҳои зиёд дорад, ки муҳимтарини онҳо чунин мебошанд:
- Аз рӯйи ба бурҷи Барра ворид шудани Офтоб (солшумории хуршедӣ);
- Тақвими “Офтоб дар мард” (расидани Офтоб ба нишонаи “дил”);
- Аз рӯйи дар ҷойи муайян пайдо шудани ситораҳо;
- Аз рӯйи нишонаҳои табиӣ: қулла, санг ё шах расидани офтоб;
- Аз рӯйи сафари парандаҳо: турнаҳо, лаклакҳо ва ғайра.
Наврӯз дар бовари мардум паёмовари сулҳ ва ваҳдат, умеду орзу, хушбахтӣ ва осудаҳолӣ буда, яке аз бузургтарин ҷанбаҳои маънавии ҷашни Наврӯз ин бахшидан аст. Мутобиқи анъана одамон кинаҳоро аз дил дур мекунанд, ба аёдати калонсолон ва беморон мераванд.
Хонаву дари худро тоза мекунанд (хонатаконӣ аз суннати қадими ин ҷашн аст, ки то имрӯз дар миёни тоҷикон роиҷ аст), ки ин рамзи поксозии руҳ аз олудагии бадиҳост. Эътирофи ҷаҳонӣ ва азамати Наврӯз дар асри XXI аз марзҳои кишварҳои форсизабон берун рафт. Ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО соли 2009 Наврӯзро ба рӯйхати Мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дохил намуд. Соли 2010 Маҷмаи Умумии СММ 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард.
Чаро Наврӯз барои мо муҳим аст? Наврӯз ягона ҷашнест, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо ва ҳуҷуми аҷнабиён (македониҳо, арабҳо, муғулҳо) аз байн нарафт, баръакс, онҳое, ки омаданд, ба ин фарҳанги боазамат, ба шукӯҳу ҷалоли он гирифтор мешуданд, онро ба мисли оинҳои худашон мепазируфтанд. Ин пеш аз ҳама нишони тафаккури илмӣ, ҷаҳоншиносӣ, пайвастагии доимӣ бо табиат ва ҳаётдӯстӣ ва намоди сатҳи маънавии миллати мост.
Ҳамаи инро ба назар гирифта Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар дар шаҳри Душанбе таъсис намудани Маркази байналмилалии Наврӯзро эълом доштанд, ки ин иқдом аз арҷ гузоштан ба ҷашни бузурги миллӣ ва мардумии мо аз тарафи чунин шахсияти бузург мебошад.
Хушвахтзода Дилшод – сардори раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Наврӯз: Набзи таърих ва паёми эҳёи ҷовидон
Наврӯз: Набзи таърих ва паёми эҳёи ҷовидон

Наврӯз — ин танҳо оғози солшумории хуршедӣ нест. Ин падидаи нодири фарҳангиест, ки аз умқи ҳазорсолаҳо гузашта, то ба имрӯз асолати худро гум накардааст. Он ҷашнест, ки бо табиат тавъам буда, қонунҳои кайҳониро бо зиндагии воқеии инсон пайванд медиҳад. Вақте ки шабу рӯз баробар мешавад ва офтоб ба бурҷи Ҳамал ворид мегардад, на танҳо замин, балки рӯҳи инсон низ ба навшавӣ ниёз пайдо мекунад.
Таърихи пайдоиш: Аз Каюмарс то Ҷамшед
Тибқи ривоятҳои асотирӣ ва нигоштаҳои Абурайҳони Беруниву Умари Хайём, бунёдгузори Наврӯз шоҳ Ҷамшед дониста мешавад. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст, ки Ҷамшед дар ин рӯз бар тахти зарин нишаст ва нури офтоб бар тоҷи ӯ тобида, ҷаҳонро мунаввар кард. Мардум ин рӯзро «Рӯзи нав» ё «Наврӯз» номиданд.
Аммо фалсафаи Наврӯз амиқтар аз як ҷашнвораи дарборӣ аст. Он рамзи пирӯзии Аҳурамандо (нур) бар Аҳриман (торикӣ) мебошад. Ин тазод дар гузари фаслҳо — ғолибияти баҳор бар зимистони қаҳтун — таҷассум ёфтааст.
Русум ва суннатҳои наврӯзӣ: Поксозии куллӣ
Наврӯз аз чанд марҳилаи муҳим иборат аст, ки ҳар кадоме маънои амиқи равонӣ ва иҷтимоӣ дорад:
Хонатаконӣ: Пеш аз омадани Наврӯз мардум манзилҳои худро аз гарду ғубор пок мекунанд. Ин рамзи дур кардани энергияи манфӣ ва омодагӣ барои қабули хайру баракати нав аст.
Кишти сабза: Занони тоҷик чанд рӯз пеш аз ид гандум ё нахудро дар зарфҳо тар мекунанд. Сабза рамзи зиндагии дубора ва хуррамии рӯзгор аст.
Оштикунон: Муҳимтарин ҷузъи маънавии Наврӯз бахшиши гуноҳҳост. Касоне, ки бо ҳам қаҳрӣ буданд, дар ин рӯзҳо даст ба гардани ҳам оварда, кинаҳоро аз дил берун мекунанд.
Дастурхони идона: "Ҳафт син" ва фалсафаи некӣ
Дастурхони наврӯзӣ бояд бо ҳафт чизи бо ҳарфи "С" оғозшаванда оро ёбад, ки ҳар яке паёми хос дорад:
Сумбол (Райҳон): Нишони ҷавонӣ ва тароват.
Себ: Рамзи зебоӣ ва саломатӣ.
Санҷид: Рамзи ишқ ва меҳрубонӣ.
Сирко: Рамзи сабр ва дарозумрӣ.
Сир: Рамзи шифо ва тиб.
Суманак: Шоҳсутуни дастурхон, рамзи нерӯ ва фаровонии ризқ.
Суманак: Рӯҳи ҷамъиятии Наврӯз
Пухтани суманак як маросими дастаҷамъӣ аст. Шаб то саҳар гирди дег ҷамъ омадани занон, дафзаниву таронахонӣ ва орзуҳои нек кардан нишони ваҳдати мардум аст. Суманак танҳо як ғизо нест, он натиҷаи заҳмати муштарак ва нишони саховати замин аст.
Наврӯз дар замони муосир
Имрӯз, ки Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, он ҳамчун пули пайвандгари тамаддунҳо хизмат мекунад. Дар ҷаҳони пур аз тазодҳо, паёми Наврӯз — "Панди нек, гуфтори нек ва кирдори нек" — аз ҳарвақта бештар муҳим аст. Ин ҷашн ба инсоният ёд медиҳад, ки бо табиат созиш кунад, на ҷанг.
Наврӯз ҷашни пирӣ надорад. Ҳар сол он бо ҳамон шукӯҳ ва умедҳои нав меояд. Он ба мо мегӯяд, ки пас аз ҳар зимистони сахт баҳори шукуфон меояд. Бигзор, Наврӯзи имсола барои ҳар як фарди худогоҳ оғози саҳифаи тоза дар ҷодаи худшиносӣ ва саодат бошад.
Наврӯзи оламафрӯз муборак!
Сардори шӯъбаи Агентии назорат дар сохаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Зарафшон Хуҷамиров Шаҳобиддин
ДАСТАРХОНИ ИДОНА БА САРБОЗОНУ АФСАРОНИ АТРЯДИ 19 ҚИСМИ НИЗОМИИ 0341
ДАСТАРХОНИ ИДОНА БА САРБОЗОНУ АФСАРОНИ АТРЯДИ 19 ҚИСМИ НИЗОМИИ 0341

Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар иду ҷашнҳо дар қисмҳои низомии дастурхони идона ороста мегардад.
Ин навбат чунин иқдоми хайрхоҳона бо иқдоми Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи моҳи мубораки Рамазон ва Наврӯзи байналмилал дастурхони идона ороста шуд.
Зимни суҳбат ба самъи хизматчиёни ҳарбӣ расонида, таъкид карда шуд, ки хизматчиёни ҳарбӣ бо ҷасорату шуҷоат дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва таъмини оромиву осудагӣ дар кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Ба таъкиди масъулин дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ ба ниҳоди пурқудрат табдил ёфта, шароити хизмату будубоши афсарону сарбозон сол ба сол беҳтар мегардад. Баланд бардоштани маоши хизматчиёни ҳарбӣ, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ ба ҳомиёни Ватан нишонаи равшани ғамхории давлату Ҳукумат нисбат ба Артиши миллӣ арзёбӣ шуд.
Фарзандони содиқи Ватан бо эҳсоси шукргузорӣ аз чунин таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагӣ бо масъулияти баланд қарзи шаҳрвандии худ — хизмати Модар-Ватанро сарбаландона ба ҷо меоранд.
Муфассал...
ДАСТАРХОНИ ИДОНА БА САРБОЗОНУ АФСАРОНИ АТРЯДИ 19 ҚИСМИ НИЗОМИИ 0341
ДАСТАРХОНИ ИДОНА БА САРБОЗОНУ АФСАРОНИ АТРЯДИ 19 ҚИСМИ НИЗОМИИ 0341

Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар иду ҷашнҳо дар қисмҳои низомии дастурхони идона ороста мегардад.
Ин навбат чунин иқдоми хайрхоҳона бо иқдоми Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи моҳи мубораки Рамазон ва Наврӯзи байналмилал дастурхони идона ороста шуд.
Зимни суҳбат ба самъи хизматчиёни ҳарбӣ расонида, таъкид карда шуд, ки хизматчиёни ҳарбӣ бо ҷасорату шуҷоат дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва таъмини оромиву осудагӣ дар кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Ба таъкиди масъулин дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ ба ниҳоди пурқудрат табдил ёфта, шароити хизмату будубоши афсарону сарбозон сол ба сол беҳтар мегардад. Баланд бардоштани маоши хизматчиёни ҳарбӣ, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ ба ҳомиёни Ватан нишонаи равшани ғамхории давлату Ҳукумат нисбат ба Артиши миллӣ арзёбӣ шуд.
Фарзандони содиқи Ватан бо эҳсоси шукргузорӣ аз чунин таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагӣ бо масъулияти баланд қарзи шаҳрвандии худ — хизмати Модар-Ватанро сарбаландона ба ҷо меоранд.
Наврӯз ҳамчун таҷассумгари эҳёи фарҳанги миллӣ
Наврӯз ҳамчун таҷассумгари эҳёи фарҳанги миллӣ

Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ ба шумор меравад, ки оғози баҳор, баробар шудани шабу рӯз ва навшавии табиатро таҷассум мекунад. Ин ҷашн аз давраҳои бостон то имрӯз ҳамчун рамзи эҳё, поксозии маънавӣ ва оғози давраи нави зиндагӣ пазируфта шудааст. Дар фарҳанги халқҳои ориёӣ Наврӯз танҳо як ҷашни тақвимӣ нест, балки падидаи фарҳангиву маънавие мебошад, ки муносибати инсонро ба табиат, ҷомеа ва арзишҳои ахлоқӣ инъикос менамояд.
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст. Дар ҳамин замина Наврӯз ҳамчун мероси нодири фарҳангӣ метавонад барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ҳамзистии осоиштаи мардумон саҳми муҳим гузорад. Ин ҷашн арзишҳои сулҳ, некӣ, эҳтиром ба табиат ва ҳамбастагии иҷтимоиро тарғиб намуда, ба рушди фарҳанги сулҳ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, омӯзиши моҳият ва аҳамияти фарҳангии Наврӯз дар илми муосир низ муҳим арзёбӣ мегардад.
Манбаъҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки таърихи Наврӯз ба ҳазорсолаҳои дур мерасад. Дар фарҳанги мардумони қадим мушоҳидаи қонунҳои табиат, махсусан ҳаракати офтоб ва тағйири фаслҳо, нақши муҳим дошт. Баробар шудани шабу рӯз ҳамчун нишонаи оғози давраи нави ҳаёт дарк мегардид. Барои мардум ин падида рамзи мувозинат, тартиб ва ҳамоҳангии зиндагии инсон бо табиат ба шумор мерафт.
Дар ривоятҳои қадим пайдоиши Наврӯз ба номи подшоҳи афсонавии ориёӣ Ҷамшед вобаста дониста мешавад. Мувофиқи ривоятҳо, дар давраи ҳукмронии ӯ адолат, фаровонӣ ва оромӣ дар ҷомеа ҳукмфармо буд. Аз ин рӯ, мардум рӯзи ба тахт нишастани ӯро рӯзи нав номидаанд. Гарчанде ин ривоят хусусияти рамзӣ дорад, аммо он нишон медиҳад, ки Наврӯз аз ибтидо бо мафҳумҳои некӣ, адолат ва созандагӣ пайвастагӣ доштааст.
Осори адабии классикии форсу тоҷик низ ба ин ҷашн таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кардааст. Шоири бузурги форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар асари машҳури худ «Шоҳнома» Наврӯзро ҳамчун рӯйдоди муҳим дар таърихи фарҳанги ориёӣ тасвир мекунад:
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшондаанд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Ин байт гувоҳи он аст, ки Наврӯз дар фарҳанги қадим таҷассумгари пирӯзии некӣ, шодмонӣ ва эҳёи зиндагӣ маҳсуб меёфт.
Дар тӯли асрҳо ин ҷашн дар байни халқҳои гуногун бо анъанаҳои мухталиф таҷлил мегардид, аммо моҳияти асосии он - эҳтиром ба табиат, навсозии зиндагӣ ва таҳкими арзишҳои инсонӣ - тағйир наёфтааст. Ҳамин хусусият боис гардидааст, ки Наврӯз то имрӯз ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги бисёр халқҳо боқӣ монад.
Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба эҳё ва рушди суннатҳои миллӣ бештар гардид. Дар ин раванд Наврӯз ҳамчун мероси арзишманди ниёгон мақоми муҳим пайдо карда, ба яке аз рамзҳои муҳими фарҳанги миллӣ табдил ёфт. Имрӯз ин ҷашн дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мегардад. Дар доираи он намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, бозиҳои миллӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва дигар анъанаҳои қадимӣ ташкил карда мешаванд, ки ба ҳифзи мероси фарҳангии халқ мусоидат менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ чунин иброз намудаанд: «Наврӯз аз ҷумлаи куҳантарин ва муқаддастарин суннатҳои миллии мардуми мо мебошад, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо арзишҳои баланди инсонӣ ва фарҳангиро ҳифз намудааст».
Ин андеша нишон медиҳад, ки Наврӯз на танҳо ҷашни миллӣ, балки унсури муҳими худшиносии фарҳангии ҷомеа мебошад. Дар бархе аз асарҳои илмӣ онро чун сутуни хештаншиносии миллати тоҷик низ хондаанд.
Дар замони муосир аҳамияти байналмилалии Наврӯз низ бештар гардид. Бо назардошти арзиши таърихӣ ва фарҳангии он, бо иқдоми Садри тамаддунофари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии инсоният ворид карда шуд. Баъдан, соли 2010 дар Иҷлосияи 64-и Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Ин иқдом шаҳодат аз он медиҳад, ки Наврӯз имрӯз на танҳо ба як миллат, балки ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ тааллуқ дорад ва сар то сари олам ҳама бо ибораи тоҷикии “Наврӯз муборак” ҳамдигаро табрик менамоянд, ки боиси сарфарозии мо тоҷикон аст:
Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври ғул-ғулфикани Наврӯз аст,
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Имрӯз ин ҷашн дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз барномаҳои фарҳангӣ, фестивалҳо, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамоишҳои илмӣ баргузор мешаванд. Чунин чорабиниҳо барои муколамаи фарҳангҳо ва тақвияти робитаҳои байни халқҳо замина фароҳам меоранд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими Наврӯзи соҳибистиқлолӣ нақши он дар таҳкими ҳамбастагӣ ва ваҳдати ҷомеа мебошад. Дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашн мардум ба ҳам наздик мешаванд, ба дидорбинии якдигар мераванд ва муҳити дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро тақвият медиҳанд. Наврӯз мардумро ба эҳтироми калонсолон, дастгирии ниёзмандон ва таҳкими муносибатҳои иҷтимоӣ ҳидоят мекунад. Дар фарҳанги мардумӣ анъанаҳои нек чун кумак ба шахсони эҳтиёҷманд, зиёрати пиронсолон ва анҷом додани корҳои хайр аз ҷумлаи суннатҳои муҳими ин ҷашн ба ҳисоб мераванд.
Дар ин бобат Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ки: «Наврӯз ҷашни меҳру муҳаббат, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии мардум мебошад, ки метавонад ҷомеаро ба сӯи сулҳ ва созандагӣ раҳнамоӣ намояд».
Ин андешаҳо аҳамияти иҷтимоии Наврӯзро дар таҳкими ҳамдилии мардум ва пойдории ҷомеа нишон медиҳанд.
Ҳамин тавр, Наврӯз имрӯз аз доираи як ҷашни миллӣ фаротар рафта, ба падидаи муҳими фарҳангии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Он халқҳои гуногуни ҷаҳонро дар атрофи арзишҳои умумии инсонӣ муттаҳид намуда, ба рушди фарҳанги сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат мекунад. Ҳифз ва густариши суннатҳои Наврӯз барои тарбияи эҳтиром ба мероси таърихӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди арзишҳои инсонпарварӣ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, ин ҷашни куҳан метавонад дар оянда низ ҳамчун василаи таҳкими дӯстӣ ва ҳамбастагии мардумони ҷаҳон хизмат намояд.
Дар ин росто, бо истифода аз ин фурсат аҳли илму зиё ва тоҷикони ҷаҳонро бо фарорасии фасли пурфайзи баҳор ва ҷашни бостонии Наврӯз, ки рамзи эҳёи табиат, навсозии зиндагӣ ва густариши арзишҳои неки инсонӣ мебошад, мо аҳли зиё ва намояндагони соҳаи маорифи кишвар тамоми мардуми куҳанбунёду фарҳангпарвари тоҷикро самимона шодбош мегӯем. Бигзор Наврӯзи хуҷаста ба ҳар хонадон файзу баракат, ба дилҳо умеду рӯшноӣ ва ба Ватани азизамон сулҳу суботи пойдор, пешрафту шукуфоӣ оварад. Наврӯз муборак!
Сафарзода Сафармад Саид-сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълимӣ калонсолон
НАВРӮЗ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
НАВРӮЗ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ
ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон Наврӯз ба ҳисоб рафта, дорои таърихи беш аз шашҳазорсола мебошад. Ҳеч як анъана ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва кӯҳантар дар таърихи фарҳанги мардуми мо нест. Наврӯз ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои қадимаи мо тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим марҳилаи зиёди пурпечутобро убур карда, то замони мо расидааст.
Чуноне, ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат ва айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.
Сарчашмҳои таърихӣ агар Наврӯзро бо номи шоҳи пешдодӣ Ҷамшед тавъам донанд ва ин ҷашн дар рӯзгори шоҳаншоҳии ӯ оғоз гардида бошад, пас бо боварӣ гуфта метавонем, ки эҳёи ҷашни Наврӯз дар қарни бисту як ва ҷаҳонӣ шудани он ҳамчун ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо таваҷҷӯҳ ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва миллати мо меросбари ҳақиқии ин ҷашн ва дар асл миллати Наврӯз аст.
Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, оини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст. Ин ҷашни фархунда ба қалби хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва руҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят мекунад. Маҳз ба ҳамин сабаб ин падидаи асили табиӣ ва фарҳангӣ ҳаргиз кӯҳна намегардад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати инсоният боқӣ мемонад».
Ҷаҳонишавии ҷашни бостонии Наврӯзи оламафрӯз ва дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани он нишонаи аз тарафи халқҳои гуногуни ҷаҳон эътироф гардидани ҳақиқати ҳол мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ фармудаанд: «Имрӯз Наврӯзи аҷдодии мо на танҳо дар кишварҳои ориёӣ, балки дар сарзаминҳое низ ҷашн гирифта мешавад, ки дар замони худ аз сарчашмаи пурбаракат ва ҷовидонаи фарҳанги мо баҳравар шудаанд. Мо ҳоло хушбахтем, ки тамоми мардуми Осиёи Миёна дар рӯзи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро ба ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак!» табрик мекунанд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст».
Воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.
Наврӯз ҳамчун ҷашни зодрӯзи хуршеди ховарон, ки ҳамеша барои ҳамагон ва дар ҳама ҷо нуру гармӣ мебахшад, сарвати ҷумла фарзандони одам аст.
Хусусан, дар шароити торафт мураккабу буҳронӣ гардидани вазъи ҷаҳони муосир ҷашни Наврӯз метавонад ҳамчун оини сулҳу оромӣ ва ҳамкориву дӯстӣ барои мардумони олам хизмат намояд. Зеро дунёи имрӯза беш аз ҳар вақти дигар ба суботу оромӣ, рӯзгори бехушунат ва зиндагии осуда ниёз дорад.
Дар ҳақиқат ҳам Наврӯзи оламафрӯз рӯзгори одамиро пайваста поку тоза ва сабзу хуррам нигоҳ медорад. Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, нерӯбахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагӣ шинохта шудааст.
Наврӯз ҷашнест, ки умеди инсонро ба пирӯзии некӣ бар бадӣ, рӯшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ қавӣ мегардонад ва одам дар ин рӯз асоси тамоми амалҳои хайрро дар миқёси табиату кайҳон тасаввур кардааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ Наврӯз ба ҳайси ҷашни миллӣ дар сатҳи давлатӣ бошукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.
Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлол шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт.
Имсол низ мардуми кишвари азизамон Наврӯзи хуҷастапайро дар фазои озод, дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоянд, ки ин неъмати бузург аст ва бояд аз он шукргузор бошем. Ба хотири боз ҳам афзун намудан ва таҳким бахшидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар тақозо мегардад, ки бунёдкориву созандагиро сармашқи зиндагии ҳаррӯзаи худ намуда, минбаъд низ бо нерӯи дучанд барои ободониву пешрафти Ватани азизамон саъю талош варзида, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфа ва дастовезҳои арзанда омода намоянд.
Наврӯзи Аҷам - Иди воқеан миллӣ ва аҷдодӣ ба хонадони ҳар яки шумо муборак ҳамдиёрони азиз!
НАҶМИДДИНЗОДА БАҲОДУР САИД
Корманди Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ТАҶЛИЛИ ИДИ НАВРӮЗ
НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ТАҶЛИЛИ ИДИ НАВРӮЗ

Наврӯз куҳантарин, бузургтарин ва маъруфтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дар баробари ҷашнҳои дигари ориёӣ таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ анъана ва расму оин монанди ҷашни Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест.
Наврӯз то имрӯз аз ҷониби тоҷикон ва дигар мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Вобаста ба таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои зиёду арзишманд таълиф намудаанд.
Манбаъҳо ва сарчашмаҳо дар даврони подшоҳии Ҷамшед аз бунёди ҷашни Наврӯз иттилоъ медиҳанд. Аз гузоришҳо бармеояд, ки дар замони Дориюши бузург ва тавассути ӯ Наврӯз дар Миср роиҷ гардидааст. Аз ҷониби Куруши Кабир соли 538 қабл аз мелод Наврӯз ба расмият шинохта шуд.
Ҳафриёти бостоншиносон дар Осиёи Миёна ва хусусан маҳдудаи имрӯзаи Тоҷикистон – Саразм (ҳазораи IV-II п.м.), Тахти Сангин (асрҳои V п.м.-то ӀI м.), Карон (асрҳои VII-VI п.м.) гувоҳи онанд, ки аз ҷониби мардуми мо дар гузашта ҷашну маросимҳои миллӣ баргузор карда мешуданд. Исботи баргузорӣ дар он аст, ки аз ин мавзеъҳо ҷашнгоҳҳо бозёфт карда шуданд. Масалан, дар шаҳри қадими Карон майдони чавгонбозӣ, маъбади об, бурҷи оташ, расадхонаву устурлоб то имрӯз боқӣ мондааст, ки далели раднопазири огоҳии мардум аз илми ситорашиносӣ, тақвим ва ғайраҳо мебошад.
Илова бар ин, бозёфтҳои зиёде низ доир ба санъати тасвирӣ дар Панҷакенти қадим, мусаввараҳои бисёррангаи рӯйи деворҳо, чӯбҳои кандакоришуда ва муҷассамаҳои аз лойу гил сохташуда, аз ҷумла деворнигораи «Базми Наврӯз» (асри VI-VII) бозгӯйи баргузор намудани ин ҷашн дар Суғд мебошанд. Деворҳои яке аз ҳуҷраҳо дар қасри ҳокимони Панҷакент (асрҳои V-VI) бо гули лола наққошӣ шудааст, ки он рамзи Наврӯз мебошад.
Вобаста ба ривоҷу равнақ ёфтани ҷашни Наврӯз ва дигар оинҳо дар замонҳои бостон осори тарҷумашуда ба забони арабӣ дар аҳди хилофати араб иттилоъ медиҳанд. Дар робита ба таҷлили ин ҷашн аз тарафи суғдиён ва хоразмиён дар осори Берунӣ иттилои фаровон мавҷуд мебошад.
Қадимтарин манбаъҳо дар бораи Наврӯзи даврони Сосониён адабиёти паҳлавӣ ва осори муаррихони асрҳои IХ-ХII мебошанд. Дар замони Сосониён мардумони қаламрави Ориёно Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Аз бозёфтҳои тозаи паҳлавӣ, “Осор-ул-боқия” ва бархе аз манобеи илмию адабӣ бармеояд, ки дар замони Сосониён рӯзи Ҳурмузди моҳи фарвардин, баробар ба 1-уми фарвардин (21 март) Наврӯзи хурд ё Наврӯзи ом ба муддати 5 рӯз ва рӯзи Хурдоди моҳи фарвардин, баробар ба 6-уми фарвардин (26 март) Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосон баргузор карда мешуд. Ҷашни Наврӯз бо оташафарӯзӣ ва иҷрои оини доду диҳиш, густардани хони ҳафтсину ҳафтшин рӯзи сездаҳуми фарвардин ба поён мерасид.
Наврӯз дар асрҳои миёна низ пойдору устувор боқӣ монда, шукӯҳу эътибори худро нигоҳ дошт. Дар Бағдод ва дигар марказҳои бузурги хилофати Аббосиён Наврӯз бошукӯҳ ҷашн гирифта мешуд. Ба ин муносибат дар адабиёти араб жанри “Найрузиёт” (“Наврӯзона”) падид омад ва шоирони номдор Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Абунувос, Ибни Муътаз, Башшор ибни Бурд, Мутанаббӣ, Ровандӣ, Туғроӣ, Буҳтурӣ, Ибни Румӣ, Ибни Таовӣ, Муҳаммади Асмор дар васфи Наврӯз ба забони арабӣ шеърҳо эҷод намудаанд.
Давлатҳои миллии тоҷикон – Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён дар эҳёи фарҳангу суннатҳои аҷдодиамон нақши калон гузоштанд. Дар замони давлатдории Сомониён, ки ба яке аз неруҳои муқтадири сиёсии минтақа табдил ёфта буд, барои эҳё ва рушду густариши забону фарҳангу суннатҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда буд. Дар ин давра Наврӯз бори дигар ба мақому манзилате, ки дар замони Сосониён дошт, соҳиб гардид. Аз сурудаҳои устод Рӯдакӣ ва ашъори ҳамасрони ӯ бармеояд, ки дар аҳди Сомониён Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирифтанд.
Баргузории маросимҳои ҷашни Наврӯз дар замони ҳукмронии Ғазнавиён, Ғуриён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, Темуриёни Осиёи Миёна, Аштархониён, Шайбониён ва Манғитиён дар муқоиса бо Темуриёни Ҳинд камранг ба назар мерасад. Наврӯз ҳар сол дар замони ҳукмронии Темуриёни Ҳинд бо барномаи махсус таҷлил мегардид. Хусусан, аз ҷониби Акбаршоҳи Темурӣ Наврӯз ба муддати 19 рӯз ҷашн гирифта мешуд ва дар ин муддат наврӯзгоҳ, дарбор ва кӯчаву растаҳо ҳама чароғон ва дару деворҳо бо матоъҳои рангорангу зарбофт оро дода мешуданд. Ҷашни Наврӯз дар наврӯзгоҳҳо ё оғӯши табиат – талу теппа ва боғу бӯстонҳо баргузор карда мешуд.
Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз – Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Озарбойҷон дар замони Шуравӣ ба таври расмӣ баргузор намешуд. Инчунин, дар Русия халқияту миллатҳои зиёде, аз ҷумла чеченҳо, абхазҳо, ингушҳо, осетинҳо, тоторҳо, бошқирдҳо, мардумони Доғистон, қабардинҳо, балқарҳо ва ғайра зиндагӣ мекунанд, ки ниёгони онҳо Наврӯзро аз давраҳои пеш бар асари тамосҳои амиқи фарҳангӣ бо мардуми мо ҷашн мегирифтанд. Мардумони ин минтақа ва Осиёи Марказӣ Наврӯзро дар замони Шуравӣ ҳамчун ҷашни баҳору шукуфтани табиат ва кишту кор ғайрирасмӣ таҷлил менамуданд. Дар Тоҷикистон аз соли 1978 таҷлили ҷашни Наврӯз расмият пайдо кард.
Ҷашни Наврӯз дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат ба ҷашни байналмилалӣ табдил дода шуд.
Шоёни зикр аст, бо кӯшишу талошҳои содиқона ва ташаббусҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ҷашни Наврӯз дар конфронси Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии СММ, дар шаҳри Абу-Дабӣ рӯзҳои 28 сентябр – 2 октябр ҳамчун мероси фарҳангию таърихӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва ин ҷаласа дар ҷаҳонӣ шудани Наврӯз замина гузошт. Рӯзи 30-уми сентябри соли 2009 Наврӯз ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Ин буд, ки 23 феврали соли 2010 қарори ҷаласаи 64-уми Маҷмааи умумии СММ бо рамзи А\RES\64\253 ба тасвиб расид ва тибқи он муқаррар гардид, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон рӯзи 21-уми март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” таҷлил карда шавад. Гузашта аз ин, соли 2025 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ширинии суннатии наврӯзӣ – суманак ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримодии башарият ворид карда шуд.
Ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.
Таърихи Наврӯз – таърихи фарҳанг, таърихи оин, таърихи ахлоқ, таърихи анъана, таърихи одат, таърихи мардум буда, оинаест, ки мо дар он худро мебинем ва мешиносем.
АЛИЗОДА ДОВУД АЛӢ – муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ
Русский
English
