wrapper

Агентӣ

Агентӣ

Таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентӣ

  Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазавор пешвоз гирифтани ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Субҳонзода Икром – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Содиқӣ Насиба – раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хонзода Абдураҳмон – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, кормандони дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Муфассал...

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун рамзи озодии миллат

  Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии хеш таъкид доштанд, ки “Ҳатто дар солҳои вазнини ибтидои Истиқлолият тамоми фикру андешаи ман ҳамчун Сарвари давлат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои маориф ва дастгирии ин соҳаи барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Ва чунонки мушоҳида мекунед, ман ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаҳои муҳими иҷтимоқ диққати махсус медиҳам ва ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дастгирӣ менамоям”.

Аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм

  Истиқлолият падидаи муҳимтарини давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, зеро он ба ҳар яки мо озодии комилро ҳадя намуд. Санаи 9 – уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардид. Маҳз Истиқлолият кишвари моро ҳамчун давлати мустақил ва соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуд. Бо талошҳои пайвастаи Роҳбари давлат дар мамлакат сулҳу субот пойдор гардид.
 Дар ин муддат тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дигаргун гардида, рушд намудаанд. Аз ҷумла дар соҳаи маориф пешравиҳои назаррас ба миён омад. Ин соҳаи ҳаётан муҳим пайваста дар зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои миллат соҳаи маорифро «омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат» унвон кардаанд.

Муфассал...

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35  

Copyright © 2024 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. All Rights Reserved. Designed by IBlove