wrapper

БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД

 

         Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд» ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ бо мақсади иҷрои банди 6 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2025, №2 вохӯрии роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд бо иштироки директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, сардори раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд Оқилзода Акмал Аҳмад, сардори шуъбаи Агентӣ дар минтақаи Зарафшон Хуҷамиров Шаҳобиддин, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят сарпарастони соҳа, кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати он дар вилояти Суғд, сардори раёсати маорифи вилоят, сардорону мудирони шуъбаҳои маориф шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии вилоят баргузор гардид.

          Ҷаласаро директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо мақсади вохурӣ шинос намуда, дар якҷоягӣ рузномаи вохӯриро тасдиқ намуданд. Зимни сухаронии худ директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм – Саидзода Муҳаммадтоҳир қайд намуд, ки имрӯз низоми таҳсилот ба яке аз тарзҳои истеҳсолоти сармояи инсонӣ табдил ёфтааст, ки ҷузъи муҳими таркибии он иқтидори зеҳнии ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар даврони муосир нақши омили инсонӣ сол то сол муҳим арзёбӣ гардида, на танҳо ба рушди иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ мусоидат мекунад, балки дар марҳилаи нави рушди башарият ҳамчун қувваи асосии пешбаранда муайян карда шудааст, ки рушди иҷтимоиро таъмин менамояд. Низоми таҳсилот – ояндаи насли инсон мебошад. Низоми таҳсилот – омили муҳими муносибати самимона ва инсонгароӣ дар ҷомеа ба шумор рафта, ҳаракати тамаддунро ба самти озодии комили инсон равона месозад. Дониш неруи асосии одамони босавод, бомаърифат маҳсуб ёфта, ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро амалӣ ва суръати рушди онро дар тамоми самтҳо таъмин менамояд. Пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад. Бесабаб дар Тоҷикистон рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашудааст. Зеро таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи иқтисодиёту сиёсат ва иҷтимоиёту фарҳанг аз омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад. Қайд намуданд, ки илму маориф дар сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода шудааст. Зеро Президенти кишвар таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар ва пайвастани илм бо истеҳсолотро ба унвони роҳи асосии раҳоӣ аз бунбаст ва расидан ба ҳадафҳои бузурги оянда муаррифӣ намудаанд. Иброз доштанд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бахусус Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, баҳри рушди соҳа ва ҳамқадами замона гардонидани он тамоми тадбирҳоро амалӣ намудаистодааст.

          Дар идома, Оқилзода Акмал сардори раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ва Хуҷамиров Шаҳобиддин сардори шуъбаи Агентӣ дар минтақаи Зарафшон оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи вилояти Суғд, ҳолати кунунии рушди соҳа, дурнамои он, кабудиҳои ҷойдошта, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омилҳои таъсиррасони он, сифат ва самаранокии фаъолияти таълимиву тарбиявии муассисаҳои таълимии вилояти Суғдро дар давраи сипаригардидаи соли 2025 баромад намуданд. Баъдан муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ба сухан баромада аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ташкили вохӯрӣ ва пиёда кардани сиёсати давлату Ҳукумат дар соҳаи маъориф ба роҳбарияти Агентӣ изҳори сипос намуданд. Ҳамчунин сардори раёсати маорифи вилоят Мирзозода Гулсара низ баромад намуд.

           Дар ҷамъбаст, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид ҳамаи иштирокчиёни вохӯриро бо фаро расидани оғози соли таҳсил ва ҷашни муқадасси миллӣ Истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона шодбош намуда, бо итминон иброз дошт, ки аҳли маориф ва ҷомеаи кишвар махсусан маорифи вилояти Суғд бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии хеш саҳми арзанда мегузоранд.

 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35