wrapper

Агентӣ

Агентӣ

Истиқлолият неъмати бебаҳо!

  Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт.
Истиқлолу озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмат ва бузургтарину арзишмандтарин сарват барои ҳар як миллат ва халқ мебошад. Бинобар ин, мо бояд шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошед.
Эмомалӣ Раҳмон
  Баъди аз байн рафтани давлати Шӯравӣ дар фазои бузург ва паҳновари он давлатҳои нави соҳибистиқлол ба вуҷуд омаданд. Тоҷикистон низ дар қатори онҳо 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон кард. Набояд фаромӯш кард, ки Истиқлолият барои халқу миллати тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари тоҷикон мебошад. Сокинони кишвари озоду азизи мо бо муҳаббату садоқат имрӯз ифтихор доранд, ки сию як сол муқаддам нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.  Муфассал...

Истиқлолияти Тоҷикистон ва поягузори он

  Дар саргаҳи иттифоқиву иттиҳодии давлату миллат танҳо ва танҳо ҷаҳонбиние меистад, ки аз илму хирад сарчашма мегирад ва дар худ ҳисси баланди хештаншиносӣ ва худогоҳӣ дорад.
  Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол буда, ваҳдати сартосарии худро ҳар лаҳзаву ҳар сония тақвият медиҳад, ки ин ду калимаи дар забон осон ва дар ақл мураккаб боиси осудагии мардум ва сарзамини муқаддасамон-Тоҷикистони биҳиштосо гардидааст. Мо миллати ҳамгирову ҳамдаст, бо номусу нанги воло муқаддасоти худро зери дандон нигоҳ медорем ва чизи ба душман супурдашавандаи мо хунасту бас!

Муфассал...

Шанбегии дастаҷамъона баҳри ободониву созандагӣ

  Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри созандагию ободонӣ ва барои боз ҳам ободу зебо, сабзу хуррамгардонии шаҳри Душанбе, бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона доир гардид. Муфассал...

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35  

Copyright © 2024 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. All Rights Reserved. Designed by IBlove