wrapper

Агентӣ

Агентӣ

ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
6-уми сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ конфренсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Муҳаммадтоир Саидзода – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, муовин, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тољикистон Ализода Баҳриддин, роҳбарият ва кормандони коллеви номбурда, иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Муҳаммадтоир Саидзода ҳозиринро бо ҷашни истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, вобаста ба дастовардҳои даврони Истиқлолият дар самтҳои маорифу илм, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу кишоварзӣ ва саҳми бузурги хизатҳои шабонарӯзӣ ва талошҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани Истиқлолият маъруза ироа намуданд.
Дар идома директори муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Баҳриддин, кормандони Агентїӣ дар самти дастовардҳои мамлакат дар 33 соли соҳибистиқлолии мамлакат маърузаҳо пешниҳоди иштирокдорони конференсияи мазкур гардонида шуд.
Дар анҷоми ҷаласа ба якчанд нафар кормандони фаъоли Агентии ва директори коллеҷ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи маориф ва илм бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.
 
Муфассал...

САРФАРОЗГАРДОНИИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Ҷашни 33 – солагии Истиқлоли давлатӣ, дар фазои тантанавӣ мушовири директори Агентӣ Таваров Икромиддин бо медали «Хизмати шоиста» дар асоси фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.
 
 
Муфассал...

Ҷамъбастӣ фаъолияти кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2024

10-уми июли соли 2024 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи Умари Хайëм” ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси ҷаласаи ҳайати мушовара – директори Агентӣ Саидзода М. Бо иштироки аъзои ҳайати мушовара, сардорон ва кормандони раёсату шуъбаҳои Агентӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаҳои Вазорату идораҳои дахлдор, раиси Шурои ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна, ибтидоии касбӣ, сардорону мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Душанбе, роҳбарони як қатор муассисиаҳои таълимие, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуда буданд, баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи ҷаласа Саидзода М.С. ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, қайд кард, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи маориф ва илми кишварро мебояд барои рушди соҳа, ҷиҳати амалигардонии стратегия ва барномаҳои давлатӣ ва беҳтар намудани сифати таҳсилот саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд.

         Дар ҷаласаи ҳайати мушовара асосан 2 масъала, “Ҳисобот оид ба фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда” ва “Тасдиқи нақшаи кори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2024” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Директори Агентӣ Саидзода Муҳаммадтоир Саид оид ба фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда маърўзаи пурмўҳтаво намуданд, ки он аз ҷиҳати таҳлилӣ тамоми паҳлуҳои фаъолият, ваколату вазифаҳои Агентиро ҷиҳати муайян намудани мушкилот ва нишон додани роҳи ҳалли онҳо дар бар гирифт.

Дар музокира вобаста ба масъалаи мазкур Мирзобеков Азорабек – сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, Тағдиров Тағдиршо –сардори шуъбаи Агентӣ дар минтақаи Ҳисор, Давлатов Суҳроб – муовини сардори раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, Ниёзӣ Сироҷиддин – сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷамъбаст намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Саъдӣ ҳисоботи директори Агентиро дар маҷмуъ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар робита ба ин, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Саъдӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Аз натиҷаи ҷаласа аз ҷониби ҳайти мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масоили муҳокимашуда қабул гардид.

 

 

 

 

Муфассал...

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35