Агентӣ
- Шанбе, 21 Март 2026
МУЛОҚОТИ КОРӢ БО НАМОЯНДАИ QAA
МУЛОҚОТИ КОРӢ БО НАМОЯНДАИ QAA

18 марти 2026 Вобаста ба иҷрои супориши муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бинои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо намояндаи Агентии кафолати сифат барои таҳсилоти олии касбии Британияи Кабир (QAA) Крис Макинтайр баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур директори Агентӣ муҳтарам Саидзода М.С., сардори Раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ Хушвахтзода Д., инчунин мудири бахши муносибатҳои байналмилалӣ Нодиршоҳи Ҳ. иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ омӯзиш ва таҳлили низоми бахши таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили ҳамкориҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Британияи Кабир арзёбӣ гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ, табодули таҷриба ва татбиқи меъёрҳои байналмилалии таъмини сифатро баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳо дар ин самт метавонад ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқсозии он ба стандартҳои ҷаҳонӣ мусоидат намояд.
Ҳамкориҳо дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм, таҳсилоти олӣ ва забони англисӣ барои ҳадафҳои махсус миёни ду кишвар ба роҳ монда шуда, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо изҳор намуданд.
Муфассал...
- Шанбе, 21 Март 2026
Наврӯзи оламафрӯз
Наврӯзи оламафрӯз

Наврӯз ин ҷашни анъанавии мардуми форсизабон буда, ҳар сол 21-уми март ҳамчун соли нав таҷлил карда мешавад. Он яке аз идҳои қадима ва зеботарин буда, ибтидои соли нав ва баҳорро ифода менамояд.
Наврӯз дар Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин ҷашни миллии ниёгон ба ҳисоб рафта, таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Наврӯз пайвандгари насли имрӯзаю гузаштаи ниёгон мебошад.
Чи хеле ки маълум аст, Наврӯз ин рӯзи нав буда, дар аввали соли хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат ва айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.
Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, навсозии зиндагӣ ва ҳамбастагии мардумон дорои арзишҳои баланди маънавӣ мебошад.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадаст, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Оид ба таърихи пайдоиш ва баргузории ин ҷашн дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд дарҷ гардидааст. Масалан, дар асрҳои “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём ва дигар осори бузургони мо маълумотҳои пурмазмун оварда шудааст.
Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври гул - гулфикани Наврӯз аст,
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Наврӯз ҳамчун иди миллии мо бо як шукӯҳу шаҳомати калон ҷашн гирифта шуда, дар ин рӯзҳои ҷашн барномаҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, рақсу суруд дар иҷрои ҳунарпешагон баргузор мегардад.
Наврӯз бо иқдоми Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб намуда, тибқи қарори Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилаиии Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.
Наврӯз - иди эҳё, навсозӣ ва умеду орзуҳост. Бигзор дилҳоятон ҳамеша пур аз меҳру муҳаббат бошад ва орзуҳоятон амалӣ гардад!
Иди Наврӯз муборак!
Олимов Ашурмад - сармутахассиси шуъбаи баҳодиҳӣ ва мониторинги сифати таҳсилоти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муфассал...
- Шанбе, 21 Март 2026
НАВРӮЗ- ҶАШНИ МАВЛУДИ ОФТОБ
НАВРӮЗ- ҶАШНИ МАВЛУДИ ОФТОБ

«Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт ва оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур ба мо омада расидааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯзро рӯзи таваллуди Офтоб ҳам мегӯянд. Оғози соли хуршедӣ, ибтидои баҳор, аз бурҷи Ҳут ба Ҳамал гузаштани Замин ҳама ба ҳамин рӯз рост меоянд. Ин рӯз ибтидои зиндагии ҷадид ба шумор меравад, аз ҳамин хотир онро Наврӯз, яъне рӯзи нав мехонанд. Баробари шуруъи соли нави тақвимӣ дар зиндагии ҳар сокини сайёра саҳифаи нав боз мегардад. Ниёгони мо бар он бовар доштанд, ки Наврӯз пешонии сол аст, яъне қисмати яксолаи ҳаёти мо ҳамин рӯз муқаррар мегардад. Аз ҳамин хотир кӯшиш мекарданд, ки дар ин рӯз хурсандӣ кунанду, ҳамдигарро бубахшанд. Кинаву адоватро аз дилашон берун созанду бадиҳоро фаромӯш намоянд.
Хони Наврӯзӣ ба тавре бояд ороста шавад, ки суннатҳои гузаштагони соҳибтамаддунамон дар он инъикос ёфта тавонад. Дастархони Наврӯзиро «ҳафтсин»-у «ҳафтшин» зеб мебахшад. Ҳама унсурҳои дар он ҷойдошта рамзи махсуси худро доранд. Бар замми ин суманак, ки яке аз рамзҳои асосии хони Наврӯз ба шумор меравад, бо таъми лазизу бӯйи хушаш машҳур гардидааст. Ҳамчунин, дар он хӯрокҳои миллӣ аз қабили далдаву қурутоб, оши буридаву оши палав гузошта мешавад, ки фоли неке барои соли дар пеш истода шуморида мешавад. Дигар анвои пӯхтупазу шираворӣ аз кадбонувони моҳири мо вобаста аст. Мардуми мо оғози соли навро бо рақсу суруд, туҳфа додани ҳамдигар, ташкил кардани бозиҳои миллии варзишӣ аз қабили гӯштин, бузкашӣ, бандкашак ва дигар бозиҳо пешвоз мегиранд. Хурсандии хурду калон ҳадду канор надорад. Садои карнайу сурнай, таблаку доира, кафкӯбии ҳалқаи занону духтарон дар базмгоҳ ҳаловати хосае дорад.
Дар арафаи Наврӯз такондани гилему палоси хона, офтоб додани курпаву курпачаву болиш, тоза намудани ҳавлӣ, кор кардани ҷӯйҳо расми деринаи мост. Ҳатто, бароварда партофтани ҷиҳозу ашёи куҳнаву шикаста, сӯхтаву фарсуда аз оғози саҳифаи нави зиндагӣ гувоҳӣ медиҳад. мардум бар он ақида бовар доранд, ки агар кас Наврӯзро бо руҳи болидаву хотири шод пешвоз гирад, то охири сол хурраму хушнуд хоҳад монд.
Имрӯзҳо ба кӯча мебарояму дилам рабрези фараҳ мегардад. Ҳаво гарму форам, нафаси баҳор ҳис мешавад. Толибагони мактабу донишҷӯдухтарон бо куртаҳои адрасу атлас, чакану гулдӯзӣ бо тоқиҳои зебову шинам ва кокулони майдабофӣ шӯхикунону гапзанон роҳ мераванд. Онон ба мисли гулҳоеанд, ки аз омадани Наврӯзу баҳор муждагонӣ медиҳанд. Ҳама дар тараддуди ҷашни бузурги аҷдодиамон Наврӯз. Ҳама ҷо сухан аз Наврӯзу баҳор меравад, охир ин яке аз идҳои бузурги миллист. Мо, ҳамчун меросдорони ниёгони тамаддунофари хеш вазифадорем. ки ин ҷашнро дар сатҳи баланд гузаронда, бо эҳтироми хоса онро ба наслҳои ояндаамон интиқол бидиҳем. Ҳар як суннати онро, ки саропо фалсафаи ҳастӣ дар онҳо инъикос гардидаанд, маҳфуз дошта тавонем.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ба Ҷашни Ҷаҳонӣ табдил ёфт. Тамоми давлатҳои ҳавзаи Наврӯз озодона ин иди бостониро ба шукуҳи шаҳомат истиқбол мегиранд.
Ба саросари Тоҷикистони азиз ва ба ҳар як хонадон тоҷик Наврӯзи оламафрӯз бо қадамҳои пурбаракаташ файзу баракат орад. Наврӯзатон муборак, ҳамдиёрони азиз.
Раҳимова Суман - сармутахассиси раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Муфассал...
Тоҷикӣ
Русский
English
