ИШТИРОК ДАР МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ
Санаи 14 марти соли 2026 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ сани 23 майи соли 2013 баён доштанд ва дастгирии иқдоми роҳандози намудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалӣ гардонии Нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ ва трренкур-роҳгардии саломатӣ дар боғҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳри Душанбе бо ҷалби роҳбарону масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ роҳбарият ва кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ иштироки фаъолона нишон доданд.

Тоҷикӣ
Русский
English
