Агентӣ
- Панҷшанбе, 02 Ноябр 2023
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
31-уми октябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи Агентӣ таҳти раёсати директори Агентӣ-Саидзода Муҳаммадтоир ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур аъзои ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, намояндагон аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки дар сохторашон муассисаи таълимӣ доранд, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таълимии зинаи таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи ва олии касбӣ иштирок намуданд.
Муфассал...- Ҷумъа, 06 Октябр 2023
Ҷамъбастӣ фаъолияти кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2023
6-уми октябри соли ҷорӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ дар нуҳ моҳи соли 2023 баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Содиқзода Хурсанд, муовини директор-Назарализода Дилафрӯз, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хотлон, шурои ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, намояндагони нашрияҳои “Омӯзгор”, “Маорифи Тоҷикистон”, “Маърифати омӯзгор”, сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм иштирок доштанд.
Муфассал...- Панҷшанбе, 05 Октябр 2023
Вохурӣ бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷиҳати амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) барои давраи нуҳ моҳаи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, сардорони раёсат, мудирони бахши дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Муфассал...