Агентӣ
- Сешанбе, 28 Октябр 2025
Саволҳои озмуни ишғоли мансабҳои холи маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо фармоиши директориАгентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «11» апрели соли 2022, №204 тасдиқ шудааст.
Саволҳои
озмуни ишғоли мансабҳои холи маъмурии хизмати давлатӣ дар
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.
- Мафҳуми маорифро шарҳ диҳед.
- Ҳуқуқи шахс ба таҳсил дар кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро шарҳ диҳед.
- Дар бораи Консепсияи миллии тарбия ва Консепсияи миллии маълумот диҳед.
- Дар бораи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳарф занед.
- Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» маълумот диҳед.
- Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед.
- Кодекси одоби хизматчии давлатӣ кай тасдиқ шудааст?
- Кадом асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро медонед ва ё мутолиа кардаед.
- Дар бораи ташкил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳад.
- Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
- Парчам, нишон ва суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кадом мақомот кай қабул шудааст?
- Қаҳрамонҳои Тоҷикистонро номбар кунед.
- Масоҳати таълимӣ барои як хонанда дар зинаҳои таҳсилоти умумӣ чи қадар муқаррар карда шудааст?
- Мувофиқи меъёр бояд ба чанд нафар хонанда як компютер рост ояд?
- Сохтори системаи маорифро номбар кунед.
- Муассисаҳои таълимӣ дар кадом асос фаъолият карда метавонанд?
- Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф кадомҳоянд?
- Уҳдадориҳои хизматчии давлатиро номбар кунед?
- Барои қатъ шудани хизмати давлатӣ кадом асосҳо мавҷуданд?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони тоҷикӣ» кай қабул шудааст?
- Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай шуда гузашт ва аҳамияти он дар чист?
- Стандарти давлатии таҳсилотро шарҳ диҳед.
- Иқтисодиёти маориф аз куҷо сарчашма мегирад?
- Таҳсилоти махсусро чӣ хел мефаҳмед.
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандае, ки зинаи таҳсилоти олии касбиро ба танзим медароранд, кадомҳоянд?
- Сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро номбар кунед?
- Низоми кредитии таълимро маънидод кунед.
- Мафҳуми озодиҳои академиро фаҳмонед.
- Зинаҳои таҳсилоти олии касбии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда кадомҳоянд?
- Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбиро маънидод кунед?
- Таълими фосилавиро шарҳ диҳед.
- Ҳуқуқҳои шахс ҳамчун хизматчии давлатӣ аз чӣ иборат аст?
- Дар кадом ҳолатҳо гузаронидани инвентаризатсия ҳатмист?
- Мақсади асосии гузаронидани инветаризатсия аз чӣ иборат аст?
- Дар кадом боби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оид ба масалаҳои муҳосибӣ гуфта шудааст?
- Намудҳо ва вакти истироҳатро шарҳ диҳед.
- Шартномаҳои меҳнатӣ ба кадом муҳлат баста мешаванд?
- Вақти кории хафтаина тибқи муқаррарот чанд рўз муайян шудааст?
- Таркиби ҳисоботи солонаи мактаб аз чӣ иборат аст?
- Сохтори низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом сатҳҳо иборат аст?
- Муассисаҳои таълимӣ аз кадом сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешаванд?
- Андозаи музди меҳнати кормандони соҳаи маорифро кӣ муайян мекунад?
- Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул гардидааст?
- Дар бораи Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ кай қабул шудааст?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» кай қабул гардидааст ва аз чанд боб ва чанд мода иборат аст?
- Низомномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва таҳти кадом рақам тасдиқ шудааст?
- Оинномаи муассиса кадом масъалаҳоро дар бар мегирад?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ кай қабул шудааст?
- Вазифаҳои таҳсилоти томактабӣ номбар кунед?
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом намудҳои муассисаҳои томактабӣ фаъолият мекунад?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи таҳсилоти иловагӣ кай қабул шудааст ва аз чанд боб, модда иборат мебошад?
- Адабиёти таълимӣ, барномаи таълимӣ ва китоби дарсӣ чист?
- Муассисаи таълимӣ чист ва дар кадом ҳолат махсус маҳсуб меёбад?
- Тарбия чист?
- Таълим чист?
- Тарбиягиранда кист?
- Шурои методӣ ва иттиҳодияи методӣ чист ва кадом салоҳиятҳоро дорост?
- Аттестатсияи давлатии муассисаи таълимӣ гуфта, чиро мефаҳмед.
- Аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ гуфта, чиро мефаҳмед?
- Ташхиси иҷозатдиҳӣ кадом вақт гузаронида мешавад?
- Фарқияти сифати таҳсилот ва сифати таълимро маънидод кунед?
- Масъалаи идоракунии сифати таҳсилот дар кадом боб ва моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оварда шудааст?
- Зери мафҳуми баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият чиро мефаҳмед ва амали кардани он чиро дар бар мегирад?
- Ба фаъолияти омӯзгори ки машғул шуда метавонад?
- Атттестатсияи давлатии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси кадом санадҳои меъёри ҳуқуқӣ гузаронида мешавад?
- Муҳлатҳои гузаронидани аттестасияи давлатиро номбар кунед, ва ҳолатҳои баҳодиҳӣ ба натиҷаи онро шарҳ диҳед.
- Зимни ҷамъбасти натиҷаи аттестатсияи давлатӣ кадом паҳлуҳои фаъолияти муассиса бештар афзалият доранд, ва натиҷаи баҳодиҳии мусбии онҳо ҳалкунанда маҳсуб меёбад?
- Аттестатсияи кормандони соҳаи омўзгорӣ дар кадом асос гузаронида мешавад?
- Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай тасдиқ шудааст ва ба ду гуруҳ ҷудо кардани синфро аз фанҳои алоҳида дар кадом маврид иҷозат медиҳад?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» кай қабул шудааст ва муҳтавои он аз чӣ иборат аст?
- Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
- Тибқи Низомнома Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ваколатҳоро дорад?
- Вазифаҳои хизматии муовини директор ва кормандони Агентиро кӣ муайян менамояд?
- Озмун чӣ гуна чорабинӣ аст, ба кадом хотир ва дар кадом асос гузаронида мешавад?
- Оё хизматчии давлатӣ ҳуқуқи ба соҳибкори машғул шуданро дорад?
- Кадом намуди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро медонед, ки ба коррупсия алоқаманданд?
- Кадом конвенсияҳои байналхалқиро медонед, ки соҳаи маорифро ба танзим медарорад?
- Ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҷзияи он чӣ гуна амалӣ мегардад?
- Ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатӣ?
- Уҳдадориҳои падару модар дар таълими фарзанд, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак» пешбинӣ шудаанд кадомҳоянд?
- Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ» маълумот диҳед.
- Намудҳои муроҷиатҳои шаҳрвандонро номбар кунед?
- Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар низоми иҷозатдиҳӣ» маълумот диҳед.
- Принсипҳои асосии иҷозатдиҳиро шарҳ диҳед.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон оид ба иҷозатдиҳӣ кадом салоҳиятҳоро дорост?
- Салоҳияти мақомоти иҷозатномадиҳандаро номбар намоед?
- Амали иҷозатнома чист?
- Оид ба муҳлати амали иҷозатнома маълумот диҳед.
- Ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатнома ва қарори додани онро тасдиқ мекунад номбар намоед?
- Боздоштани иҷозатнома ва бекор кардани амали иҷозатномаро шарҳ диҳед.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор кай қабул гардидааст?
- Барномаҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ (дар ҳамаи зинаҳо) кай тасдиқ карда шудааст?
- Барномаҳои санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ?
- Мафҳуми сифати таҳсилотро шарҳ диҳед.
- Меъёрҳои баҳодиҳӣ ба дониш, маҳорат ва малакаҳои хонандагон аз тарафи кӣ таҳия карда мешавад?
- Гурўҳ, бахш ва шуъбаҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ дар асоси чӣ фаъолият менамоянд?
- Маҳоратии касбии омўзгорон бо кадом роҳҳо баланд бардошта мешаванд?
- Фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи табдил додани Хадамоти давлатии назорат дар соҳи маориф ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва таҳти кадом рақам ба тасвиб расидааст?
- Ҳолатҳое, ки ба хизмати давлатӣ қабул шудани шаҳрвандро истисно мекунад, шарҳ диҳед.
- Дар бораи низоми хизмати давлатӣ маълумот диҳед.
- Принсипҳои асосии химатӣ давлатиро номбар кунед.
- Дар бораи кафолатҳои иҷтимоии хизматчии давлатӣ маълумот диҳед.
- Ҳолати саркашӣ намудани шаҳрванд аз талаботи моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро шарҳ диҳед.
- Дар бораи мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ маълумот диҳед.
- Фарқияти байни мафҳумҳои ҳуқуқ, ўҳдадорӣ ва масъулиятро шарҳ диҳед.
- Мақоми давлатиро шарҳ диҳед.
- Мафҳуми калимаи салоҳиятро шарҳ диҳед.
- Мақомоти марказӣ чигуна салоҳият дорад?
- Ибораи «Эътироф ва баробарарзишӣ»-ро бо забони русӣ гуед?
- Дар бораи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» маълумот диҳед?
- Мафҳуми калимаи радбандиро шарҳ диҳед.
- Идоракунии молиявӣ чист?
- Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро кадом шакли моликият ташкил медиҳад?
- Дар бораи салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.
- Дар бораи сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.
- Аъзои Ҳукуматро номбар кунед?
- Зинаҳои таҳсилотро номбар кунед?
- Раиси Маҷлиси Милли кист?
- Раиси Маҷлиси Намояндагон кист?
- Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кист?
- Кумитаҳои давлатиро номбар кунед?
- Дар бораи сиёсати дарҳои кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.
- Самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ки муайян мекунад?
- Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кадом мақомот татбиқ мекунад?
- Рутбаҳои тахассусии хизмати давлатиро номбар кунед?
- Ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандонро шарҳ диҳед.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаънояндро бо забони русӣ гуед?
- Фарқият байни ҳарфи А ва Б дар чист?
- Феҳристи мансабҳои хизмати давлатӣ дар асоси кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ карда шудааст?
- Мафҳуми калимаи архивро шарҳ диҳед.
- Бойгониро кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим менамояд?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро кадом мақомот татбиқ менамояд?
- Моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
- Дар бораи низоми идоракунии хизмати давлатӣ маълумот диҳед.
- Ҳуқуқи озодонаи шахс ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ дар кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст?
- Мафҳуми калимаҳои мустақилият ва истиқлолиятро шарҳ диҳед.
- Дар бораи феҳристи мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ маълумот диҳед.
- Дастгоҳи давлатӣ чист.
- Муқаддимаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
- Дар бораи сохти идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.
- Дар бораи иттиҳодияҳои диннӣ маълумот диҳед.
- Барои чӣ сархатиб аз буҷети давлат музди меҳант мегирад?
- Тағйирёбии ҳудуди марз дар асоси кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ карда мешавад?
- Ҳифзи ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед, ки мансубияти динӣ доранд?
- Мафҳуми мансаби давлатиро шарҳ диҳед.
- Дар бораи мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ маълумот диҳед.
- Дар бораи феҳристи мансабҳои хизмати давлатӣ маълумот диҳед.
- Барои заноне, ки дар озмуни мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ бори аввал иштирок мекунанд, кадом имтиёзҳо муқаррар карда шудааст?
- Моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо забони русӣ гуед?
- Дар моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» чӣ гуфта шудааст?
- Мафҳумҳои дастгоҳи марказиро шарҳ диҳед.
- Баъди хатми кадом муассисаи таълимӣ шахс соҳиби таҳсилоти миёнаи касбӣ мегардад?
- Ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ дарҷ гардидааст?
- Мафҳуми калимаи назоратро шарҳ диҳед.
- Дар бораи Асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.
- Дар бораи рейтинги муассисаҳои таълимӣ маълумот диҳед?
- Кадом нишондодҳо дар тавсифномаи хизматчии давлатӣ дарҷ мегардад?
- Кӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад?
- Хизматчии давлатӣ кист?
- Мутахассис кист?
- Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна фонд аст?
- Ба фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом ҳисоб маблағҳо ворид мегарданд?
- Шарикони байналмилалии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
- Чанд навъи раводид вуҷуд дорад?
- Шаклҳои идоракуни вобаста ба иқтисодиёт кадомҳоянд?
- Хизмати давлатӣ аз хизматчии давлатӣ чи фарқ дорад?
- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд кишвари рўи олам намояндагии дипломатии худро дорад?
- Дар кадом моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оид ба сатҳу сифати таълим дарҷ гардидааст?
- Мафҳуми мониторинг ҷист?
- Маҷмуи меъёрҳо, принсипҳои одоби хизмати давлатиро шарҳ диҳед
- Мафҳуми калимаи илмро шарҳ диҳед?
- Принсипҳои аттестатсияро номбар кунед
- Дар бораи фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот диҳед?
- Мафҳуми калимаи маорифро шарҳ диҳед.
- Калимаи Агентии назорат дар соҳаи маъориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба забони русӣ ва англисӣ гуйед?
- Принсипҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчии давлатиро шарҳ диҳед.
- Мафҳуми калимаи инноватсия чист?
- Доир ба пайдарҳамии нақшаву барномаҳои таълимӣ ҳарф занед.
- Ихтисоси ҳамгиро чист?
- Уҳдадориҳои иловагии хизматчии давлатиро шарҳ диҳед.
- Дар кадом моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои омўзгор дарҷ гардидааст?
- Мафҳумҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро номбар кунед?
- Ҳифзи ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед, ки мансубияти динӣ доранд?
- Мафҳуми мансаби давлатиро шарҳ диҳед?
- Дар бораи мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ маълумот диҳед?
- Номинатсияҳои озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро номбар кунед?
- Моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо забони русӣ гуед?
- Дар бораи имтиёзҳои муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед?
- Дар бораи категорияи сиёсӣ маълумот диҳед?
- Мафҳуми таърих аз тамаддун чӣ фарқият дорад?
- Доир ба пайдарҳамии нақшаву барномаҳои таълимӣ ҳарф занед?
- Стандарти давлатии таҳсилот аз ҷониби кӣ тасдиқ мегардад?
- Принсипҳои одоби хизматчии давлатиро номбар кунед?
- Мафҳуми «Давлатӣ иҷтимоӣ» тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад?
- Мафҳуми «Давлатӣ ягона» тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад?
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳо) ва барномавӣ (консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо) доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм номбар карда шаванд?
- Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, номбар карда шаванд?
- Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бораи мубориза ба зидди терроризм» маълумот пешниҳод карда шавад?
- Мафуми «Терроризм» ва «Амали террористи» шарҳ дода шаванд?
- Субектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шаванд?
- Субектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шаванд?
- Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 маълумот пешниҳод карда шавад?
- Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстримизм» маълумот пешниҳод карда шавад?
- Мафуми «Экстремизм» ва «Сепартизм» шарҳ дода шаванд?
- Субектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шаванд?
- Субектҳои дар муқовимат ба экстремизм иштирокунанда номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шаванд?
- Дар бораи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм маълумот пешниҳод карда шавад?
- Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» маълумот пешниҳод карда шаванд?
- Дар бораи шаклҳоиа иттиҳодияҳои динӣ ва вазъи ҳуқууқии онҳо маълумот пешниҳод карда шаванд?
- Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин маълумот пешниҳод карда шаванд?
Муфассал...
- Сешанбе, 28 Октябр 2025
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатии холии зерин озмун эълон менамояд:
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатии холии зерин озмун эълон менамояд:
Дастгоҳи марказӣ
1.Мудири бахши муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3074,75 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2.Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,7 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
1.Сармутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 2915,8 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2.Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2012,4 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
3.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1664,9 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд
1.Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1959,9 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
2.Мутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1612,4 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон
1.Мутахассиси пешбар – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 1959,9 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
2.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1612,4 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар шаҳри Душанбе
1.Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2390,8 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;
Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт
1.Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,4 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
1.Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,5 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби мудири бахш:
–таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ;
– 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ;
– донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;
– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;
– 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;
– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;
– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;
– малакаи хуби муошират;
– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони роҳбари мақомот;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 038УЕ;
– нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;
– маълумотнома оид ба доғи судӣ;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (СИН);
–нусхаи маълумотнома дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ;
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– 2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4;
– маълумотнома (справка-объективка) бо акси ранга.
Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Садриддин Айнӣ 126, шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, ошёнаи 3), телефон 225-83-28, 225-83-32.
Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо баъд аз 21 рӯзи нашри озмун дар бораи гузаронидани озмун.
Муфассал...- Шанбе, 06 Сентябр 2025
Истиқлолият – бузургтарин сарвати миллӣ ва рамзи худшиносӣ
Истиқлолият – бузургтарин сарвати миллӣ ва рамзи худшиносӣ
Истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик ва неъмати бебаҳост, ки арзиши онро бо ҳеҷ гуна ченак баҳогузорӣ кардан мумкин нест. Маҳз истиқлолият ба миллат имкони худшиносӣ, худнигарӣ ва озодии воқеӣ мебахшад. Он заминаи асосии давлатдорӣ, пешрафт ва суботи ҷомеа мебошад.
Арзиши таърихиву маънавии истиқлолиятро инсоният ба хубӣ дарк бинмудааст. Зеро ҳар миллате, ки таърих ва тамаддуни худро мешиносад ва аз он ифтихор мекунад, истиқлолро чун бузургтарин сарват медонад. Истиқлолият ба ҷомеа нерӯи нав мебахшад ва миллатро ба худогоҳиву худшиносӣ мерасонад. Барои тоҷикон истиқлолият на танҳо озодии сиёсӣ, балки эҳёи тамаддун, забон ва фарҳанги миллӣ низ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода борҳо таъкид менамоянд, ки «Истиқлолият – неъмати бебаҳову сармояи маънавӣ маҳсуб меёбад!». Бар ҳақ дар муқоиса бо дигар сарватҳо, ки бо миқёс ва арзишҳои моддӣ чен карда мешаванд, истиқлолият танҳо бо ваҳдат, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ арзёбӣ мегардад. Он ганҷинаест, ки наслҳои имрӯза ва оянда бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Таърих исбот намудааст, ки Истиқлол ваҳдатофар асту Ваҳдат хоси халқу давлатҳоест, ки соҳибихтиёру озод мебошанд. Шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибихтиёр дар ин самт қадамҳои устувор гузоштаанд. Онҳо дар атрофи меъмори Сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид омада, ваҳдати миллиро бунёд менамоянд.
Истиқлолияти давлатӣ калиди соҳибдавлатӣ ва рамзи ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик мебошад. Миллат бо он тавонистааст тақдирашро ба дасти худ бигирад ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳу равиш ва симои хос пайвастагӣ пайдо намояд. Истиқлолият ҳамеша талош мекунад, ки набзи давлату давлатдорӣ бо набзи ҷаҳониён ҳамоҳанг ва ҳамсадо бошад, ки ин омили муҳими устувории сиёсӣ ва маънавии миллат мебошад.
Ба хотири дарки арзиши таърихӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои таҳкими истиқлолият, мо паҳлуҳои гуногуни ин неъмати азизи худододро мунтазам мавриди арзёбӣ қарор медиҳем. Истиқлолияти Тоҷикистон на танҳо дар асри охир, балки дар садсолаҳои дароз ва дар даврони таърихи куҳан ва сарнавишти иҷтимоии халқамон ҳамеша пирӯзии бузург маҳсуб меёбад. Чунон ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, таҳкими истиқлолияти миллӣ бояд мақсади доимии ҳар шаҳрванди худогоҳ бошад.
Дар даврони истиқлол Тоҷикистон тавонист дар соҳаҳои маорифу илм, иқтисоду фарҳанг ва сиёсат дастовардҳои назаррас ба даст орад. Баланд гардидани мақому манзалати омӯзгорон ва олимон, таҳкими пояҳои худшиносии миллӣ, густариши тафаккури техникӣ ва рушди насли нав ҳама аз баракати истиқлолият мебошанд.
Масъулияти наслҳои имрӯзу фардоро Пешвои муаззами миллат дар соҳаи маориф дониста, маҳз ҳамин соҳаро самти афзалиятнок эълон намуданд ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ ва наҷоти миллат арзёбӣ кардаанд. Ин мавқеи стратегӣ нишон медиҳад, ки илму маориф танҳо василаи донишандӯзӣ нест, балки заминаи воқеии пойдории истиқлолият ва рушду такомули ҷомеа ба шумор меравад.
Бо ҳамин далел, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бемайлони низоми маориф ва илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисосу унвондор ва тақвияти неруи инсонӣ дар ҳама зинаҳои таълимро вазифаи аввалиндараҷа қарор додааст. Натиҷаи чунин сиёсати пайгирона дар он аст, ки тайи сиву чор соли истиқлолият соҳаи маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои танзими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ садҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд.
Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ин муддат фаъолияти худро ба ҳадафи асосӣ — бунёди ҷомеаи мутамаддини демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ равона сохтааст. Тарбияи худшиносиву худогоҳии насли нав, ифтихори ватандорӣ, таҳкими шаъну шарафи шаҳрвандӣ, ташаккули шахсияти донишҷӯёну хонандагон, инчунин таъмини амнияти иттилоотӣ ва рушди зеҳнии ҷавонон, аз ҷумла самтҳои калидии фаъолияти он маҳсуб мешаванд.
Аз дастовардҳои солҳои истиқлол, яке низ баланд гардидани мақому манзалати устоду олим аст. Ин падида, аз ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат шаҳодат медиҳад. Дар ин росто Садри фардоназари миллат таъкид кардаанд: «Давлату Ҳукумат ба шумо эътимоди комил дорад, зеро инсоният ба омўзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Маҳз муаллим аст, ки доимо меомўзад ва он чӣ андўхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омўзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омўзгор буданду ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд». Ин андеша баёнгари он аст, ки китобу қалам, илму маърифат ва омӯзгори асил аз замонҳои қадим то имрӯз арҷмандтарин сармояи миллати тоҷик маҳсуб меёбад ва дар оянда низ чунин хоҳад монд.
Истиқлолияти воқеии давлат моҳияти раҳоӣ аз дастнигарӣ ва расидан ба худшиносиву худнигариро дорад. Ин неъмат танҳо амонати имрӯз нест, балки сармояест барои наслҳои оянда. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди худогоҳ вазифадор аст, ки истиқлолро пос дошта, онро ҳамчун рамзи ҳастии миллӣ ва омили бақои давлатдорӣ аз насл ба насл интиқол диҳад.
Истиқлолият меъёри ҳастии миллӣ ва пояи давлатдорӣ мебошад. Ҳифзу таҳкими он на танҳо рисолати наслҳои имрӯз, балки масъулияти наслҳои оянда низ мебошад. Бо ифтихори истиқлол, миллати тоҷик роҳи пешрафту шукуфоии худро интихоб намуда, ояндаи равшанро дар партави ваҳдату худшиносӣ месозад.
Сафарзода Сафармад Саид – сардори раёсати
назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолонаи
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикӣ
Русский
English
