Агентӣ
- Душанбе, 22 Феврал 2021
Вохӯрӣ бо намояндагони Барномаи Оҷонсии Аврупоӣ
Тибқи нақшаи кори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар моҳи ноябри соли 2020 бо иштироки намояндагони Оҷонсии Аврупоӣ вобаста ба сифати таҳсилот (ЭКА) Хилар Бауман ва Марит Сук дар мавзӯи «Ташкили маҳзани маълумоти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.
Муфассал...- Ҷумъа, 19 Феврал 2021
Баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентӣ
Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри 2011, №АП-1729 дар толори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-уми феврали соли ҷорӣ нишасти матбуотии агентӣ бо иштироки роҳбарият, аъзоёни мушовараи агентӣ, сардорони раёсату шуъба, бахшҳои агентӣ, ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Муфассал...- Душанбе, 15 Феврал 2021
Ҳувияти миллии ҷавонон ва таҳкими сулҳу ваҳдат
Мусаллам аст, ки соҳибистиқлолии ҳар кишварро арзишҳои муқаддас чун сулҳу субот ва ваҳдату ризоияти ҷомеа муайян месозад. Хушбахтона, имрўз маҳз бо шарофати сулҳу субот дар роҳи таъмини рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар аз ҷониби раҳбарияти давлат, хосатан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор гузошта шудааст. Тоҷикистон аз он лаҳзае, ки ба сулҳу ваҳдат ноил гардид, падидаи ваҳдат сароғози ташаббусҳои бузург дар роҳи ободкорию созандагии миллати тамаддунофару фарҳангпарвар шуд.
Муфассал...