wrapper

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ТАВАҶҶУҲИ АВВАЛИНДАРАҶА БА СОҲАИ МАОРИФ
28 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилї ва хориљии кишвар» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.
Пешвои муаззами миллат дар баробари таҳлили соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, ба соҳаи маориф илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки давлатҳои пешрафтаи дунё аз руй овардан ба ин соҳаи афзалиятнок ва аз фуруши идеяҳои олимону донишмандони худ ва аз натиҷаи ихтирооту кашфиёти техника ва технологияи нав ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии худро пайваста боло мебаранд.
Бинобар ин, таъкид намуданд, ки бояд ин соҳаи ҳаётан муҳим дар зери танзими давлатӣ қарор дошта бошад. Зимни суханрониашон Пешвои муаззами миллат зикр намуданд, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Бояд тазкуккур дод, ки сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ вобаста ба афзоиши аҳолӣ ин саривақтӣ буда, аксарияти онҳо муассисаҳои таълимии типпи нав мебошанд, ки барои таъмини сифати тањсилот заминаи мусоидро фароҳам меоварад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон, Президенти маҳбуби кишвар бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш додаанд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад.
Дар баробари ин, маоши вазифавии кормандони дигари муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.
Дар воқеъ Пешвои муаззами миллат ҳар сол дар баробари дигар соҳаҳо маоши омӯзгорону кормандони соҳаи маориф ва илмро баланд мебардорад, ки аз таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Президенти кишварамон ба соҳаи маориф ва илм дарак медиҳад. Ин аст, ки зимни супориши Президенти маҳбуби кишвар дар бораи баланд бардоштани маоши вазифавии кормандони соҳаҳои гуногун маълум гардид, ки аз ҳама зиёд маоши вазифавии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии соҳаи маориф аст, ки 30 фоиз мебошад.
Бодарназардошти таваҷҷуҳи аввалиндараҷа доштани Пешвои муаззами миллат ба соҳаи маориф ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш додаанд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
Инчунин ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур додаанд, ки дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон Президенти мамлакат иброз доштаанд, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
Пешвои муаззами кишвар зимни муқоисаи худ дар даврони соҳибистиқолии кишвар махсусан соҳаи маориф чунин иброз намудаанд:
Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.
Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд.
Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфўзи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.
Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Инчунин, Президенти маҳубуби кишвар зикр намудаанд, ки имрузҳо дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Тавре Ҷаноби олӣ ишора кардаанд, ин маблағ ғайр аз буҷети давлатӣ мебошад.
Ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ низ назаррас буда, тибқи таҳлилҳои ЮНЕСТКО ва Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистон ба гуруҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории он ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин радабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамоян
Бодарназардошти таваҷҷуҳи аввалиндараҷа доштани Пешвои муаззами миллат ба соҳаи маориф, мо кормандони ин соҳаи ҳаётан муҳимро лозим аст, ки бо масъулияти баланд дар иҷрои вазифаҳои ба уҳдаамон гузошташуда софдилона камари ҳиммат бандем.
Муовини якуми директори Агентии
назорат дар соҳаи маориф ва илми назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Содиқзода Хурсанд Сафар

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35