wrapper

Агентӣ

Агентӣ

Ташрифи кормандон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

  Санаи 16.03.2022 роҳбарият, кормандони раёсату шуъбаҳо дар остонаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии кишвар аз намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дидан намуданд. Муфассал...

Баргузории вохӯрии судманд бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

      17 феврали соли 2022 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқгардида бо иштироки доираи васеи кормандон дар самти муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ доир гардид, ки дар он намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» диққати махсус дода мешавад ва аз ҷониби кормандони мақомоти дахлдор дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Баҳри таъмини иҷрои бандҳои 1, 2, 11, 23, 24, 36, 40, 41, 44, 48 ва 60-и Стратегияи  мазкур аз тарафи Сарраёсат чораҳои зарурӣ андешида шуда, барои амалӣ намудани он мутасаддиён ба мақомоту кумитаю вазорату идораҳо тибқи нақша сафарбар карда мешаванд.

Муфассал...

Баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон

   14 феврали соли 2022 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.

Муфассал...

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35  

Copyright © 2025 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. All Rights Reserved. Designed by IBlove