wrapper

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 28 декабр соли 2024, Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» ироа гардид. Кормандони раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон, дар якҷоягӣ бо кормандони дигар ташкилоту муассисаҳо дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Паёмро тамошо карданд. Бояд қайд кард, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа буда, барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг, варзиш ва умуман ноил гардидан ба зиндагии шоистаи мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳуҷҷати роҳнамои комил мебошад. Хело хурсандибахш аст, ки чун солҳои қаблӣ, имсол низ барои беҳтар намудани шароити мардум аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардид, ки музди маоши кормандони бахши буҷавӣ, стипендия ва нафақапулӣ зиёд карда мешаванд. Бо ин мақсад аз 1 сентябри соли 2025 музди маоши кормандони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ 30 фоиз ва дигар кормандони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешаванд. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф таваҷҷӯҳи доимӣ дошта, барои пойдории сулҳу ваҳдат, амнияти мардуму сарзамин, давлатдории миллӣ ва ҷовидонагии Тоҷикистони азиз рушду инкишофи илму маорифро зарур меҳисобанд. Дар Паёми навбатиашон низ, Пешвои миллат қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Инчунин, Пешвои миллат дар Паёмашон қайд намуданд, ки дар се соли охир зиёда аз 1500 адад иншооти соҳаи маориф бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва ниёз ба муассисаҳои таълимӣ масъулон вазифадор гардиданд, ки дар 5 соли оянда сохта ба истифода додани 800 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 1000 адад муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
Бояд гуфт, ки дар 5 соли оянда, дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 хонавода зиндагӣ мекунад, бунёди 1 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад. Ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки дар ин муддат, фарогирии 50 фоиз кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабиро таъмин намоянд. Ба ғайр аз ин Пешвои миллат дар Паёмашон ба масъулон дастур доданд, ки вобаста ба рушди фанҳои технологӣ зарурати аз нав таҳия намудани барномаву нақшаҳо ва стандартҳои таълимӣ ба миён омадааст. Инчунин, барои ба таври васеъ ва самаранок ба роҳ мондани омузиши забонҳои хориҷӣ зиёд намудани воњидњои кории омӯзгорони ин фанҳо лозим аст. Хело фараҳбахш аст, ки сарвари давлат зимни Паёми навбатиашон ба таълиму тарбияи насли наврас, соҳиби касб ва илму дониш гардидани ҷавонону наврасон, эҳтироми волидайн хусусан модарону бонувон, сидқан дӯст доштани ҳамватанон ва барои ноил гардидан ба зиндагии шоста дахл намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи зиндагии шоистаро дорад.
Мо кормандони раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон низ беш аз пеш кушиш менамоем, ки Паёми роҳнамунсози Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, барои ба даст овардани вазифаҳои гузошташуда аз тамоми имкониятҳо истифода намоем.
Сардори раёсати Агентии назорати маориф
ва илм дар вилояти Хатлон - Аззизода Бахриддин

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35