wrapper

Агентӣ

Агентӣ

Истиқлолияти Тоҷикистон ва поягузори он

  Дар саргаҳи иттифоқиву иттиҳодии давлату миллат танҳо ва танҳо ҷаҳонбиние меистад, ки аз илму хирад сарчашма мегирад ва дар худ ҳисси баланди хештаншиносӣ ва худогоҳӣ дорад.
  Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол буда, ваҳдати сартосарии худро ҳар лаҳзаву ҳар сония тақвият медиҳад, ки ин ду калимаи дар забон осон ва дар ақл мураккаб боиси осудагии мардум ва сарзамини муқаддасамон-Тоҷикистони биҳиштосо гардидааст. Мо миллати ҳамгирову ҳамдаст, бо номусу нанги воло муқаддасоти худро зери дандон нигоҳ медорем ва чизи ба душман супурдашавандаи мо хунасту бас!

Муфассал...

Шанбегии дастаҷамъона баҳри ободониву созандагӣ

  Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри созандагию ободонӣ ва барои боз ҳам ободу зебо, сабзу хуррамгардонии шаҳри Душанбе, бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона доир гардид. Муфассал...

Хониши идоравии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - омӯзиши китоби "тоҷикон"

  Хониши идоравӣ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани таҳлил ва омӯзиши китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров байни кормандони Агентӣ доир гардид, ки дар он аз ҷониби масъулин гуфта шуд, “Тоҷикон” яке аз асарҳои зинданигоҳдорандаи таъриху тамаддун ва фарҳанги пурғановати мо ориёиҳои машриқзамин мебошад. Бобоҷон Ғафуров бо ин шоҳасари худ барои давлату миллати тоҷик хизматҳои шоён намуда, манфиатҳои милливу фарҳангӣ, урфу одат ва анъанаҳои ниёгонро ҳифз кардааст. Муфассал...

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35  

Copyright © 2025 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. All Rights Reserved. Designed by IBlove