wrapper

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ МОСТ»
24 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ, роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» Конференсияи илмӣ-амалиро дар мавзуи «Парчами давлатӣ – ифтихори мост» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Конференсия бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, муҳтарам директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид ҳайати меҳмонону кормандонро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, Парчамро рамзи давлату давлатдорӣ, бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон унвон намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.
Дар кори конференсия сардори раёсати ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парчами давлатӣ – рамзи шинохти асолати миллӣ», мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - Шарофуддинов Суҳроб Саломович дар мавзуи «Парчами давлатӣ – рамзи давлатдорӣ ва ифтихори миллӣ», сардори раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷобиров Раҷабалӣ Фатҳуллоевич дар мавзуи «Ҷойгоҳи Парчам дар давлатдории тоҷикон», директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ – Ғафурӣ Зоир Саъдулло дар мавзуи Парчами давлатӣ – рамзи иттиҳоду сарҷамъии миллати тоҷик» ва сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сафарзода Сафармад Саид дар мавзуи «Парчами давлатӣ – дастоварди бузурги Истиқлолияти давлатӣ, иштирок ва маърӯза намуданд.
Дар қисмати дуюми конференсия дастаи ҳаваскорони «Шифобахш»-и Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» суруду таронаҳои ифодакунандаи Парҷами давлатӣ рамзи давлатдорӣ ва ифтихори миллӣ ва шинохти асолати миллиро пешкаши ҳозирин гардониданд.
 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35