wrapper

Items filtered by date: Сентябр 2025

ТАҚДИМИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ АЗ НОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Рӯзи 02.09.2025 аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Давлатзода Музаффар Салим мукофоти давлатӣ ба мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Соҳибназар, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардониданд, супорида шуд.

 

 

Дониш ва Сулҳ ду мафҳуми бо ҳам тавъам

Ҳамасола 1 сентябр дар кишвари соҳибистиқлоламон оғози соли нави таҳсил ҳамчун Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат- Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳбубияти хос доир мегардад, ки ин далели равшани эҳтироми зиёди Роҳбари давлат ва ҳукумат ба мактабу маориф, илму дониш ва омӯзгор мебошад. Дар робита ба ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш қайд намуданд, ки «Ман дар асоси таваҷҷуҳу эҳтироме, ки нисбат ба илму маориф ва мактабу омӯзгор дорам, иброз менамоям, ки маҳз тавассути рушди соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои он ва заҳмати содиқонаи омӯзгорон мо тавонистем, ки чеҳраи воқеии халқи тоҷикро дар замони муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем». Дар ҷомеаи мутамаддин ва рушдёфта низоми мактабу маориф илму фарҳанг нақши калидӣ ва созандаро касб менамоянд. Аз рушди соҳаи маориф, таълиму тарбия дараҷаи зеҳнию ақлониии ҳар як кишвар вобастагӣ дорад ва маҳз мактабу маориф, мутахассисони баландихтисос метавонанад рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, илмию техникии кишварро таъмин намоянд.

Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар мактабу маориф, илму донишро дар сархати аввали сиёсати худ қарор дод. Фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, ҳамасола зиёд намудани маблағгузории соҳаи маориф, зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, зиёд намудани бурсияву стипендияҳо ва ҷудо намудани квотаҳои Президентӣ, қабули садҳо барномаву стратегияҳои соҳаи маориф, ташкили озмуну олимпидаҳо ва қадрдонию ҳавасманд намудани ғолибони онҳо ва дигар тадбирҳои зарурӣ далели ғамхорию таваҷҷуҳи Роҳбари давлат дар ин самт мебошад.

Қобили зикр аст, ки таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли нави таҳсил аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад, зеро ин ду мафҳум «Дониш» ва «Сулҳ» бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Дарси сулҳ ҳамчун рамзи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ба хоку марзу буми кишвар мебошад. Пешвои миллат- Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Сулҳ ифтихору шодии мо, саодати ҳар як хонавода ва пояи пешрафти давлату миллат аз ҷумла, рушди соҳаи маориф мебошад». Масъалаи сулҳу субот, оромию осудагӣ дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳони имрӯза аз зумраи масоили ниҳоят муҳим буда, ҳифзу таҳкими он вазифаю рисолати муқаддаси ҳар як шахси худогоҳу ватандӯст мебошад. Зерои пешрафти ҳамаҷонибаи  ҳар як давлату ҷомеа аз сулҳу субот, оромию осудагӣ, ваҳдати комили миллӣ вобастагӣ дорад.

Пешвои миллат иброз намуданд, ки «Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷоме таъкид месозем, доир ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ- мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб намоем»

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар самти фаҳмондадиҳии моҳияту арзиши сулҳу субот, оромию осудагӣ, ваҳдати миллӣ ва истиқлолият дар шароити хеле муракаби сиёсии ҷаҳони муосир корҳои амалиро анҷом диҳем.

Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ гиромӣ бод!

Сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Азорабек Мирзобек

Шанбе, 06 Сентябр 2025 12:14

Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

 

Хушбахтона, ифтихори бузург даст дод, ки дар чунин вохӯрии сатҳи баланд иштирок карда, аз андеша ва дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита баҳравар гардам.

Воқеан, баргузории чунин вохӯриҳо дигарбора аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маорифи мамлакат шаҳодат дода, зимнан, ишора ба он аст, ки дар шароити тағйирёбии босуръати авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар назди мо кормандони соҳаи маориф ва илм вазифа ва масъулиятҳои нав меистад.

Бояд гуфт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ин вохӯрӣ нахуст аз мақому манзалати омӯзгор дар назди давлату ҳукумат ва ватану миллат ёдовар гардида, чунин ибрози андеша намуд: «…Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст. Мо мақоми омӯзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад. Соли гузашта дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ман ба сохтору мақомоти марбута супориш дода будам, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳоло ин санади муҳим аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маъқул дониста шуда, ба баррасии парламенти кишвар ирсол гардидааст. Қабули ин қонун марҳалаи наверо дар фаъолияти омӯзгорон ва умуман, дар ҳаёти аҳли кишвар ифтитоҳ хоҳад бахшид.».

Таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат, ки ман дар сиёсати худ соҳаи маорифро дар ҷои аввал мегузорам бори дигар собит намуд, ки бо таҳия, пешниҳод ва қабули чунин Қонун, ки дар воқеъ метавонад ба болоравӣ ва нуфузу мақому мартабаи омӯзгорони муҳтарам таъсири амиқ бигзорад, собит мегардад, ки чуунин сиёсат сиёсати дурандешона ва маорифпарваронаи Президенти кишвар арзёбӣ мегардад.

Поянда бод Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

 

Баҳронзода Қудратуло Баҳрон – сардори шуъбаи

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт

Андешаҳо

аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ

 

Мулоқоти ҳарсолаи Пешвои муаззами миллат бо донишҷӯёну хонандагон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар дар Рӯзи дониш фурсати хубе фароҳам меоварад, ки вазъи ин соҳаи ҳаётан муҳимро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем. Зеро, маҳз, дониш омили асосии рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҳар як давлат, инчунин, сарчашмаи муваффақият ва зиндагии осудаи ҳар як инсон мебошад.

Ҳар сол дар мамлакат садҳо муассисаи нави таълимии томактабӣ ва миёнаи умумӣ, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, забономӯзӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ бунёд ва ба истифода дода мешаванд. Тамоми пешрафту дастовардҳои мо, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ҳаёти шоиставу осоиштаи мардум, пеш аз ҳама, ба пойдории сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вобаста мебошад.

Бинобар ин, боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки соли нави таҳсил дар диёри маҳбуби мо бо Дарси сулҳ оғоз меёбад.

         Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дур мондан аз таълиму тарбия, дар навбати худ, боиси коста шудани андешаи сулҳхоҳона ва талош ба хотири сулҳу осоиш мегардад. Дар навбати худ, ҳоло ҳам дурмонӣ аз таҳсил мушоҳида гардида, масъулини соҳа вазифадоранд, ки садди роҳи  он бошанд. Мардуми мо набояд ҳаводиси солҳои 90-уми асри гузашта – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оқибатҳои даҳшатноки онро фаромӯш созанд ва авзои имрӯзаи ҷомеаи башарӣ ҷавонони моро водор месозад, ки андешаи сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳуввияти миллӣ қабул карда, ба хотири таҳкими ҳарчи бештари ин неъмати бебаҳо саъю талош намоянд.

Дар кишвар раванди ислоҳоти соҳаи маориф бомаром идома дорад.

Дар ин муддат санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шуданд. Маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим сол ба сол афзоиш дода шуд, ки ин, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани шароити таҳсил, инфрасохтори соҳа ва вазъи иқтисодии омӯзгорон мусоидат карда истодааст.

Илова ба маблағҳои буҷетӣ ҳар сол ба соҳаи маориф аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд.

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд.

Ҳукумати мамлакат ба вазъи муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи хосса дорад. Зеро нахустин фаҳмишҳои кӯдакон дар бораи муҳит ва ашё маҳз дар ҳамин зинаи таҳсилот шакл мегиранд.

Дар баробари пешравиҳои муайян, дар ин соҳа ҳанӯз мушкилоти зиёд низ ҷой доранд, ки пеш аз ҳама, кам будани шумораи муассисаҳои томактабӣ ва кӯдакони ба таълиму тарбияи томактабӣ фарогирифташуда аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар назар бояд дошт, ки афзоиши босуръати аҳолӣ талаботи ҷомеаро ба таҳсилоти томактабӣ сол ба сол афзоиш дода истодааст.

Чунин ҳолат роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Вазорати маориф ва илм, инчунин, падару модаронро водор месозад, ки бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таъсиси шаклҳои алтернативии фарогирӣ ба зинаи томактабиро густариш бахшида, иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди маорифро дар хусуси то соли 2030 ба 50 фоиз расонидани фарогирӣ ба таҳсилоти томактабӣ таъмин намоянд ва дар оянда пурра таъмин намудани муассисаҳои томактабӣ бо кадрҳои соҳибихтисос тадбирҳои судманд андешанд.

Таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз зинаҳои муҳимми соҳаи маориф маҳсуб ёфта, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади беҳтар кардани шароити таълиму тарбия ҳазорҳо муассисаи таълимии замонавӣ бунёд карда шуд.

Дар баробари дастоварду пешравиҳо дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамчун таҳкурсии асосии таълиму тарбия ва омили рушди неруи инсонӣ ҳанӯз як қатор мушкилоту душвориҳои ҳалталаб вуҷуд доранд.

Такмилу бознигарии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сифати таълим, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, кабинетҳои фанниву озмоишгоҳҳо, саводнокии рақамӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ҳамчун санади муайянкунандаи мазмун ва сатҳи таҳсилот амал мекунад, вобаста ба пешрафту дигаргуниҳои ҷаҳони муосир ба таҷдиди ҷиддӣ ниёз дорад.

Таҳия ва қабули стандарти нави давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ба натиҷа, таълими шахсиятсоз ва пайвастагии мактаб бо ҳаёти воқеӣ такя мекунад, амри зарурист.

 

Шарипов Баҳром – сардори шуъбаи

Агентии назорат дар соҳаи маориф

ва илми назди Президенти Ҷумҳурии

 Тоҷикистон дар минтақаи Ҳисор

 

 

Page 2 of 3

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35