Дониш ва Сулҳ ду мафҳуми бо ҳам тавъам
Ҳамасола 1 сентябр дар кишвари соҳибистиқлоламон оғози соли нави таҳсил ҳамчун Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат- Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳбубияти хос доир мегардад, ки ин далели равшани эҳтироми зиёди Роҳбари давлат ва ҳукумат ба мактабу маориф, илму дониш ва омӯзгор мебошад. Дар робита ба ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш қайд намуданд, ки «Ман дар асоси таваҷҷуҳу эҳтироме, ки нисбат ба илму маориф ва мактабу омӯзгор дорам, иброз менамоям, ки маҳз тавассути рушди соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои он ва заҳмати содиқонаи омӯзгорон мо тавонистем, ки чеҳраи воқеии халқи тоҷикро дар замони муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем». Дар ҷомеаи мутамаддин ва рушдёфта низоми мактабу маориф илму фарҳанг нақши калидӣ ва созандаро касб менамоянд. Аз рушди соҳаи маориф, таълиму тарбия дараҷаи зеҳнию ақлониии ҳар як кишвар вобастагӣ дорад ва маҳз мактабу маориф, мутахассисони баландихтисос метавонанад рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, илмию техникии кишварро таъмин намоянд.
Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар мактабу маориф, илму донишро дар сархати аввали сиёсати худ қарор дод. Фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, ҳамасола зиёд намудани маблағгузории соҳаи маориф, зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, зиёд намудани бурсияву стипендияҳо ва ҷудо намудани квотаҳои Президентӣ, қабули садҳо барномаву стратегияҳои соҳаи маориф, ташкили озмуну олимпидаҳо ва қадрдонию ҳавасманд намудани ғолибони онҳо ва дигар тадбирҳои зарурӣ далели ғамхорию таваҷҷуҳи Роҳбари давлат дар ин самт мебошад.
Қобили зикр аст, ки таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли нави таҳсил аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад, зеро ин ду мафҳум «Дониш» ва «Сулҳ» бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Дарси сулҳ ҳамчун рамзи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ба хоку марзу буми кишвар мебошад. Пешвои миллат- Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Сулҳ ифтихору шодии мо, саодати ҳар як хонавода ва пояи пешрафти давлату миллат аз ҷумла, рушди соҳаи маориф мебошад». Масъалаи сулҳу субот, оромию осудагӣ дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳони имрӯза аз зумраи масоили ниҳоят муҳим буда, ҳифзу таҳкими он вазифаю рисолати муқаддаси ҳар як шахси худогоҳу ватандӯст мебошад. Зерои пешрафти ҳамаҷонибаи ҳар як давлату ҷомеа аз сулҳу субот, оромию осудагӣ, ваҳдати комили миллӣ вобастагӣ дорад.
Пешвои миллат иброз намуданд, ки «Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷоме таъкид месозем, доир ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ- мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб намоем»
Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар самти фаҳмондадиҳии моҳияту арзиши сулҳу субот, оромию осудагӣ, ваҳдати миллӣ ва истиқлолият дар шароити хеле муракаби сиёсии ҷаҳони муосир корҳои амалиро анҷом диҳем.
Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ гиромӣ бод!
Сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Азорабек Мирзобек