wrapper

Андешаҳо

аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ

 

Мулоқоти ҳарсолаи Пешвои муаззами миллат бо донишҷӯёну хонандагон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар дар Рӯзи дониш фурсати хубе фароҳам меоварад, ки вазъи ин соҳаи ҳаётан муҳимро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем. Зеро, маҳз, дониш омили асосии рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҳар як давлат, инчунин, сарчашмаи муваффақият ва зиндагии осудаи ҳар як инсон мебошад.

Ҳар сол дар мамлакат садҳо муассисаи нави таълимии томактабӣ ва миёнаи умумӣ, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, забономӯзӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ бунёд ва ба истифода дода мешаванд. Тамоми пешрафту дастовардҳои мо, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ҳаёти шоиставу осоиштаи мардум, пеш аз ҳама, ба пойдории сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вобаста мебошад.

Бинобар ин, боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки соли нави таҳсил дар диёри маҳбуби мо бо Дарси сулҳ оғоз меёбад.

         Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дур мондан аз таълиму тарбия, дар навбати худ, боиси коста шудани андешаи сулҳхоҳона ва талош ба хотири сулҳу осоиш мегардад. Дар навбати худ, ҳоло ҳам дурмонӣ аз таҳсил мушоҳида гардида, масъулини соҳа вазифадоранд, ки садди роҳи  он бошанд. Мардуми мо набояд ҳаводиси солҳои 90-уми асри гузашта – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оқибатҳои даҳшатноки онро фаромӯш созанд ва авзои имрӯзаи ҷомеаи башарӣ ҷавонони моро водор месозад, ки андешаи сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳуввияти миллӣ қабул карда, ба хотири таҳкими ҳарчи бештари ин неъмати бебаҳо саъю талош намоянд.

Дар кишвар раванди ислоҳоти соҳаи маориф бомаром идома дорад.

Дар ин муддат санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шуданд. Маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим сол ба сол афзоиш дода шуд, ки ин, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани шароити таҳсил, инфрасохтори соҳа ва вазъи иқтисодии омӯзгорон мусоидат карда истодааст.

Илова ба маблағҳои буҷетӣ ҳар сол ба соҳаи маориф аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд.

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд.

Ҳукумати мамлакат ба вазъи муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи хосса дорад. Зеро нахустин фаҳмишҳои кӯдакон дар бораи муҳит ва ашё маҳз дар ҳамин зинаи таҳсилот шакл мегиранд.

Дар баробари пешравиҳои муайян, дар ин соҳа ҳанӯз мушкилоти зиёд низ ҷой доранд, ки пеш аз ҳама, кам будани шумораи муассисаҳои томактабӣ ва кӯдакони ба таълиму тарбияи томактабӣ фарогирифташуда аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар назар бояд дошт, ки афзоиши босуръати аҳолӣ талаботи ҷомеаро ба таҳсилоти томактабӣ сол ба сол афзоиш дода истодааст.

Чунин ҳолат роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Вазорати маориф ва илм, инчунин, падару модаронро водор месозад, ки бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таъсиси шаклҳои алтернативии фарогирӣ ба зинаи томактабиро густариш бахшида, иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди маорифро дар хусуси то соли 2030 ба 50 фоиз расонидани фарогирӣ ба таҳсилоти томактабӣ таъмин намоянд ва дар оянда пурра таъмин намудани муассисаҳои томактабӣ бо кадрҳои соҳибихтисос тадбирҳои судманд андешанд.

Таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз зинаҳои муҳимми соҳаи маориф маҳсуб ёфта, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади беҳтар кардани шароити таълиму тарбия ҳазорҳо муассисаи таълимии замонавӣ бунёд карда шуд.

Дар баробари дастоварду пешравиҳо дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамчун таҳкурсии асосии таълиму тарбия ва омили рушди неруи инсонӣ ҳанӯз як қатор мушкилоту душвориҳои ҳалталаб вуҷуд доранд.

Такмилу бознигарии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сифати таълим, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, кабинетҳои фанниву озмоишгоҳҳо, саводнокии рақамӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ҳамчун санади муайянкунандаи мазмун ва сатҳи таҳсилот амал мекунад, вобаста ба пешрафту дигаргуниҳои ҷаҳони муосир ба таҷдиди ҷиддӣ ниёз дорад.

Таҳия ва қабули стандарти нави давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ба натиҷа, таълими шахсиятсоз ва пайвастагии мактаб бо ҳаёти воқеӣ такя мекунад, амри зарурист.

 

Шарипов Баҳром – сардори шуъбаи

Агентии назорат дар соҳаи маориф

ва илми назди Президенти Ҷумҳурии

 Тоҷикистон дар минтақаи Ҳисор

 

 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35