wrapper

Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

 

Хушбахтона, ифтихори бузург даст дод, ки дар чунин вохӯрии сатҳи баланд иштирок карда, аз андеша ва дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита баҳравар гардам.

Воқеан, баргузории чунин вохӯриҳо дигарбора аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маорифи мамлакат шаҳодат дода, зимнан, ишора ба он аст, ки дар шароити тағйирёбии босуръати авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар назди мо кормандони соҳаи маориф ва илм вазифа ва масъулиятҳои нав меистад.

Бояд гуфт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ин вохӯрӣ нахуст аз мақому манзалати омӯзгор дар назди давлату ҳукумат ва ватану миллат ёдовар гардида, чунин ибрози андеша намуд: «…Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст. Мо мақоми омӯзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад. Соли гузашта дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ман ба сохтору мақомоти марбута супориш дода будам, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳоло ин санади муҳим аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маъқул дониста шуда, ба баррасии парламенти кишвар ирсол гардидааст. Қабули ин қонун марҳалаи наверо дар фаъолияти омӯзгорон ва умуман, дар ҳаёти аҳли кишвар ифтитоҳ хоҳад бахшид.».

Таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат, ки ман дар сиёсати худ соҳаи маорифро дар ҷои аввал мегузорам бори дигар собит намуд, ки бо таҳия, пешниҳод ва қабули чунин Қонун, ки дар воқеъ метавонад ба болоравӣ ва нуфузу мақому мартабаи омӯзгорони муҳтарам таъсири амиқ бигзорад, собит мегардад, ки чуунин сиёсат сиёсати дурандешона ва маорифпарваронаи Президенти кишвар арзёбӣ мегардад.

Поянда бод Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

 

Баҳронзода Қудратуло Баҳрон – сардори шуъбаи

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35