Воҳимаи бузург аз бемории сабук
- Якшанбе, Июл 26 2020
- Агентӣ
Маълум аст, ки бемории коронавируси COVID-19 дар арсаи ҷаҳонӣ яке аз масъалаи муҳими баҳсу баррасӣ дар равобит ва ҳамкориҳои миёни кишварҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гардидааст. Маҳз ба ҳамин хотир таҳлилгарону коршиносон вазъияти имрўза ва ояндаи сайёраро ҳамчун тартиботи нави ҷаҳонӣ ва идоранамоии афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳогузорӣ менамоянд. Зеро хурўҷ ва бо суръати баланд паҳн шудани коронавируси COVID-19 бори дигар собит сохт, ки илми башарӣ ҳанўз ҳам дар бартараф кардани хатароту мушкилот оҷиз аст.
Яке аз сабабҳои аслии ин масъала дар он аст, ки дар тўли таърихи беш аз даҳҳазорсолаи башар танҳо 400 соли охир илм аз ҳар гуна бовару эътиқодот ва таассубу хурофот ҷудо гардида, барои пешбурди зиндагии башар ба амалия ва истеҳсолот пайваст. Бо вуҷуди ин, то нимаи дуюми асри пор бисёре аз усулҳои амалии илм ва истифодаи дастовардҳои илмӣ мамнуъ буданд ва ҳатто, то ба имрўз бисёре аз эътиқодмеҳварону бовармандони кашфиёту дастовардҳои илмиро нодида мегиранд.
Хушбахтона, бар хилофи ин ҷаҳонбиниҳои ғайриилмию фаҳмишҳои ғалат илм бо сураъати кайҳонӣ рушд намуда, ба дастоварду комёбиҳои комилан ҷадид дастёб мегардад ва мунтазам гиреҳҳои нокушодаро дар роҳи худ боз менамоянд. Албатта, дар дар шароити имрўза тадқиқотҳои илмӣ ковишҳоро дар соҳаҳои ҷудогонаи илм ва пажўҳишоти муштараки байнифанниро талаб менамоянд. Зеро масоили дар илми имрўза таҳлилу баррасишаванда дар мавзўъҳои илмии асрҳои қабл фарқият менамоянд. Аз ин рў, дар бартараф кардани мушкилоти мавҷуда ва кушодани асрори масъалае паҳлуҳои мухталифи он аз мавқеи илмҳои ба ҳам алоқманд мавриди омўзишу пажўҳиш қарор гирад.
Воқеан ҳам, яке аз мушкилоте, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифт ва барои баратаф карданаш инсониятро бори дигар ба рўй овардан ба илму дониш ва ваҳдату муттаҳидӣ равона сохт, ин бемории сироятии COVID-19 мебошад. Зеро бемории COVID-19, ки муддати хеле кўтоҳ ба тамоми гўшаю канори кураи арз доман паҳн кард, на танҳо кишварҳои аз нигоҳи иқтисодию ҳарбӣ заиф, балки абарқудратҳои ҷаҳониро низ фаро гирифт. Вируси COVID-19 ба кишваре, ки даъвои кадхудоии ҷаҳон дорад (ИМА), давлате, ки Ҳиндустонро беш аз ду садсола зери тасарруф нигоҳ медошт (Британияи Кабир), давлате, ки замоне Амрикои Ҷанубиро пурра ба мустамлика табдил дода буд (Испания), кишваре, ки Африқои Шимолию Марказиро зери юғи хеш гирифта буд (Фаронса), мамлакате, ки ду ҷанги ҷаҳониро ташкил кард ва даъвои ҷаҳонхоҳӣ дошт (Олмон), давлате, ки Осиёи Шарқӣ ва Уқёнуси Оромро пурра ба даст гирифта буд (Ҷопон) ва ғайра доман густурд. Аз як тараф, агар таърихи инсоният COVID-19 аввалин беморие бошад, ки бар асари он қисми аъзами сайёра қарантин эълон гардида бошад, агар тарафи дигар, далелҳои дақиқи илмӣ нишон медиҳанд, ки 85%-и мубталоёни он бидуни табобат сиҳат мешаванд ва ё тамоман аломат надоранд. Ҳамчунин, агар сухан дар бораи аз ҳисоби вирусҳои гуногуне, ки қаблан паҳн гардидаанд, равад, бо вуҷуд масоҳати хеле зиёдеро фаро гирифтан, ҳиссаи камтарин COVID-19 рост меояд. Аз ин рў, барои тасдиқ маълумотномаи ҷадвалеро, ки Маркази назорат ва профилактикаи бемориҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Донишгоҳи амрикоии Ҷон Хопкинс ва маҷаллаҳои «New England Journal of Medicine» ва «Malaysian Journal of Patholgy» дар бораи сол ва миқёси паҳншавии вирусҳо, гирифторию фавт аз ҳисоби онҳо тартиб додаанд, пешниҳод менамоем.
Муқоисаи коронавируси COVID-19 бо дигар эпидемияҳо
Вирус |
Сол |
Давлатҳо |
Гирифторон |
Фавтидагон |
Миқдори фавт |
Марбург |
1967 |
11 |
466 |
373 |
80% |
Эбола |
1976 |
9 |
33 577 |
13 562 |
40,4% |
Нипах |
1998 |
2 |
513 |
398 |
77,6% |
SARS |
2002 |
29 |
8 096 |
774 |
9,6% |
H5N1 |
2003 |
18 |
861 |
455 |
52,8% |
H1N1 |
2009 |
214 |
1 632 258 |
284 500 |
17,4% |
MERS |
2012 |
27 |
2 519 |
866 |
34,4% |
H7N9 |
2013 |
3 |
1 568 |
616 |
39,3% |
COVID-19 |
2020 |
230 |
11 505 482 |
535 641 |
4,6% |
Аз таҳлили рақамҳои дар ҷадвал нишондода бармало мегардад, ки дар муқоиса ба шумори умумии гирифторон миқдори камтарини фавт ба COVID-19 рост меояд. Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки қисми зиёди аз вируси COVID-19 фавтида, афроди калонсол, дақиқан ашхоси синнашон аз 60-70-сола боло мебошанд. Хушбахтона, ҳолатҳои фавт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба нишондодиҳандаҳои ҷаҳонӣ аз бемориҳои илтиҳоби шуш 0,2%, сил 10,2%, саратон қариб 37% ва вируси норасоии масунияти одам (ВМНО/ВИЧ) 17,4% кам мебошанд.
Мувофиқи маълумоти охирини оморӣ дар ҷаҳон ҳамасола ба ҳисоби миёна аз шамолхўрӣ қариб 70 000, аз табларза беш аз 140 000, дар натиҷаи худкушӣ зиёда аз 153 000, садамаҳои нақлиётӣ 193 000, аз ВМНО 240 000, аз майзадагӣ 358 000, аз сигоркашӣ 716 000 нафар вафот карда, инчунин, дар як сол аз бемории саратон 1 177 000, аз зукоми мавсимии А, B, С то 600 000 ва илтиҳоби шуш то 6 миллион нафар вафот мекунанд. Аз рўи омори созмонҳои тадқиқотии беҳдошту саломатӣ, соли 2014 беш аз 2,1 миллиард одам бо сабаби зиёдвазнӣ ба маризии гуногун гирифтор шуда, ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, тибқи пешгўиҳо, то соли 2030 беш аз нисфи аҳолии ҷаҳон аз сабаби зиёдвазнӣ ё фарбеҳии аз меъёр зиёд ба маризии диабет, фишорбаландӣ ва камҳаракатию афсурдагӣ мубтало мегарданд.
Ассотсиатсияи байналмилалии тандурустӣ бошад, иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаҳон беш аз 42 миллион нафар мубталои ВНМО буда, ин рақам ҳар рўз аз 14 то 15 000 зиёд мешавад ва инчунин, аксар гирифторони ВНМО ҷавонони синни то 30-сола мебошанд. Тибқи оморҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз миқдори умумии мубталоёни ВНМО зиёда аз 18 миллион нафар, яъне 43%-и гирифторонро занон ташкил медиҳанд. Бар замми ин, беш аз 2,7 миллиони сироятёфтагон занони сабукпо буда, дар минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ аз 8 ҳолати сироятёбӣ 1 нафараш ба ин тоифа рост меояд. Аз соли кашфи (1983) то ба имрўз бар асари ВНМО зиёда аз 39 миллион нафар фавтидааст. Ҳамчунин, давоми солҳои 1995-2020 аз ҳисоби алоим (синдром)-и пайдоиши норасоии масуният (АПНМ/СПИД), ки барангезандаи асосиаш ВНМО мебошад, 25 миллион кас ҷон бохтааст. Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВМНО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 то соли 2020 10 277 нафар мубталои ин беморӣ гардида, аз ин миқдор 2 450 нафарашон фавтида, аз 7 827 нафари сироятёфтагон 66,5%-ро мардон ва 35,5%-и дигарро бонувон ташкил медиҳанд.
Аз таҳлилу муқоисаи шумораи сироятёфтагону миқдори фавтидагон аз ҳисоби вирусҳои мухталиф тамоми ҷаҳон метавон мушоҳида кард, ки миқдори фавт аз COVID-19 0,002%-ро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба дигар бемориҳои дар шароити имрўза паҳншуда ҳолати хатарноктарину фоизи баландтарини фавт ба БПНМ/СПИД рост меояд Аз соли кашфи БПНМ/СПИД (соли 1981) то имрўз фоизи фавт аз ин беморӣ ба 0,57% мерасад. Ин адад дар эпидемия зукмои хук (H1N1), ки даҳ сол қабл сар зада буд, ба 0,003% баробар аст.
Агар ба таърихи эпидемияи бемориҳои сироятӣ назар намоем, аз ҳама хатарноктаринашон вабо дар солҳои 1347-1351 (бар асари он 41%-и аҳолии сайёра нобуд шуд) ва зукоми «испанка» дар соли 1918 (аз ҳисоби он 50 миллион нафар ҳалок гардиданд) будаанд. Соли 1330 пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии вабо дар Осиёи Марказӣ ва дар давоми 20 сол то соҳилҳои Атлантика расидани он, боис ба марги то 200 миллион нафар одамон гардид. Илова бар ин, олимон аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ танҳо дар асри ХХ талафоти инсониятро аз 50 то 100 миллион кас тахмин мезананд. Муқоисаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳолати аз COVID-19 фавтидани 210 миллион нафар одам, баъд миқдори фавти он ба фоизи марг аз ҳисоби зукоми «испанка» баробар шуда метавонад.
Аз ин ҷо бармало мешавад, ки аҳли башар аз оғози ҳаёт бо се ҳолати асосии нобасомонӣ: қаҳтию гуруснагӣ, маргу мири зиёд аз бемориҳои сироятӣ ва ҷанг ба ташвишҳо дучор гардида, то ҳол дар чунин вазъият ба сар мебарад. Дар ҳама вазъияту ҳолат роҳи ягона бурунрафт кор гирифтан аз хираду дониш ва илму маърифат маҳсуб мешавад. Ҳамин аст, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ соли 1979 ғалабаи башариятро бар муқобили бемории сироятии нағзаки сиёҳ (черная оспа) эълон кард. Дере нагузашта, солҳои 2002-2009 бемории илтиҳоби ғайримуқаррарии шуш, соли 2005 зукоми паранда, соли 2009 зукоми хук ва соли 2014 Эбола ҳамчун бемории сироятии хатарнок ба қайд гирифта шуданд, ки бо шарофати корбурди муассир аз донишҳои тиббӣ ва муборизаҳои ҳушмандона оқибатҳои ногувори онҳо бартараф гардид.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки коронавируси COVID-19 назар ба дигар бемориҳои сироятӣ камтарин таъсироти манфӣ ва хурдтарин миқдори фавтро соҳиб аст. Зеро тадқиқотҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки танҳо 10%-и сироятёфтагони COVID-19 нишонаҳои шадид пайдо карда, 5%-и онҳо бояд ба беморхона раванд. Яъне, 90%-и гирифторони ин беморӣ ниёз ба истифодаи маводҳои доругӣ надоранд.
Дар ин маврид қайд кардан зарур аст, ки бо вуҷуди ҳангомаҳои зиёд паҳн гардидану воҳиманок нишон додани бемории COVID-19 инсонияти ин навъи вирусҳоро ҳанўз аз солҳои 60-70-уми садсолаи гузашта кашф карда буд ва дар бораи онҳо маълумот дошт. Ҳамин аст, ки то кунун наздик ба 430 намуди коронавирусҳо маълум буда, ба инсон қобилияти сироят доштани 6 навъи онҳо ошкор карда шуда буд. Ҳарчанд омили ин беморӣ ношинохта набошад ҳам, вале мушкил ин аст, ки он манбаи ҳайвонӣ дошта, айни замон тағйир ёфтаасту ҷаҳиши генетикӣ кардааст ва дар натиҷа бемории нав эҷод намудааст. Ҳанўз дар даҳсолаи аввали асри XXI пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии SARS, H5N1, H1N1, MERS ва H7N9 ҳамагӣ аз ин навъи бемориҳоянд.
Тавре болотар ҳам ишора гардид, дар миёни бемориҳои сироятии зикргардида коронавируси COVID-19 пайомадҳои хатарбори хеле сабук дорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки хатари сакуб ва таъсири кам пиндошта, қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя накард ва тавсияи оид ба пешгирии ин бемориро сарфи назар намуд. Чунки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки мардум ҳарчи бо ҳам наздик бошанд COVID-19 ҳамон қадар зуд паҳн мешавад. Аз ин рў, худи мардум ҳам бояд дар мубориза ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории мазкур кумак кунанд ва барои ин, бояд ҳамкории зич миёни мардум ва идораҳои давлатӣ ба роҳ монда шавад.
Бо вуҷуди ин ҳама далелҳои мушаххаси илмӣ қисми зиёди одамон ба таҳлука афтода, ба ҷойи риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ аз пайи ҳар гуна овозаҳои беасос рафта, аз тарсу ҳароси зиёд организми худро ҳам рўҳан ва ҳам ҷисман барои қабули бемории COVID-19 омода месозанд. Масалан, тибқи маълумотҳои ибтидои моҳи майи соли 2020 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА танҳо зиёда аз 170 000 нафар бо сабаби риоя накардани гигиенаи шахсӣ бемор шудаанд. Бинобар ин, дар вазъияти кунунӣ ҳар як нафарро зарур аст, ки сараввал ба омори расмӣ ва баъдан, оид ба ин беморӣ ба ҳарфи мутахассис диққат диҳанд ва дар навбати сеюм, на дар тарсу ташвиш бошанд, балки қоидаҳои гигиенаи шахсиро қатъиян риоя намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳанўз қабул аз расман ба қайд гирифтани ин беморӣ, яъне 18 марти соли 2020 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории короновирус COVID-19 таъсис дода шуд. Илова бар ин, тавассути бастани марзҳо, манъи парвозхои байналмилалӣ ва карантин намудани мусофирони аз берун воридшаванда Тоҷикистон тавонист, ки муддате пеши роҳи паҳншавии босуръати онро нигоҳ дорад. Аз ин рў, бемории COVID-19 дар кишвари мо вақте ба қайд гирифта шуд, ки аллакай шиддати паҳншавии он дар аксар давлатҳои ҷаҳон рў ба таназзул ниҳода буд.
Ба вуҷуд ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имконият ва захираҳои мавҷуд истифода намуда, тадбирҳои пешгирии паҳншавии вирусро пурзўр менамояд. Масалан, бо супориши Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони ҷумҳурӣ ва нафароне, ки ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд, ба вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корвонҳои кумаки моддии Пешвои муаззами миллат фиристода шуд. Ҳамчунин, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар беморхонаҳои муваққатии шаҳри Душанбе барои қабули гирифторони COVID-19 зиёда аз 3 200 ҷойи эҳтиётӣ муҳайё карда шуд.
Бидуни муболиға метавон гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми захираю имконот ба масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ диққати махсус зоҳир менамояд. Масалан, дар доираи нақшаи корҳои созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ танҳо тайи солҳои 2018-2019 ва чормоҳаи аввали соли 2020 253 муассисаи нави тандурустӣ бунёд ва 466 муассиса таъмир гардиданд, ки ин ҳама ба самти таъмини ҳифзи солимии аҳолӣ нигаронида шудаанд. Бинобар ин, дар татбиқи сиёсати давлат дар самти ҳифзи саломатии мардум ва ҳамзамон, пешгирии паҳншавии вируси COVID-19 ҳар як фарди ҷомеаи моро зарур аст, ки дар баробари рўй овардан ба илму дониш, меҳнати фикрӣ ва тафаккури эҷодӣ, инчунин, қоидаҳои гигиеани шахсиро риоя намояд. Зеро ҳар як фард узви оилае буда, ҷамъият аз миқдори муайяни оилаҳо иборат аст. Ҳифзи саломатии шахсии инсон ҳам ҳифзи солимии оила ва ҳам эмин нигоҳ доштани ҷомеа аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ маҳсуб меёбад, чунки ба таъбири Саъдии бузургвор:
Чу узве ба дард оварад рўзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Номвар ҚУРБОН,
рўзноманигор
Бознашр аз маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон", №6, соли 2020
Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ МОСТ»
- ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
- ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- САРФАРОЗГАРДОНИИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ
- Ҷамъбастӣ фаъолияти кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2024