wrapper

  20-уми июни соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Пайрав”-и Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ҳомидзода Насимҷон-намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Наботов Шукрулло–муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Турсунова Маъмурхон-намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Содиқзода Хурсанд-муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии мазкур маҷлиси ҳисоботии ҳизбӣ оид ба ҷамбасти фаъолияти ташкилот дар соли 2023 баргузор шуд.

  Тибқи рӯзномаи маҷлис нахуст ҳисоботи ташкилоти ибтидоии «Пайрав» вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи соли 2023 шунида шуд. Дар рафти маҷлис муовини якуми директори агентӣ зимни суханронии худ зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аъзои ҳизб дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, таҳкими сиёсати ватандӯстӣ ва инсондӯстонаи Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, хештаншиносӣ ва якпорчагии сарзамини маҳбубамон саҳми худро гузоштанд. Инчунин, дар идома масоили дохилиҳизбӣ, аз ҷумла, танзими ҳаракати аъзои ҳизб, корбарию коргузорӣ, тасдиқи нақшаи корӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ ва амсоли ин мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, кордонию малакаи касбии кормандон, рафти иҷрои босифати раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ аъзоён ва кормандони Агентӣ вазифадор карда шуданд.

  Дар фарҷоми ҳисобот вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид. Ҳамзамон, Ҳомидзода Насимҷон-намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе роҷеъ ба тарғиб ва таҳким бахшидани идеологияи миллӣ дар ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона ва идеологияи тахрибкорона, падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи амнияту субботи сартосарӣ дар кишвар ва якпорчагии сарзамин ва баланд бардоштани иродаи сиёсии шаҳрвандон баромад намуд.

  Сипас, ба як қатор кормандони ҷавони агентӣ билетҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35