wrapper

  Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд - СМР-2030) дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст. Ҳуҷҷати мазкур бо дарназардошти тағйироти солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд, бахусус таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонии солҳои 2007-2009 ба иқтисодиёти кишвар тартиб дода шудааст.

  СМР-2030 инчунин, уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устуворро (ҲРУ), ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат мегирад. Диққати асосӣ дар ҲРУ ба консепсияи рушди устувори инсон равона шудааст. Бинобар ин, пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолот ва истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ, вазифаҳои асосӣ ва шартҳои ҳаётан муҳими рушди устувори инсон маҳсуб меёбанд. Машваратҳои миллӣ аз рӯи рӯзномаи ҲРУ имкон доданд афзалиятҳои асосии рушди кишвар баъди соли 2015, ки ба татбиқи онҳо идеологияи иқтисодӣ, принсипҳои заминавӣ ва маҷмӯи тадбирҳои дар СМР-2030 инъикосёфта равона шудаанд, муайян карда шаванд. Ба чунин афзалиятҳо: (1) маориф; (2) тандурустӣ; (3) шуғл; (4) нобаробарӣ; (5) мубориза бар зидди коррупсия; (6) таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо; (7) идоракунии самаранок; (8) ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; (9) пешгирии низои эҳтимолӣ; (10) амнияти энергетикӣ, экология ва идоракунии равандҳои демографӣ шомиланд.

  СМР-2030 дар назар дорад, ки барои амалисозии чунин афзалиятҳо ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъулияти мақомоти идоракунии давлатӣ, бизнес ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд нақши муҳим дошта бошанд. Фаъолияти ниҳодҳои мазкур дар низоми миллии баҳодиҳӣ ва ояндабинии рушд, муайянсозии вазифаҳои кутоҳмуҳлат ва дарозмуҳлат ва мутаносибан нақшаҳои татбиқи онҳо асос меёбад. Бинобар ин, дар СМР-2030 масъалаҳои тақвияти рушди институтсионалӣ дар самти таъмини самаранок, шаффоф ва назорати идоракунӣ ва молиявии зиддикоррупсионӣ дар асоси ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ дар ҳамаи сатҳи идоракунии давлатӣ, дар маҷмӯъ бунёди модели идоракунии технократӣ ва меритократӣ (шоистасолорӣ) дар кишвар дар мадди аввал гузошта шудаанд. Барои тақвият додани нақши ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъулияти иҷтимоии бизнес дар раванди назорат ва рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ 6 тадбирҳо оид ба коҳиш додани фишори маъмурӣ ба фаъолияти хоҷагидорӣ, кам кардани ҷузъи коррупсионӣ, аз ҷумла дар асоси рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ баррасӣ мегарданд. Ҳамзамон, дар шароити ба қадри кофӣ рушднаёфтаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бизнес, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳамоҳангсозӣ ва бар дӯш гирифтани масъулият ҷиҳати таъмини рушди индустриалӣ ва инноватсионии иқтисодиёти миллӣ барои диверсификатсияи васеъ ва рақобатнокии он нақши пешбарандаро хоҳанд бозид.

  Барои муфассалтар хондан боргирӣ намоед. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Leave a comment

About Agency

The Republic of Tajikistan, Dushanbe city, Aini avenue 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tel: 225-85-35
Fax: 225-85-35