wrapper

ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
Истиқлолият дастоварди беназирест, ки ҳар халқу миллат барои ба даст овардани он аз роҳҳои муносиб, мубориза бурдан, ва садоқат ба халқу миллату ватансозӣ истифода карда, шаҳрвандони он барои устувор пойдор мондани ин неъмати бузург талош меварзанд. Нуктаи муҳим дар мубориза барои озодихоҳӣ ин доштани роҳбари хирадманд аст, ки миллатро муттаҳид сохта, сарҷамъиро пойдор мегардонад. Тавассути роҳнамоӣ ва дастури оқилонаи маҳз чунин пешвои соҳибмаърифат халқу миллат дар таърих арзи вуҷуд намуда, дар рушди тамаддун нақши худро боқӣ мегузорад.
Дар ин радиф, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Барои пойдории ин неъмат ва таъмини фазои сулҳу субот дар кишвар ҷонбозиву роҳнамоиҳои Сарвари хирадманд – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст, ки мо 33 сол инҷониб аз меваҳои шаҳдбори Истиқлолият мечашему аз дастовардҳои он меболем.
Аз ҷумлаи онҳое, ки барои пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва тарбияи насли созандаи даврон саҳми беназир доранд, маҳз омӯзгорон - равшангарони роҳи фардо ва насли ояндаи башарият мебошанд. Ин аст, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи давлату ҳукумат, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиядиҳандагони оянда амиқу бузург буда, ҳамасола Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ маҳз бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, ки нишонаи олии қадршиносӣ аст.
Дарси сулҳу Рӯзи дониш ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷумлаи чорабиниҳоеанд, ки дорои мазмун ва аҳаммияти муҳиму арзанда мебошанд. Дар ин асно, ҳамчун анъанаи хубу хирадмандона, ҳамасола 1-уми сентябр дар яке аз муассисаҳои таълимии кишвар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ баргузор мегардад. Бо омадани ин санаи муборак Президенти муҳтарами мамлакат оғози соли нави таҳсилро ба тамоми сокинони Ватани азизамон табрику таҳният гуфта, дар оғози соли нави таҳсил пурарзиш будани неъмати сулҳро бори дигар ба ҳамаи сокинони кишвар хотиррасон менамоянд.
Дар замоне, ки бархӯрди тамаддунҳо дар дунё босуръат авҷ мегираду низоъҳои дохилӣ кишварҳоро ба коми ҷангу ҷидолҳо фурӯ мебарад, неъмати сулҳу Истиқлол дигарбора барои мардуми осоишта азиз мешавад, зеро дар дунё, ҳеҷ неъмате беҳтар аз ваҳдату озодӣ ва Истиқлолу осоиштагӣ нест.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҷлили Рӯзи дониш дар соли соли 2021 барҳақ гуфта буданд, ки “Мо – мардуми тоҷик, ба қадри сулҳу оромӣ ва зиндагии осоишта мерасем, онро неъмати бузург медонем, зеро мардуми Тоҷикистон ҳаёти осударо бо баҳои ниҳоят гарон ба даст овардаанд”.
Дар ин росто Президенти кишвар таъкид карданд, ки зарур аст фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандони худ омӯзонем ва онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем. Фалсафа ва моҳияти Дарси сулҳ ҳам, ки бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола доир шуда, дар он вазъи соҳаи маориф баррасӣ мешавад, маҳз дар ҳамин аст.
Дар воқеъ, Дарси сулҳ насли наврасу ҷавонро ба илмомӯзӣ, дӯст доштани зиндагӣ, эҳтироми якдигар ва тарғиби сулҳу суббот даъват менамояд. Дар ҳар як Дарси сулҳ Президенти мамлакат аз дастоварду пешравиҳо, натиҷаҳои ислоҳоту навсозӣ, татбиқи консепсияву барномаҳои давлатӣ, сатҳи донишу малакаи донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳа, мушкилоти дар низоми иҷтимоии аҳолӣ мавҷуда ва бурду бохти соҳаи илму маориф ҳамчун самти ояндасози давлат ва ҳалли масъалаҳои соҳа ёдовар шуда, насли ҷавонро ба илмомӯзӣ ва омӯзгоронро ба тарбияи дурусти насли ҷавону наврас ҳидоят менамоянд.
Таваҷҷуҳ ба сулҳу оромӣ дар оғози соли нави таҳсил аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат, ҳар яки моро водор месозад, ки доир ба моҳияти сулҳ, аҳаммияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар шароити мураккабу зудтағйирёбандаи ҷаҳон бори дигар андеша кунем, зеро масъалаи сулҳ дар ҳамаи давру замонҳо, бахусус, дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳони имрӯз аз ҷумлаи масоили ниҳоят муҳим буда, ҳифзи он шарти асосии пойдории ҳар як давлат ва дар маҷмӯъ, амнияту осудагии ҷомеаи башарӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, Рӯзи дониш дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли ҳамчун санаи бузургдошти маърифату дониш истиқбол гирифта мешавад, чунки дар ҷаҳони муосир илму дониш ба сифати яке аз сарчашмаҳои пешрафти ҷомеа аҳамияти торафт афзоянда пайдо карда истодааст. Аз ин рӯ, ҳаёт ва пешрафти ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳар як инсон бояд соҳиби маърифат ва касбу ҳунар бошад ва ин амр танҳо бо роҳи фарогирии дониш ва омӯзиши пайваста муяссар мегардад.
Илму дониш барои халқи тоҷик аз қадим мақоми хос дошт ва мардуми бофазлу ҳунари тоҷик ба ин манбаи маърифат ҳамеша арҷ мегузоштанд. Ҳар яки мо низ бояд суннатҳои неки гузаштагонамонро эҳтиром намоем, аз усулҳои муосири таълиму тарбия истифода кунем, доираи донишу маърифат ва камолоти маънавии насли навраси кишварамонро тавсеа бахшем, дар зеҳни онҳо эҳтиром гузоштан ба муқаддасот ва рукнҳои давлатдориро ҷой диҳем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонем.
Нуриддин НАМОЗОВ,
Корманди Агнетии назорат дар соҳаи маориф
ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35